Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ихроҷи рекордии муҳоҷирон, афзоиши бегонабадбинӣ дар миёни мардуми Русия, интиқоли ҷасадҳо ба Тоҷикистон ва афзоиши талоқ дар соли 2013, мушкили умда дар пешорӯи муҳоҷирин ва хонаводаҳои онҳо буд.

Бо вуҷуди ин чаҳор, боз мушкилоти дигаре ҳам буданд, ки муҳоҷирон ва хонаводаҳои онҳоро дунбол кардааст.

Афзоиши депорти муҳоҷирони кории тоҷик аз хоки Русия

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, соли 2013 беш аз 2 ҳазору 630 шаҳрванди Тоҷикистон бо сабабҳои гуногун аз қаламрави Русия ихроҷ ва ё депорт шудаанд, ки нишондоди рекордӣ арзёбӣ мешавад. Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, гуфт: «Ин нафарон бинобар вайрон кардани қоидаҳои будубош аз Русия ихроҷ шудаанд. Аз шумораи ихроҷшудагон - 2 ҳазору 462 нафар мард ва 169 занҳо мебошанд».
Инҳо ихроҷи муҳоҷирони тоҷикро талаб мекунанд.

Инҳо ихроҷи муҳоҷирони тоҷикро талаб мекунанд.

Аммо коршиносони умури муҳоҷират мегӯянд, ин теъдод метавонад ба маротиб бештар бошад. Мақомот мегӯянд, муҳоҷирони тоҷик бинобар риоя накардаи шартҳои буду бош аз Русия ихроҷ шуданд. Вале муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, эҳсоси муҳоҷирбадбинӣ дар ин кишвар дар соли 2013 хеле боло рафт ва муҳоҷирони корӣ ба қартаи бозии сиёсатмадорон табдил шуданд. Сиёсатмадорон ба хотири дарёфти тарафдори бештар байни бегонаситезон, муҳоҷиронро таъқиб ва депорт мекарданд.

Муҳоҷирони кории тоҷик, ки аз Русия ба ватан баргаштаанд, дар баробари киссаҳои тиҳӣ, ҳамчунин қиссаҳои талхеро бо худ оварданд. Валиҷон Каримов 9 моҳ пеш ба шаҳри Краснодари Русия рафт, то пулеро ба даст биёрад ва ба хонаводаи худ кӯмак кунад. Аммо ӯ ахиран дар қатори гурӯҳе аз муҳоҷирони корӣ ба ватан баргашт: «Вақте, ки Егор Шербаков ном сокини маҳаллӣ аз дасти як озарӣ кушта шуд, онҳо бо шиорҳои зидди муҳоҷирон даст ба тазоҳурот заданд, ки ба хушунат печид».

Онҳое, ки аз Русия депорт шудаанд, аз хушшонсҳо буданд, зеро метавонистанд ё кушта шаванд ва ё маъюб. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар тӯли шаш моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 460 тобути муҳоҷирони кори тоҷик аз Русия ба ватан оварда шудааст. Ин дар ҳолест, ки онҳо таъминкунандаи аслии хонаводаҳои худ буданд. Бо ин вуҷуд аксари волидони муҳоҷирони кушташуда мегӯянд, ягон шикояте надоранд ва қатли фарзандони худро дар Русия амри тақдир медонанд.

Шодимурод Сангинбоев, падари яке аз ду муҳоҷири кушташуда, Абдуманнон Сангинбоев дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" гуфт, ҳарчанд аз марги нобаҳангоми ҷигарбандаш ранҷ мекашад, вале намехоҳад ба ҷое шикоят барад. Вай гуфт: «Ман ба куҷо ҳам даъво мекунам. Ба мо гуфтанд, ки қотилон боздошт шуданд ва бояд тибқи қонунҳои Русия ҷазо бинанд. Аммо ин ҳам аниқ нест, ки оё онҳо боздошт шуданд ё не».

Ӯ мегӯяд, Абдуманнон Сангинбоев фарзанди дуввуми хонадон буд ва ҳамсару ду духтарча дошт ва нафаре буд, ки тамоми таъмини рӯзгорро бар ӯҳда гирифта буд. Солона ҳудуди 1000 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ё аз баландии сохтмонҳо зарозер мешаванд, ё аз дасти миллатгароҳо ба қатл мерасанд ва ё бар асари беморӣ меиранд. Аксари кушташудаҳо ҷавон ҳастанд.

Афзоиши талоқ ва раванди муҳоҷират

Омили дигар, ки бар асари муҳоҷирати корӣ ба оилаҳои тоҷик таъсир гузоштааст, ин афзоиши талоқ ва пош хӯрдани оилаҳои ҷавон аст. Хонаводаҳои муҳоҷирон пас аз сафари саробони оилаҳо ба муҳоҷират тамоми ғурбатро бо ҳама маҳрумиятҳову мушкилиҳояш таҳаммул мекунанд. Занони ҷавони онҳо дар зодгоҳ ба ҷои шавҳарон бори рӯзгорро бо ҳама сангиниҳояш бар дӯш мегиранд. Аммо дар баъзе маворид муҳоҷир ба ватан барнамегардад ва арӯси ҷавону ва падару модари пири худро рӯ ба раҳми худо мегузорад.

Соли равон барои аввалин бор гурӯҳе аз занони муҳоҷири тоҷик аз Хадамоти муҳоҷирати кишвар дархост карданд, ки шавҳару бародар ва писарони беинсофи онҳоро иҷборан аз Русия баргардонад. Тибқи иттиллои расмии мақомоти Тоҷикистон, дар соли 2013 беш аз 6000 хонаводаҳои тоҷик баъди ду се моҳи зиндагӣ аз ҳам пошидаанд. Гуфта мешавад, ки муҳоҷирати корӣ низ ба афзудани шумораи талоқфҳо бетаъсири намондааст.

Марҷона Каримова 25 сол дорад. Ӯ баъди якуним соли зиндагӣ бо як фарзанд аз шавҳараш ҷудо шуд ва ба хонаи падар баргашт. Марҷона мегӯяд, ки баъди рафтани шавҳараш модар ва хоҳаршӯ пайваста бо ӯ муноқиша мекарданд ва ба ҳамсараш хабарҳои дурӯғ медонанд. Билохира рӯзе шавҳараш ӯро аз тариқи телефон талоқ дод.

Мисоли рӯшани қиссаи муҳоҷири корӣ Саид Шарифов аст, ки аз тариқи телевизион пахш шуд. Ин мард дар Русия бо зани дигар издивоҷ кард ва ба онҳо гуфт, ки ҳеҷ гоҳ зан надоштаст. Ин қисса дар барномаи “Пуст говорят”-и шабакаи телевизионии Русия пахш шуд ва назари русҳоро дар баробари муҳоҷирони тоҷик боз ҳам бадтар кард.

Бо вуҷуди ҳушдори рӯҳониён, бархе аз муҳоҷирон боз ҳам ҳамсарҳои худро аз тариқи СМС талоқ доданд ва фарзандони худро бепадар гузоштанд. Шоираи Алишер 12-сола аст. Шоира се сол боз орзуи дидани дидори падар дорад. Ӯ мегӯяд, мехоҳад мисли ҳамсолони худ Соли навро ҳамроҳ бо падару модараш таҷлил кунад, аммо мутаассифона ин кор барои ӯ дастнорас аст. «Ман мехоҳам падарам ояд, ҳамроҳ соли нав кунам. Модарам баъди рафтани падарам ба Русия маро бо бибиям танҳо гузошт. Ман онҳоро ёд мекунам».

Рӯйхати 1000 гумшудаи тоҷик дар «Жди Меня»

Бо афзоиши муҳоҷирати корӣ ба Русия, шумори афроди беномунишоншуда ҳам афзоиш меёбад. Дар ҳоли ҳозир беш аз 1000 шаҳрванди тоҷик дар рӯйхати афроди ломакон ворид шудаанд. Баҳринисо Абдураҳмонова, хабарнигори барномаи «Жди меня»-и Шабакаи авали телевизиони Русия ва роҳбари созмони ҷамъиятии «Диёр» дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, аксаран баъди ҷустуҷӯ ошкор мешавад, ки муҳоҷирони бенишони тоҷик дар ғарибӣ вазъи нигаронкунанда ва рӯзгори сангин доранд.

Баҳринисо Абдураҳмонова

Баҳринисо Абдураҳмонова

Мавлуда Кенҷаева, сокини 55-солаи шаҳри Душанбе модари як муҳоҷир аст ва Алишер Бердиев - писари бедаракшудаи худро мекобад. Ин модари чашм ба роҳи фарзанд мегӯяд, писараш соли 2010 ба Русия барои муҳоҷират рафтаву то ҳол аз ӯ хабаре нест. Маротибаи охир ӯ рузи 31-уми декабри соли 2010 бо писараш тавассути телефон сӯҳбат кард ва бо ҳамин дигар садои писарашро нашунид. Модари Алишер Бердиев ҳамчунин бим дорад, ки писари ӯ тӯъмаи гурӯҳҳои қочоқбару ҷинояткор гардида, ба дасти афроде афтодааст, ки дигар наметавонад ҳатто ба онҳо тамос гирад.

Аммо бо ин ҳама мушкилиҳо, муҳоҷирини кории тоҷик аз Русия даст бар намедоранд ва аксарият бо гузашти фасли аксаран тӯшаи роҳ омода мекунанд ва озими сафар ба Русия мешаванд. Рӯзгори аксари хонаводаҳои тоҷик асосан аз пули муҳоҷирони корӣ аст, ки теъдоди онҳо танҳо дар Русия беш аз миллион гуфта мешавад. Муҳоҷирони корӣ дар сол беш аз 3 миллиард долларо ба Тоҷикистон ворид мекунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG