Пайвандҳои дастрасӣ

Тирпарронӣ дар марз. Душанбе як чӣ мегӯяду Бишкек - чизи дигар


Маҳалли муноқиша дар тасвири Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Маҳалли муноқиша дар тасвири Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Иттилое, ки мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар робита ба воқеаи рӯзи 11-уми январ – тирандозӣ дар марз ва захмӣ шудани чанд марзбон, пахш мекунанд, аз ҳамдигар фарқи куллӣ дорад.

Қирғизҳо мегӯянд, тирандозиро тоҷикон сар карданд ва тоҷикон мегӯянд, аввалин шуда қирғизҳо оташ кушоданд. Ҳарду тараф бар инанд, ки моҷаро дар қаламрави онҳо рух додааст, яъне марзбонони тарафи дигар ба ҳудуди кишвари онҳо ворид гаштаанд ва гӯё маҳз ин сабаби тирандозӣ шудааст.

Аммо як хабари тарафи Қирғизистон аз лиҳози “муноқишаи иттилоотӣ” вахимтар аст, ки гӯё марзбонони тоҷик бо омодагии пешакӣ дар ин задухӯрд аз миномёт истифода кардаанд. Марзбонони тоҷик дар ҷавоб чизе намегӯянд. Ва ин хеле назаррас аст, ки сукути мақомоти Тоҷикистон ё камҳарфии онҳо дар ин баҳс ба манфиати ин кишвар нест. Як тараф иттилои зиёд ва лаҳза ба лаҳза пахш мекунад, тарафи дигар сукут меварзад.

Расонаҳои ахбори оми Тоҷикистон низ таъкид кардаанд, ки ҳарчанд аз воқеаи хунин ду рӯз гузаштааст, раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон то ин лаҳза дар бораи амалкарди сарбозону афсарони худ чизе нагуфтааст. Ин дар ҳолест ки Хадамоти марзбонии Қирғизистон ҳар рӯз чанд маротиба роҷеъ ба ончӣ ки дар марзи Бодканду Исфара мегузарад, гузориш пахш мекунанд ва ба фарқ аз мақомҳои аксаран хомӯши тоҷик то имрӯз тақрибан ҳамаи мансабдорони қирғиз - аз раиси ҷамоат то раиси он ҷумҳурӣ - дар бораи ин қазия изҳори назар кардаанд. Сарвазири Қирғизистон дар бемористон аз марзбонони захмӣ аёдат кард, вале захмиёни тоҷик дар чӣ ҳоланд, хабари расмие нашр нашудааст.

БОЗ ШУДАНИ ПАРВАНДАҲО

Додситони вилояти Суғд Шариф Қурбонов, рӯзи 13 январ дар нишасти хабарӣ гуфт, мутобиқи бандҳои 104 – “сӯиқасди куштор”ва 335 - “убури ғайриқонии марзи Тоҷикистон”- и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз ва таҳқиқи пешакӣ шурӯъ шудааст: “Ман ба ҷойи ҳодиса барои таҳқиқ рафтам. Дар ҳақиқат ҷойи ин ҳодисаи тирандозӣ бе ягон баҳс ҳудуди Тоҷикистон мебошад. Муноқиша аз он ба миён омад, ки сарҳадбонҳои Қирғизистон бо аслиҳа ва бе иҷозат аз болои пул аз ҳудуди баҳснок ба деҳаи Хоҷаи Аълои Тоҷикистон мегузаранд. Вақте сарҳадбонҳои тоҷик хоҳиш мекунанд, ки онҳо ба мавқеи худ баргарданд, дар посух марзбонҳои қирғиз дашномҳои қабеҳ дода, аввалин тирро ба сӯи сарҳадбонҳои тоҷик мезананд. Сарҳадбонҳои тоҷик низ ба хотири ҳимояти марз они худ муқобилат мекунанд.

Мошини тирхӯрдаи амниятиҳои тоҷик

Мошини тирхӯрдаи амниятиҳои тоҷик

Ин даргирӣ, тибқи иттилоъи додситони Суғд, 2 сарҳадбони тоҷику чанд марзбони қирғизро захмӣ ба ҷой гузоштааст. Аммо тибқи иттилои ҷониби Қирғизистон, дар даргирӣ чанд марзбони тоҷик ва 5 марзбони қирғиз захмӣ шудаанд. Ва мақомоти қирғиз хабар додаанд, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд, аммо алайҳи марзбонони тоҷик.

Ҳамзамон рӯзи 13 январ вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон тибқи як иттилоия вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро дар таҳрифи воқеияти ин даргирӣ муттаҳам карда, гуфтааст, ки "хулосаҳои бармаҳал ва арзёбиҳои спекулятивӣ дар тафсири ҷониби Тоҷикистон ҷавобгӯи фазои равобити ҳамсоягии Қирғизистону Тоҷикистон нест ва ба таъмини суботу амният дар марз мусоидат намекунад."

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ин иддао посух надодааст, аммо шоми 11 январ дар як шарҳи расмӣ ҷониби Қирғизистонро ба иҷро накардани созишҳои гузашта, ки миёни раҳбарон ва аъзои комиссияи муштараки марзии ду кишвар ба даст омада буд, муттаҳам карда буд.

КӢ СОЗИШҲОРО ПОЙМОЛ КАРД?

Ноиби сарвазири Қирғизистон Токон Мамитов мегӯяд, Тоҷикистон ҳамаи аҳду паймони дутарафа ва гузашта аз ин созишҳои байнулмилалиро зери по гузошт. Аммо Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд ва узви ҳайати музокиротии Тоҷикистон, ки рӯзи 13 январ низ аз музокиротӣ навбатӣ дар Бодканди Қирғизистон баргашт, мегӯяд, муносибати худи Қирғизистон ба тавофуқоти пешина рӯшан нест: «Аз 17 декабр ба ин сӯ як мушкил аст: оғози сохтмони роҳи Кӯктош - Оқсой – Тамдиқ. Ин ҳам дар ҳоле, ки раҳбарони ду кишвар - котибони шӯроҳои амният соли 2008, раисони ҷумҳур дар соли 2010 ва фармондеҳони хадамоти марзбонӣ дар соли 2013 ҳуҷҷат – созишнома имзо кардаанд, ки дар ҳудудҳои мувофиқанашуда сохтмони иншооту бинову роҳҳо мумкин нест. Азбаски сохтмонро сар карданд, мо огоҳ кардем. «Соҳиби говро бастани дузди зӯр» - барин сохтмонро шурӯъ карданд. Мо ба ин иҷоза надодем. Проблема ҳамин аст.»

Амирқул Азимов

Амирқул Азимов

Дар ҳамин ҳол, Амирқул Азимов, собиқ котиби Шӯрои амният, ҳоло раиси Кумитаи амният ва дифои парлумони Тоҷикистон, ки дар гузашта дар музокирот ҷониби Тоҷикистонро раҳбарӣ мекард, мегӯяд, таҳаввулоти ахир дар марз хостаи сокинони оддии ду ҷониб нест ва ин «набарди иттилоотӣ»-е, ки роҳандозӣ шудааст, манофеи миллии ду ҷонибро бозгӯ намекунад: «Ҳамин тавр, қонунвайронкуниҳо, ба монанди ин тирпаррониҳо ва дигар бархӯрдҳои номатлуб низ ба нафъи ду кишвар нест. Мо хуб медонем, ки кадом манфиатҳо дар ин минтақа мехоҳанд амалӣ карда шаванд. Аммо дар кулл бояд баҳс миёни ду ҷониб, ду кишвари соҳибихтиёр ҳал шавад, на дастҳои сеюму чоруму панҷум. Танҳо ду кишвар. Роҳи дигар нест.»

Музокироте, ки миёни фармондеҳони ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 13 январ анҷом пазируфт, як қатор масъалаҳоро ҳал кард. Аз ҷумла қарор шуд, ки нерӯҳои низомӣ аз марз дур бурда шаванд. Аммо дар ҳамин тавофуқ ҷониби Қирғизистон ба зимма нагирифтааст, ки аз сохтмони роҳи Кӯктош - Оқсой – Тамдиқ ҳатто муваққатан даст хоҳад кашид.

Ин дар ҳолест, ки тарафи Тоҷикистон маҳз сохтмони роҳро дар қаламрави худ сабаби сар задани низоъ ва тирандозӣ мешуморад ва борҳо гуфтааст, ба сохтмони роҳ то муайян шудани хатти марз ризоият нахоҳад дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG