Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Амрико чанд тоҷик аст?


Ҷавонони тоҷик дар Ню Йорк
Ҷавонони тоҷик дар Ню Йорк

Бино ба гузориши Дафтари саршумории аҳолии Иёлоти Муттаҳида, дар ин кишвар 4385 шаҳрванди Тоҷикистон зиндагӣ мекунад.

Дар даҳ сол – аз оғози соли 2001 то поёни 2010 ба сурати умум 1573 шаҳрванди Тоҷикистон ба шаҳрвандии Амрико пазируфта шудaанд. Аз рӯйи ин нишондиҳанда Тоҷикистон дар байни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар ҷои чаҳорум қарор дорад:

  • Узбакистон – 16 656 нафар
  • Қазоқистон – 6012 нафар
  • Қирғистон – 2372 нафар
  • Тоҷикистон – 1573 нафар
  • Туркманистон – 746 нафар


Аз миёни кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ бузургтарин ҷомеаи миллӣ дар Иёлоти Муттаҳидаро шаҳрвандони собиқ ва феълии Русия ташкил медиҳанд. Шумораи онҳо 3 миллиону 355 нафар расидааст. Аз ин теъдод 86700 нафарашон шаҳрванди Амрико шудаанд. Ҳарчанд украиниҳо аз лиҳози шумора аз русҳо камтар дар даҳ соли охир дар Амрико муқим шудаанд (1 миллиону 266 239 нафар) аз лиҳози шаҳрванди Амрико пазируфта шудан онҳо аз русҳо фарқи кам доранд (86468 нафар).

Сеюмин диаспораи калони шаҳрвандони шӯравии пешинро дар Амрико арманиҳо ташкил медиҳанд. Шумораи онҳо аз ним миллион нафар гузаштааст. Дар ҷойҳои баъдӣ Беларус (55057), Узбакистон (43198), Молдова (32481), Озарбойҷон (23596), Қазоқистон (23491), Гурҷистон (16370), Қирғистон (4747), Тоҷикистон (4385) ва Туркманистон (746) қарор доранд.

Намояндагони бархе аз созмонҳои тоҷикони Амрико мегӯянд, ин шумораҳо ниҳоӣ нестанд, зеро муҳоҷирони ғайриқонуниро ба ҳисоб нагирифтаанд. Бино ба гуфтаи ин манобеъ, шумораи тоҷиконе, ки бе раводид дар Иёлоти Муттаҳида аб сар мебаранд, метавонад то 1000 нафарро ташкил диҳад. Аз сӯи дигар, Дафтари саршумории аҳолии Амрико ашхосро аз рӯи шаҳрвандияшон шумурдааст, дар ҳоле ки мумкин аст, аз лиҳози мансубияти қавмӣ ин шумораҳо то андозае дигар бошанд. Чунончи, як бахши умдаи шаҳрвандони Узбакистон, ки ба Амрико муҳоҷир шудаанд, тоҷикони Самарқанд ва Бухоро мебошанд. Вале бо вуҷуди ин арқоми кишварҳо аз ҳам тафовути зиёд дорад.

Як сабаби фарқият миёни ин арқом дар он аст, ки омодагии намояндагони миллату кишварҳо ба муҳоҷирати роҳи дур гуногун аст. Барои бархе аз онҳо муҳоҷират ба Русия ё кишварҳои ҳамсоя роҳаттар аст, то ба Иёлоти Муттаҳида. Паҳнои муносибатҳои байнидавлатӣ, душвориҳои дарёфти раводиди сафар ва ҳам мавҷудияти ҷомеаи миллӣ дар Амрико аз қабл, ваҳдату ёрмандии байниҳамии намояндагони як қавм, сармоядории онҳо ва ғайра низ нақши муайян мебозанд.

Сабаби дигари тафовут миёни теъдоди намояндагони кишварҳои гуногун дар Амрико ба лоторея ё толеъномаи ҳаққи иқомати Иёлоти Муттаҳида, мавсум ба “Грин кард” рабт дорад. Ин барнома солона 50 000 иҷозаи иқомат ва кор дар Амрикоро аз тариқи қуръакашӣ тақсим мекунад. Саҳми ҳар кишвар дар ин байн гуногун аст. Барои намуна дар соли 2013 барои шаҳрвандони Узбакистон 5100 ва Тоҷикистон 330 ҷой ҷудо карда шудааст, ки бо саршумории аҳолии ду кишвар низ таносуби қобили фаҳм буда наметавонад. Аммо коршиносон мегӯянд, ин тафовут ба вазъи ҳуқуқи башар ва вазъи сиёсӣ дар ин кишварҳо низ бастагӣ дорад. Ин аст, ки дар миёни ҷомеаҳои миллӣ сокинони Ироқ, Афғонистон, Эрон, Чин ва Югославии собиқ аксариятро ташкил медиҳанд.

Иқтисодшиносон ва сиёсатмадорони Иёлоти Муттаҳида ахиран пешниҳод кардаанд, ки бо назардошти вазъи иқтисодии кишвар Амрико тақдими иҷозаи иқоматро ба донишмандони риштаи иқтисод, соҳибкорон, афроди дорои идеяҳои ҷолиб, муҳандисон ва математикҳо бештар кунад. Онҳо мегӯянд, наздик ба 70 дарсади комёбиҳои ду даҳсолаи ахири Амрикоро муҳоҷирони тозанафас бу вуҷуд овардаанд.
XS
SM
MD
LG