Пайвандҳои дастрасӣ

Умар Бобоҷонов баъди як ҳафтаи беҳушӣ даргузашт. 2 ВИДЕО


Маросими ба хоксупории Умар Бобоҷонов дар шаҳри Ваҳдат. 5 сентябри 2015

Маросими ба хоксупории Умар Бобоҷонов дар шаҳри Ваҳдат. 5 сентябри 2015

Умар Бобоҷонов, донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Санкт-Петербурги Русия, ки ба иддаои наздиконаш шаби 28 август гӯё аз сӯи маъмурони пулис барои ришаш латту кӯб шудааст, дар бемористон даргузашт.

Умар Бобоҷонов, донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Санкт-Петербурги Русия ва сокини 23-солаи Ваҳдат баъд аз як ҳафтаи беҳушӣ дар бемористони марказии ин шаҳр даргузаштааст. Абдулло Бобоҷонов, бародари Умар, рӯзи 5 сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади ӯ пеш аз намози пешини рӯзи шанбе ба хок супурда шудааст.

Хонаводаи Умар Бобоҷонов иддао доранд, ки ӯ шаби 28 августи соли ҷорӣ дар пайи латту кӯби маъмурони пулис дар ҳоли беҳушӣ ба бемористон интиқол ёфта, бо ҳамин ба худ намодааст. Ӯ тайи як ҳафтаи охир тариқи дастгоҳ нафаси сунъӣ мегирифт.

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, таҳқиқи қазияи Умар ҳанӯз идома дорад ва хулосаи дақиқ эълон нашудааст. Вале дар суҳбатҳои ҷудогона бархе аз маъмурони пулиси шаҳри Ваҳдат гуфтанд, ки гӯё Умар Бобоҷонов шаби 28 август дар ҳолати мастӣ буд ва ба ҷӯйбори бетонӣ сарозер шуда, аз ҳуш рафтааст.

Видеои фарзияи пулис:

Дар робита ба қазияи Умар Бобоҷонов Додситонии кулл парванда боз карда, таҳқиқи қазияро шахсан генерал Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, таҳти назар дорад. Вай 1 сентябри соли ҷорӣ барои тафтиши ҳодиса гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис дода ва дастур дод, ки афроди гунаҳкор муайян ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Ин дар ҳолест, ки Абдулло Бобоҷонов -- бародари Умар Бобоҷонов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бародарашро шоми 28 август кормандони пулис барои риш доштанаш мавриди латту кӯб қарор додаанд. Ин ҳарфҳоро Зоҳирҷон Соҳибов, яке аз дӯстони Умар, ки ҳангоми ҳодисаи

Умар Бобоҷонов як ҳафта тариқи дастгоҳ нафаси сунъӣ мегирифт

Умар Бобоҷонов як ҳафта тариқи дастгоҳ нафаси сунъӣ мегирифт

латту кӯб бо ӯ будааст, низ тасдиқ кард. Ӯ гуфт, "мо дар маркази шаҳри Ваҳдат, дар назди муҷассамаи “Модар” сайругашт доштем, ки ногаҳон се мошин омад ва 6-7 нафар аз онҳо берун шуданд. Онҳо ману Умарро ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурданд. Латту кӯб карданд. Субҳи 29 август Умарро ба бемористон овардем, ки ҳолаш хеле вазнин буд."

Рӯзи душанбеи 31 август ҳудуди 100 нафар аз сокинони шаҳри Ваҳдат дар назди бемористони марказии ин шаҳр ҷамъ омада, аз мақомот талаб намуданд, ки омилони латту кӯби Умар Бобоҷоновро муҷозот кунанд.

Аз аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон маъракаи ғайрирасмии мубориза бо риш идома дорад ва то кунун даҳҳо тан иддао кардаанд, ки риши онҳо аз сӯи маъмурони пулис маҷбурӣ тарошида шудааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамагуна даст доштани маъмурони пулис дар чунин қазияҳоро рад мекунад ва мегӯяд, касе барои тарошидани риши сокинон амр нагирифтааст.

Умар Бобоҷонов, ки ба гуфтаи волидонаш, донишҷӯи соли сеюми як Донишгоҳи Санкт-Петербург аст,барои таътили тобистона ба зодгоҳаш - шаҳри Ваҳдат омада буд. ​

Иддаои наздикони Умар Бобоҷонов:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG