Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Султон Мирзошоевро дар "Сари Осиё" ба хок супурданд (2 ВИДЕО)


Султон Мирзошоев.
Султон Мирзошоев.

Султон Мирзошоев, вазири собиқи фарҳанг ва раҳбари пешини дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, нисфирӯзи 8 июн дар оромгоҳи "Сари Осиё"-и Душанбе ба хок супурда шуд. Наздиконаш мегӯянд, ки Мирзошоев баъд аз чанд муддати беморӣ шаби 7 июн дар синни 84 даргузаштааст.

Дар маросими видоъ бо ӯ аҳли фарҳангу сиёсати Тоҷикистон иштирок карда, даргузашти Султон Мирзошоевро "фоҷиаи бузург" номиданд. Аз ҷумла, Мирзошоҳрух Асрорӣ, раиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, гуфт, баъди ҷанги шаҳрвандӣ Мирзошоев барои ба ҳам овардани мардум корҳои зиёдро ба сомон расондааст. "Даргузашти ин марди шариф ва ин инсоне, ки дар замираш фақат некӣ ва инсондӯстӣ буд, барои мо як фоҷиаи бузург ба шумор меравад," - афзуд ӯ.

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, аз Султон Мирзошоев ба унвони яке аз беҳтарин кадрҳои ҷануби Тоҷикистон ёд кард, ки дар замони Шӯравӣ дар сатҳи кишвар ва берун аз он хутро матраҳ карда буд. Ба қавли Шабдолов, Султон Мирзошоев дар вазифаҳои гуногун – аз масъулиятҳои давлатӣ то ҳизбӣ "ҳалол" кор карда, аз худ фақат номи нек гузоштааст.

Маросими видоъ бо Султон Мирзошоев:

Шабдолов: Мирзошоев аз худ номи нек гузошт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:52 0:00

​Султон Мирзошоев таҳсили ибтидоиро дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон гирифта, баъдан дар зинаҳои мухталифи мақомоти Ҳизби коммунисти Тоҷикистони Шӯравӣ кор кардааст. Ӯ солҳои 1966-1972 раиси кумитаи киноматографистон ва солҳои 1973-1979 намояндаи доимии Шӯрои вазирони Тоҷикистон дар назди Шӯрои вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Дар солҳои 1979-1987 ба ҳайси вазири фарҳанги Тоҷикистон ва солҳои 1989-1993 ба ҳайси муншии аввали Ҳизби коммунист дар вилояти Кӯлоб кор кардааст.

Муассис ва нахустин раҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дар солҳои 1993-1994 буда, то соли 2007 раҳбари маҷмааи "Кохи Ваҳдат"-ро бар уҳда дошт.

​Султон Мирзошоев асосан дар соли 1993 бознишаста шуда буд, вале намедонист, ки ин бознишастагӣ оғози баргаштан ба масъулияте ҳаст, барои сохтани як ҳукумат, ки имрӯз дар Тоҷикистон пойбарҷост. Мирзошоев то дарёфти эътимоди Эмомалӣ Раҳмон, раиси Шӯрои олии вақти Тоҷикистон дар соли 1993, таҷрибаи ғании раҳбарӣ дар мақомҳои мухталифи ҳизбӣ ва давлатӣ дар Тоҷикистони Шӯравиро дошт.

Ӯ соли 1987 баъди ҳашт соли кор ва ба дунболи як ихтилоф бо Петр Лучинский, котиби дувуми ҲКТШ, аз вазифаи вазири фарҳанги Тоҷикистон барканор карда шуд. Аммо ду соли баъд, вилояти Кӯлоб дубора барқарор гардид ва Мирзошоевро бо дастури кумитаи марказии ҲК СССР котиби аввали ҳизби коммунисти вилояти Кӯлоб таъин карданд. Ин замоне буд, ки тундбоди нооромиҳо дар фазои Тоҷикистон мевазид ва дар оғози соли 1990 нахустин қурбониҳо ба бор овард.

Гуфтугӯи охирини Озодӣ бо Мирзошоев инҷост:

Султон Мирзошоев - Роҳ аз фарҳанг то сиёсат
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:55 0:00

Худи Мирзошоев дар суҳбати охиринаш бо Озодӣ гуфта буд, дар ҳаводиси моҳи феврали соли 1990 телевизиони Тоҷикистон бо нашри барномаҳои сохта ҷавонони кӯлобиро туҳмат задаанд, ки боис ба эътирози шадиди котиби аввали ҳизби вилоят ба мақомоти марказӣ шуд. Мирзошоев гуфта буд, баъд аз эътирози ӯ додситонии кулли вақт тафтишот анҷом дода, телевизиони давлатиро дар шӯрангезӣ муттаҳам донист. Аммо гуфт, муқобилият дар баробари шӯрангезиҳо зиёд идома накард.

Акси Сафаралӣ Кенҷаев
Акси Сафаралӣ Кенҷаев

Моҳи апрели соли 1992 мардуми минтақаи Кӯлобро бо баҳонаи пуштибонӣ аз Сафаралӣ Кенҷаев, раиси Шӯрои олии вақти Тоҷикистон ба майдон кашиданд. Талоши пеши роҳи ҷавононро гирифтан номуваффақ буд. 22 апрели ҳамон сол дар Кӯлоб бо ташаббуси Сангак Сафаров, Мулло Ҳайдар Шарифзода ва Қурбон Зардак гириҳамоӣ ташкил шуд. Онҳо Қурбоналӣ Мирзоалиев, раиси ҳукумати вилояти Кӯлоб ва Султон Мирзошоев, котиби аввали Ҳизби коммунисти вилоятро ба майдон даъват карданд, то суханронӣ кунанд.

Рӯёрӯиҳо дар соли 1992 ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Дар Тоҷикистон дигар силоҳ ва қумондонҳо ҳарф мезаданд. Ҳатто пас аз иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ низ.

Султон Мирзошоев дар суҳбати охиринаш бо Озодӣ гуфта буд, дар Наврӯзи соли 1993 яке аз қумондонҳои Фронти халқӣ Файзалӣ Саидов, раиси Шӯрои олии тозаинтихоб Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири вақт Абдумалик Абдулоҷоновро ба меҳмонӣ, ба Қӯрғонтеппа даъват кардааст. Ин иттифоқ дар рӯзҳое афтода буд, ки Султон Мирзошоев аз суи Эмомалӣ Раҳмон барои рехтани зербинои ҳукумати нав ва дастгоҳи раисиҷумҳур даъват шуда буд. Дар он рӯзҳо масъалаи аслӣ эътимод ба нафароне буд, ки ба ҳукумати нав ва сохтори он ба тозагӣ ворид мешуданд.

Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистон
Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистон

Дар чунин вазъ, соли 1994 Тоҷикистон вориди интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси Шӯрои олӣ ва Абдумалик Абдуллоҷонов, сарвазири вақти Тоҷикистон аз рақибонӣ аслӣ буданд ва рақобатҳои қаблазинтихоботӣ хеле шадид мегузашт. Ба қавли Султон Мирзошоев, ҳатто барои халал ворид кардан ба рақибон аз усулҳои ғайримашруъ истифода мекарданд. Чунин ҳолат мавриди суханронии мустақими Эмомалӣ Раҳмон дар телевизиони давлатӣ иттифоқ афтода будааст.

Эмомалӣ Раҳмон, дар он интихобот раисиҷумҳур интихоб шуд ва масъалаи аслӣ ҷамъ овардани тими нав буд. Пас аз таъини ҳукумати нав дар моҳи декабр Султон Мирзошоев бо манзури бад шудани сиҳатӣ бо хоҳиши худ аз вазифаи раиси дастгоҳи иҷроияи президент канор рафт. Ҳарчанд баъдан дар чанд вазифаи дигар кор кард, аммо дигар вориди сиёсат нашуд.

Султон Мирзошоев навиштани хотираҳо, асарҳои таърихӣ ва аз ҳама муҳим бо хонавода буданро меписандид. Ҳарчанд дар гузашта фурсати зиёде барои фарзандон надошт, аммо дар суҳбати охираш бо Озодӣ гуфта буд, ки "интиқом"-и гузаштаро гирифтааст.

XS
SM
MD
LG