Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзноманигорони маҳаллӣ мегӯянд, ки мақомоти милисаи Кӯлоб, Нозироти андоз ва додситонӣ дигар дар бораи кору фаъолияти худ ба онҳо иттилоъ намедиҳад.

Тайи як соли ахир шӯъбаҳои корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб, Нозироти андоз ва додситони минтақавӣ аз додани ҳамагуна иттилоъ ба хабарнигорон, худдорӣ мекунанд.

"Ба рӯзномаҳои хусуcӣ иттило намедиҳем"

Муҳаммади Мусавӣ, хабарнигорӣ ҳафтаномаи "Пайк" рӯзи 8 апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ ҳудуди ҳафт маротиба ба сардори Нозироти андози шаҳри Кӯлоб муроҷиат кард, то бифаҳмад, ки корхонаҳои саноатӣ дар Кӯлоб чӣ миқдор қарздоранд. Ҷаноби Мусавӣ афзуд, ки аммо сардори ин ниҳод, дар ҷавоб ба суоли хабарнигор гуфтааст, ки ба хабарнигорони рӯзномаҳои хусуcӣ сӯҳбат карда наметавонад. Ӯ мегӯяд, ки ҳарчанд пофишорӣ кард, то иттилоъ бигирад, аммо ба ӯ муяссар нашуд.

"Чанд маротиб мо ба назди сардори Нозироти андоз Орифзода Зоир рафта, аз ӯ хостем, ки дар хусусӣ корхонаҳои бузурги саноатӣ, ки аз андоз қарздор мебошанд ва ҳоло фаъолият намекунанд, маълуомот гирем, аммо дар ҷавоб ба мо гуфт, ки мо бо рӯзномаҳои хусусӣ иттилоъ дода наметавонем. Мо аз ӯ сабаб пурсидем, танҳо дар ҷавоб ба мо гуфт, додани иттилоъро қонуни андоз манъ кардааст",--гуфт мусоҳиби мо.

Чаро мансабдорон рӯзномаҳоро ба ду шоха ҷудо карданд?

Ҳоло тайи як соли ахир бештар мушоҳида мешавад, ки сардорони корхонаву идораҳои муҳими давлатӣ аз додани иттилоъ ба хабарнигорони расонаҳои мустақил худдорӣ мекунанд ва намехоҳанд ба рӯзноманигорон чизе бигӯяд.

Зоир Орифзода, сардори Нозироти андозӣ шаҳри Кӯлоб 8 апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки идораи ӯ танҳо иттилоъро ба расонаҳои давлатӣ медиҳад. Ҷаноби Орифзода гуфт, ки ҳастанд, баъзе хабарнигороне, ки худро муаррифӣ намекунанд ва баъдан ба онҳо иҷоза нест, ки ба хабарнигорони мустақил иттилоъ диҳанд. Ӯ мегӯяд, хабарнигорони рӯзномаҳои мустақил ба онҳо саволҳое медиҳанд, ки мувофиқи кодекси андоз ба онҳо иҷозат нест, иттилоъро пешкаш кунанд.

"Баъзе аз хабарнигороне, ҳаст, ки омада худро муаррифӣ намекунанд, ва танҳо мегӯянд, ки мо аз фалон рӯзнома, аммо ҳуҷҷат надоранд. Дар баробари ин, боз саволҳое медиҳанд, ки тибқи қонуни андоз иҷозат нест мо иттилоъро диҳем, аз ин рӯ, мо ба хабарнигорони рӯзномаҳои мустақил ҳамкорӣ намекунем ва иттилоъ низ дода намешавад", --мегӯяд Зоир Орифзода.

Чаро милиса ва додситонӣ аз шарҳи мавзуъ худдорӣ мекунад?

Ин барои аввалин бор нест, ки хабарнигорони рӯзномаҳои мустақил дар минтақаи Кӯлоб аз дастрасӣ надоштан ба иттилои дақиқ аз милиса, додситон ва нозироти андоз, шикоят мекунанд.

Билоли Шамс, хабарнигори ҳафтаномаи "Азия плюс" дар минтақа мегӯяд, чандин маротиб ба назди сардори шӯъбаи умури дохилаи Кӯлоб барои гирифтани иттилоъ рафт, аммо сардори ин ниҳод аз додани иттилоъ худдорӣ кард. Ҷаноби Шамс афзуд, ки то замони омадани Субҳон Мирализода, гирифтани иттилоъ аз пулис мушкилӣ надошт, аммо бо омаданаш қонунҳои худро ҷорӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, ки ҳатто додситони минтақавӣ аз нишасти матбуотӣ, ки фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст, даст кашид.

Зимнан, дар як соли ахир гирифтани иттилои дақиқ дар минтақаи Кӯлоб бо тадриҷ поин рафтааст ва сардорони милиса, додситони минтақавӣ ва нозироти андоз намехоҳанд, аз шарҳи бештари ҳодисаҳо ба хабарнигорон мустақил иттилоъ бидиҳанд. Субҳон Мирализода, сардори шӯъбаи умури дохила Кӯлоб дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки ҳар он чизе ҳаст, хабарнигорон метавонанд тариқи маркази матбуотӣ ба суолҳои худ ҷавоб бигиранд.

Мизи рӯзномаҳои фурӯширо аз назди бозор "Саховат" кӣ мебарад?

Маҳдудсозии иттилоот дар ҳоле аз сӯи бархе масъулони минтақавӣ ба хабарнигорон дар Кӯлоб сурат мегирад, ки сокинон низ аз дарёфт кардани рӯзномаҳо танқисӣ мекашанд.

Майдагул Раҳмонова, ягона зани рӯзномафурӯш дар Кӯлоб дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, рӯзе нест, ки дар мавриди мизи кориаш бо кормандони пулис даст ба гиребон нашавад. Хонум Раҳимова, мегӯяд, ки ӯ бештар рӯзномаҳои хусусӣ ва сиёсиро савдо мекунад, аммо ҳар ҳафта як ё ду маротиба мизаш аз сӯи кормандони пулис ба шӯъба умури дохила бурда мешавад. Ӯ мегӯяд, чандин маротиб ҳангоми бурданаш ба шӯъбаи умури дохила, харидорони рӯзнома дар ҷустӯи ӯ шудаанд.

Робия Ҳалолова, як муштарии рӯзномаҳо ба Озодӣ гуфт, ки ӯ ҳар ҳафта рӯзномаҳои навро харидорӣ мекунад, аммо рӯзе мешавад, ки фурӯшандаи рӯзномаҳоро меҷӯяд. Хонум Ҳилолова афзуд, ки баъдан огоҳ шудааст, ки бештари вақт аз сӯи милиса рӯзномаҳо бурда мешаванд. Ӯ мегӯяд, ки милиса бояд донад, ин ягона нуқта рӯзномафурӯшӣ аст, ки мардумро бо рӯзнома таъмин мекунад.

Аммо кормандони шуъбаи умури дохилаи Кӯлоб бурдани мизи хонуми рӯзномафурӯшро рад карданд. Субҳон Мирализода, сардори шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Кӯлоб рӯзи 7 апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони ин ниҳод танҳо барои ҷорӣ кардани тартибу низом дар назди бозор "Саховат" муваззаф шудаанд, на барои халал ворид кардани ба фаъолияти касе. Ҷаноби Мирализода афзуд, ки агар касе ба ин иштибоҳ роҳ дода бошад, онро ислоҳ хоҳанд кард

"Барои ҳафтаномаи Азия плюс то Душанбе муроҷиат шудем"

Коршиносон мегӯяд, ки бояд дар ҳар гӯшаву канори пойтахти Фарҳангии Иттиҳоди давлатҳои мустақил мавқеъҳои рӯзномафурӯшӣ аз сӯи шаҳрдорӣ ташкил шавад, то мардум барои ёфтани рӯзномаҳо саргардон нашаванд.

Бахтиёр Сафарзода, сардабири ҳафтаномаи "Анвори Дониш" дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, замоне, ки меҳмонони хориҷӣ дар шаҳр қарор доштанд, барои пайдо кардани як рӯзномаи "Азия плюс" то Душанбе муроҷиат карданд. Чаноби Сафарзода афзуд, ки дар кишварҳои дигар дар назди истгоҳу бозорҳо нуқтаҳои рӯзномафурӯшӣ ҷойгир аст ва касе ба онҳо коре надорад. Ӯ мегӯяд, ки бояд дар Кӯлоб низ чунин шева ҷорӣ карда шавад.

Маҳдудсозии иттилоъ дар Кӯлоб дар ҳоле рух медиҳад, ки дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон муносибати сарди сардорони ниҳодҳои интизомӣ ба хабарнигор ва рӯзномафурӯшон дида намешавад ва онҳо тарғиботеро тариқи Васоити ахбори омма ба роҳ мондаанд, то сокинон бо мақомоти интизомӣ дар мубориза бо ҷурму ҷинояткорӣ ҳамкорӣ кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG