Пайвандҳои дастрасӣ

Вокуниш аз Душанбе: Ангезаи куштори Немтсов сиёсист


Бархе аз сиёсатмадорон дар Тоҷикистон мегӯянд, Борис Немтсов -- раҳбари мухолифон дар Русияро, ки шаби гузашта кушта шуд, аз наздик мешинохтанд ва қатли ӯро "сиёсӣ" медонанд.

Баъзе аз сиёсатмадорони тоҷик мегӯянд, Борис Немтсов – раҳбари мухолифон дар Русияро, ки шаби 27 ба 28 феврал дар рӯбарӯи Кохи Кремлин ҳадафи тири афроди ношинос қарор гирифта ва ҷон дод, аз наздик мешинохтанд. Аммо мегӯянд онҳо, иллатҳои кушта шудани Немтсов зоҳиран “решаҳои чуқур” ва “сиёсӣ” дорад ва дар ҳоли ҳозир нокушуда боқӣ хоҳад монд.

Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони иҷтимоии “Перспектива+”, мегӯяд, Борис Немтсов барои ӯ як шахсияти ислоҳотпарвар ва ошкоргӯ буд ва ҳамин тавр боқӣ хоҳад монд. “Вақте хабари кушта шуданашро фаҳмидам, ҳолати вазнин буд. Хеле афсӯс мехӯрам”,-гуфт Бобоназарова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ӯ афзуд, бо Немтсов ду бор – як бор тасодуфӣ ва бори дигар бо хоҳиши худ дар Маскав дидор кардааст: “Вақте губернатор буд, ҳамон давра алакай маълум буд, ки шахсияти бузург аст. Як чиз ба ман нақл карда буд. Вақте Борис Елтсин чанд бор ба наздаш даъват карда ва

Ойниҳол Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова

гуфтааст, бояд бозсозӣ шавад ва ман мехоҳам ба Шумо вазифа диҳам, лекин Шумо қурбонӣ хоҳед шуд. Оё тайёр ҳастед, ки барои Русия қурбонӣ шавед? Немтсов ва ҳамроҳонаш гуфтаанд, мо тайёр ҳастем, ин корро барои ояндаи Русия қабул кунем.”

Раҳматулло Зоиров, раҳбари Консорсиюми юридикии Тоҷикистон, ҳам мегӯяд, бо Борис Немтсов аз наздик ошноӣ дошт ва кушта шудани ӯро сиёсӣ медонад. Ӯ рӯзи 28 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “шояд фарзияҳои зиёде пеш оранд. Шояд бигӯянд, ин ба тиҷорат вобаста буд ё чизи дигар. Вале варианти асосии куштори ӯ сиёсӣ аст.”

Дар ҳоле ки ба қавли Зоиров, Немтсов солҳои охир аз мухолифони Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба ҳисоб мерафт. Дар идома, раҳбари Консорсиюми юридикии Тоҷикистон, Русияро яке аз пешгомҳои ҷинояткории муташаккил номид ва гуфт, “агар субъектҳои куштор суд ҳам шаванд, ин ҳанӯз ҳақиқат нест. Ҳақиқат пинҳон мемонад.”

Раҳматлуло Зоиров дар ин сӯҳбаташ, инчунин, ошноии наздики худ бо Немтсовро ба ёд оварда ва гуфт, “вай ҳамагӣ як сол дертар аз мо хатм кардааст. Мо бо ӯ соли 1988 аз наздик шинос шудем. Соли 1988 дар як

Раҳматулло Зоиров

Раҳматулло Зоиров

конфронси калон дар Русия иштирок карда будем. Он вақт фаъолиятҳои сиёсияшро нав оғоз карда буд. Як муддат бо Чубайс ҳам ҳамкорӣ дошт. Баъдан ӯро кам-кам аз ҳама ҳизбу ҳаракатҳое, ки тавассути онҳо ба Думаи давлатии Русия роҳ ёфтан мумкин буд, берун бароварданд.”

Қатли Борис Немтсов дар рӯбарӯи Кремлин

Борис Немтсов, сиёсатмадор ва аз мухолифони сарсахти Владимир Путин – раиси ҷумҳури Русия шаби 27 ба 28 феврал дар маркази шаҳри Маскав ва дар рӯбарӯи Кохи Кремлин кушта шуд. ​Куштори ӯ дар ҳоле сурат гирифта, ки ӯ ва ҳамандешонаш қарор буд рӯзи 1 март дар роҳпаймоии мухолифон дар Русия иштирок кунанд.

Бахши русии Радиои Озодӣ ("Свобода") ба нақл аз масъулони Вазорати умури дохилии ин кишвар навишт, афроди ношинос ба бадани Борис Немтсов чаҳор тир холӣ кардаанд. Ҳоло тафтиши қазия идома дорад ва мақомоти пулис дар робита ба кушта шудани Борис Немтсов аз рӯи ду моддаи қонуни ҷиноии Русия парванда боз кардаанд.

Путин: "Ин иғвоангезӣ аст"

Владимир Путин

Владимир Путин

​Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, куштори Борис Немтсовро фармоишӣ дониста гуфтааст, "ошкоро хусусияти таҳрикомез дорад".

Дмитрий Песков, сухангӯи Путин дар мусоҳиба бо радиои "Коммерсант ФМ" гуфтааст, Немтсов барои ҳукумати кунунӣ ҳеч хатар надошт. Аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ёдоварӣ мекунанд, ки 10 феврал Борис Немтсов дар мусоҳибае бо нашрияи "Собеседник" изҳори нигаронӣ карда буд, президент Путин вайро барои гуфтаҳои оппозитсиониаш аз миён хоҳад бардошт.

Ҳоло расидагӣ ба куштори Борис Немтсов - сиёсатмадори мухолифро Владимир Колоколтсев - вазири корҳои дохилаи Русия зери назорати худ гирифтааст. Елена Алексеева - намояндаи расмии ин вазорат хабар дод, ки бино ба таҳқиқот шоми ҷумъа дар Маскав Борис Немтсов бо духтаре, ки аз Украина омадааст, дар кӯча машғули сайру гашт будаанд. Ҳангоми сайру гашти онҳо мошине аз паҳлӯи онҳо гузашта тир холӣ кардааст.

Бино ба гуфтаи Алексеева, дар маҳалли ҳодиса 6 тири холишуда пайдо кардаанд. Гурӯҳи тафтишотӣ ба чанд таъбири ин ҳамла расидагӣ хоҳад кард ва яке аз онҳо куштори фармоишӣ хоҳад буд.

Немтсов кӣ буд?

Борис Немтсов бо Борис Елтсин

Борис Немтсов бо Борис Елтсин

Борис Немтсови 55-сола дар соли 1997 вазири энержии Русия ва муддате низ муовини нахуствазири ин кишвар буд. Вай корро соли 1991 аз раҳбарии як вилояти Русия оғоз карда, баъдан ба ҳукумати марказӣ роҳ ёфт. Дар поёни давраи раёсати ҷумҳурии Борис Елтсин, аз Немтсов ба унвони яке аз ҷойнишинҳои эҳтимолии ӯ ном мебурданд.

Вай аз мунтақидони сарсахти Владимир Путин ба шумор мерафт ва борҳо бо ҳамсафонаш истеъфои ӯро талаб карда, ҳатто ҳукуматашро ба сирқати аз 24 то 30 миллиард доллар дар иншооти олимпии Сочӣ муттаҳам карда буд.

Борис Немтсов, ки моҳи майи соли 2013 бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, дар ин пулдуздӣ нафаронеро гунаҳкоранд, бо президенти Русия Владимир Путин робита доранд: “Маълум аст, ки дӯстони Путин Олимпиадаро омода мекарданд, маълум аст, ки ӯ дӯстони худро зиндонӣ кардан намехоҳад. Вале мо наметавонем ин ҳолро оромона таҳаммул кунем, зеро дар идома пулкашиҳо боз ҳам бештар мешаванд. Дуздии онҳо ин шӯхиҳои бачагона нест, ин таҳдди ба амнияти милии Русия аст.”

Бозиҳои Олимпии Сочӣ бо 51 миллиард доллар масрафот аз гароннархтарин бозиҳои тобистона ва ё зимистона дар таърихи Бозиҳои олимпӣ номбар мешавад. Барои муқоиса дар ташкили бозиҳои олимпии соли 2012 дар Лондон 14 миллиард доллар сарф шуда буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG