Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду насл ва ду назар ба хизмат дар артиш


Таҷлили иди артиши Тоҷикистон. 23 феврали соли 2012, Душанбе
Таҷлили иди артиши Тоҷикистон. 23 феврали соли 2012, Душанбе

Дар ҳоле ки насли бузургсол хизмати ҳарбиро хизмат ба ватан ва дарси мардонагӣ эътироф мекунанд, ҷавонон мегӯянд, хизмат бояд вазифаи низомиёни ҳирфаӣ бошад.

Қулмаҳмад ва Шоҳтемур Корчиев, падару писар ҳар ду аз як хуну як хонаводаанд, аммо дар бораи хизмат ба ватан андешаҳои муттафовит доранд.

Кулмаҳмад мисли аксар намояндагони насли бузургсол, ки даврони ҷавониашон ба солҳои 1970-1980-ум рост омадааст, имрӯз бо ҳавас албоми аскарии худро варақ мезанад ва хотираҳои чандин даҳсола пешро такурӯ мекунад. Ӯ то ҳанӯз ҳама ҳамхизматони худро, ки аз миллатҳои гуногун будаанд, ном ба ном ёд дорад ва то ҳанӯз бо ифтихор мегӯяд, дар шаҳри Одесса дар қисми ҳарбии 75 441 адои хизмат кардааст. Қулмаҳмад мегӯяд, бо аризаи худ ба артиш рафт ва қарзи шаҳрвандиашро сарбаландона иҷро кард.

- Албатта, он замон хизмат як ифтихор буд. Мисоли оддӣ: агар ту хизмат намекардӣ, фикрҳои мухталиф атрофат паҳн мешуданд, ба духтаре хостгорӣ мерафтӣ, ҷавоби рад мешунидӣ. Он вақтҳо дигар буд, фикр мекунам, сарбозон ҳам дигар буданд, онҳоро медидӣ, ҳавас мекардӣ. Ман аз он ҷо бо рутбаи ефрейтор омадам. Он ҷо ман дар сохтмон хизмат кардам ва вақте бо 800 рубл, ки дар дафтарчаи меҳнатиам ҷамъ шуд, бо сари баланд аз Маскав ба Душанбе омадам, - гуфт ӯ.

Қулмаҳмад Корчиев мегӯяд, эҳсоси ватандӯстӣ дар насли он замон бештар буд. Ӯ ҳамеша аз ҳамин хотираҳои сарбозии худ ба чаҳор писараш, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хизмат накардааст, қисса мекунад, то ба ин восита эҳсоси ватанпарвариро дар замири онҳо боло бубарад.

Вале Шоҳтемур, писари 26-солаи ин сарбози даврони шӯравӣ, мегӯяд, ватанашро дӯст медорад, аммо ҳоло бояд нақшаҳои муҳимтари зиндагиашро амалӣ кунад. Нақшаи муҳимтар барои Шоҳтемур муҳоҷират ба Русия ва дарёфти ризқу рӯзӣ барои оила аст. Вай гуфт:

- Чандин сол аст дар Русия кор мекунам, зану фарзанд, хонаву дар ҳоло он ҷо аст. Ҳоло маълум, ки рӯз ба рӯз зиндагӣ вазнин мешавад. Дар фикри ватан ҳастем, аммо чун падари бознишаста ва оилаи бузург дорем, кор дар кившар нест, ё ҳасту маошаш хеле кам, маҷбурем роҳе ёфта зиндагиро пеш барем, - гуфт ин ҷавон.



Чаро ифтихори хизмати сарбозӣ кам шудааст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00


Падари ӯ - Қулмаҳмад Корчиев, бар ин аст, ки новобаста ба ҳамагуна вазъу шароит ва мушкилот, шахси ватандӯст бояд барои ҳимояи кишвари худ омода бошад Ӯ мегӯяд, насли замони ӯ барои ҳимояи ватани умумиашон СССР дар гӯшаҳои мухталифи дунё, солҳо дур аз волидон хизмат мекарданд. Онҳо ҳам хизматро осон пушти сар накардаанд. Аммо насли имрӯз, ба гуфтаи ӯ, бо баҳонаи мушкилоту шароити номусоиди артиш, аз хизмати ватани худ саркашӣ мекунанд.

Аммо писар мегӯяд, он замон дигар буд ва шароити ҷавонони он давр ҳам аз вазъи зиндагии ӯ ва ҳамсолонаш фарқ мекард. Зиндагии онҳо аз рӯйи як нақшаи муайян пеш мерафт ва онҳо мушкили кам доштанд. Аммо ҳоло, аз нигоҳи Шоҳтемур, хизмат дар артиш сарфи беҳудаи 2 соли умр аст. Ӯ мегӯяд, медонад, ки пас аз ду соли хизмат ва бо дарёфти рутбаи низомӣ низ, боз ӯро бекориву муҳоҷират интизор аст:

- Он вақт ҷойи кор буд. Ва бо дили софу майли том мерафтанд, хизмат мекарданд. Заводу фабрикаҳо кор мекарданд, як коре буд, ки зиндагӣ бе ягон мушкил пеш мерафт. Аммо ҳоло дар куҷо аст ҷойи кор? Кӣ ватанашро дӯст намедорад? Кӣ намехоҳад дар назди падару модар ва наздиконаш бошад? Вале афсус, ки зиндагӣ душвор аст. Ҳамин шароитҳо, ки муҳайё шуд, дигар ҷавонон аз артиш
намегурезанд.

Ба ҳар ҳол, ба гуфтаи Шоҳтемур, вақте дар бораи боло ё поин будани эҳсоси ватандустӣ ва патриотизм сухан меравад, бояд қабл аз ҳама ба ҷавонон дар дохил шароит фароҳам оварда шавад. Шоҳтемур мегӯяд, хизмат дар артиш набояд як ченаки аслии баршумурдани эҳсоси ватандустӣ бошад.

Ба андешаи Шоҳтемур, дур аз артиш ва дур аз ватан ҳам меҳри инсон ба зодгоҳу меҳанаш кам намешавад, аммо зиндагии сангин ва ногузар метавонад ба эҳсоси ватандӯстӣ таъсири манфӣ расонад. Ҳарчанд ӯ ошкор намегӯяд, аммо дар лобалои суханаш ин нукта чарх мезанад, ки ватану кишвар низ барои ҷавонон бояд коре кунанд, чизе ба онҳо бидиҳанд, то дар иваз онҳо низ ба фидо кардани ҷони худ барои ин марзу бум омода бошанд.
XS
SM
MD
LG