Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин тамоси муcтақими Маскав ва Киев пас аз буҳрони Қрим


Аз замони оғози бӯҳрон дар Қрим, Русия ва Украина барои нахустин бор тамоси дипломатӣ барқарор карданд.

Вазорати умури хориҷии Русия мегӯяд, барои аввалин бор пас аз таҳаввулоти як ахир дар Украина, миёни ду кишвар музокироти мустақим анҷом шудааст. Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, ки Григорий Карасин, муовини вазири умури хориҷии он кишвар бо Владимир Елченко, сафири Украина дар Маскав мулоқот кардааст.

Дар баёнияи вазорати умури хориҷии Русия омадааст, ки мулоқоти муовини вазорати умури хориҷии он кишвар бо сафири Украина дар Маскав дидоре "муҳтарамона" буда ва дар фазои дӯстона сурат гирифтааст ва ҷонибҳо бораи равобити ду кишвар ба ба таври рӯшан ва ошкор гуфтугӯ кардаанд. Вазоати умури хориҷии Русия дар бораи ҷузиёти мулоқоти ин ду мақом чизе нагуфтааст.

Русия ва Украина дар ҳоле бо ҳам тамос барқарор карданд, ки Ғарб дар мавриди гомҳои номушаххас алайҳи Маскав ҳушдор дод.


Баррозу: "Имзои созиш бо Украина қарз пеши қурбониён аст"

Жозе Мануэл Баррозу, раиси Комиссиюни Аврупо, гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифтааст “ба таври оҷил” бахши сиёсии Созиши ҳамгироӣ бо Украинаро имзо кунад.

Дар нишасти сарони шаҳру вилоятҳои Аврупо дар Афина, рӯзи шанбе, 8 март, Жозе Мануэл Баррозу изҳор намуд, "имзои ин созиш ӯҳдадорӣ ва қарз пеши Украина аст, ки барои арзишҳои умумиаврупоӣ тақрибан сад шаҳрвандаш ҷон бохтаанд". Маҳз сарпечии ҳукумати пешини Украина барои имзои ин санад дар моҳи ноябри соли гузашта боиси эътирозҳои ҷонибдорони ҳамгироӣ бо Аврупо шуд, ки имрӯз Украинаро ба бӯҳрони шадиди сиёсӣ ворид кардааст.

Мақомоти Русия ба изҳороти Жозе Мануэл Баррозо то ҳол вокунише накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи хабаргузориҳо, афроди мусаллаҳи пуштибон аз Русия ҳарчӣ бештар муассисаҳои нимҷазираи Қримро таҳти назорат мегиранд. Андрей Дешитса, кафили вазорати умури хориҷии Украина, рӯзи шанбе, 8 март, дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Киев, аз ин вазъ изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, ки кишвараш аз Қрим даст намекашад ва барои ҳалли мусолиматомези бӯҳрон дар ин нимҷазира ҳама талошҳои заруриро ба харҷ хоҳад дод.

Хабаргузории украинии УНИАН бо такя ба Хадамоти давлатии марзбонии Украина итттилоъ дод, ки Русия интиқоли нерӯ ва техникаи низомӣ ба Қримро идома медиҳад. Марзбонҳои украин дар гузаргоҳи дарёии “Қрим” тақрибан 100 низомии рус ва 50 узви “дастаҳои худдифоъ”-и Қримро дар муҳосира нигаҳ медоранд.
Вале постгоҳҳои заминӣ дар даромадгоҳӣ нимҷазира таҳти назорати афроди мусаллаҳи пуштибон аз Русия қарор доранд. Ин афроди рӯзи шанбе аз талоши навбатии гурӯҳи нозирони Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо барои вуруд ба нимҷазираи Қрим ҷилавгирӣ карданд. Онҳо чанд бор сӯи ҳаво оташ кушоданд ва нозирон маҷбур шуданд, ки ба шаҳри Херсон баргарданд.

Ҳамзамон эътирозҳо алайҳи дахолати низомии Русия ба умури Украина дар кишварҳои гуногун идома меёбанд. Рӯзи шанбе тақрибан 250 нафар дар канори консулгарии Русия дар шаҳри Истамбули Туркия ҷамъ омада алайҳи таҷовузи Русия ба нимҷазираи Қрим садо баланд карданд. Эътирозгарон - тоторҳои қримии муқими Туркия гуфтанд, сабақи гузашта, аз ҷумла, истирдоди оммавии тоторҳо аз Қрим дар соли 1944 аз сӯи Иосиф Сталин онҳоро аз имкони таҳти назорати Русия қарор гирифтани нимҷазира шадидан нигарон кардааст. Гирдиҳамомадагон “Русия, иштибоҳ накун!”, “Сабри моро лабрез насозед!” ва “Туркия, ба бародаронат кӯмак намо!” шиор дармедоданд.

Дар намоиши зиддиҷангӣ дар шаҳри шаҳри Санкт-Петербурги Русия бошад тақрибан ҳазор нафар эътирози худ алайҳи дахолати низомии Русия ба умури Украинаро иброз доштанд. Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, фақат аҳзоби чапгарои Русия ба дарёфти иҷозаи баргузории намоиши зиддиҷангӣ муваффақ шуданд, аз ин рӯ дигар аҳзоб, аз ҷумла, ҳизби рушд ва РПР-ПАРНАС онҳоро ҳамроҳӣ карданд. Гуфта мешавад, ки шиори асосии ҳамоиш “Нест боз ҷанг!” буд. Аммо бархе аз ширкаткунандагон на фақат алайҳи дахолати ҳукумати Владимир Путин ба умури Киев, балки алайҳи миллатгароҳои украин дар Евромайдон ҳам шиор мезаданад.
XS
SM
MD
LG