Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падарон барои таҳсили фарзандон муҳоҷир мешаванд


Фӯрудгҳи шаҳри Кӯлоб. Солона ҳазорон нафар аз тоҷикон барои дарёфти ризқи худу фарзандон, рӯ ба кишварҳои ғайр меоранд.
Фӯрудгҳи шаҳри Кӯлоб. Солона ҳазорон нафар аз тоҷикон барои дарёфти ризқи худу фарзандон, рӯ ба кишварҳои ғайр меоранд.

Пардохти маблағи таҳсили фарзандон дар макотиби миёнаву олӣ, аксари падаронро маҷбур ба муҳоҷират мекунад.

Алихон Камолов, як муҳоҷири тоҷик, ки бо ӯ ба Русия тариқи телефон тамос гирифтем, ду фарзанди донишҷӯ ва се фарзанди мактабхон дорад. Ӯ мегӯяд, маблағи шартномаи ду фарзанди донишҷӯяш бештар аз 1,5 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки бо маош дар Тоҷикистон ҳаргиз наметавон онро пардохт кард. Ин мард мегӯяд, замони Шӯравӣ факултаҳои шартномавӣ вуҷуд надошт ва касе, ки дониш дошт, бидуни маблағ таҳсил мекард, аммо ҳоло баръакс шудааст.

Ӯ мегӯяд: «Ҳоло дигар дониш муҳим нест. Фарқ надорад, ки дониш дорӣ ё не, маблағи шартнома месупорӣ. Ба ғайри ин, дар ин қиматӣ, то 20 ҳазор рубл дар як моҳ мефиристӣ, ҳеҷ чиз намешавад. Дар Тоҷикистон ин қадар пуле, ки дар ин ҷо кор мекунӣ, намеёбӣ. Вагарна, кӣ мехоҳад, ки дар ин азоб кор кунад. Ҳамин фарзандҳо, ки хонда тамом карданд, дигар муҳоҷират намеравам».

Як сӯҳбати мо низ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб гуфт, ки волидайни бештари донишҷӯён муҳоҷири меҳнатӣ ҳастанд. Манучеҳри Саид, як донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб мегӯяд, маблағе, ки барои таҳсил сарф мекунад, сад дар сади маблағе ҳаст, ки падараш аз муҳоҷират барояш мефиристад:
«Шашсад доллар бояд ҳар моҳ супорам. Боз як хоҳару як додари мактабхон дорам. Падарам усто буд, лекин пеш аз дохилшавии ман ба Донишгоҳ ба Русия рафт, чунки пули дар ин ҷо пайдо кардааш, ба зӯр ба шикамамон мерасид. Таътил шавад, мумкин ман ҳам ба муҳоҷират равам».

Мушоҳидаҳо нишон дод, ки бархе донишҷӯён пас аз як соли таҳсил ба Шӯъбаи ғоибона гузашта ба муҳоҷират рафтаанд. Неъматулло, яке аз ин ҷавонон мегӯяд: «То курси дуввум ман қарзу қавола карда рӯзона хондам, лекин нашуд. Аз сеюм курси ғоибона гузашта ба Русия рафтам. Ҳоло дигар ҳар сол вақти таҳсили 40 рӯза бармегардам ва боз ба муҳоҷират меравам. Аз ҳамин моҳ ҳам бояд дарсҳоямон сар шаванд».

Насриддин Самеъ, як донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи Кӯлоб мегӯяд, ӯ ҳам аз пули муҳоҷират таҳсил мекунад, аммо давоми чор соли таҳсил мушоҳида кардааст, ки аксари ҳамсабақонаш муҳоҷири меҳнатӣ шудаанд: «Падару бародари ман муҳоҷиранд ва пул равон мекунанд. Дар соли аввал мо сӣ нафар будем, лекин ҳоло 15 нафар дар дарс ҳастем. Аз ин ҳисоб кардем 9 нафар ҳамкурсамон ғоибона гузашта ба Русия рафтаанд».

Коршиносон мегӯянд, маблағе, ки барои шартномаи Донишгоҳу донишкадаҳо талаб карда мешавад, ба воқеияти ҷомеаи Тоҷикистон рост намеояд. Орзу Ҳамид, як коршиноси ҷавон мегӯяд, бо маоши 300 сомонӣ як омӯзгор давоми ду сол ҳеҷ сарфе накарда, баъдан метавонад, шартномаи миёнаи таҳсили як фарзандашро супорад. Аз ин рӯ, ба гуфтаи Орзу, падарон маҷбуранд, роҳи дигаре пайдо кунанд, ки албатта он дар муҳоҷират аст.

Тибқи ҳисобҳои ғайрирасмӣ, беш аз як миллион сокини Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия ба сар мебаранд. Таҳқиқотҳои сотсиологӣ нишон медиҳад, ки аксари онҳо бинобар сахтии рӯзгор ва беҳтар сохтани зиндагӣ, ба Русия рафтаанд.
XS
SM
MD
LG