Пайвандҳои дастрасӣ

Як сокини Душанбе пулиси роҳро ба додгоҳ мекашонад


Tajikistan -- An employee of the State Automobile Inspectorate (GAI), 10Apr2012

Tajikistan -- An employee of the State Automobile Inspectorate (GAI), 10Apr2012

Сино Нозилов, як сокини 25- солаи шаҳри Душанбе нозирони пулиси роҳро барои амалкарди ғайриқонунӣ ба додгоҳ кашондан мехоҳад.

Сино Нозилов иддао дорад, ки ҳафтае пеш кормандони бозрасии давлатӣ (БДА) ё пулиси роҳи ноҳияи Рудакӣ ҳуҷҷатҳои ронандагияшро, бидуни он, ки ӯ қоидаи ҳаракати роҳро вайрон кунад, гирифтаанд.

Сино мегӯяд, ин бори аввал нест, ки кормандони ГАИ ба таври ғайриқонунӣ ҳуҷҷатҳои ӯро мегиранд. Ба гуфтаи вай дафъаҳои қаблӣ ӯ бе ягон даъво ва бо пардохти ҷарима санадҳои ронандагияшро бозпас гирфта буд, аммо ин бор тасмим дорад, ба додгоҳ шикоят бубарад.




Сино меафзояд,“вақте ман бо аҳли оилаам рӯзи 24 июн аз ҷониби ноҳияи Ёвон ба шаҳри Душанбе меомадам, дар даромадгоҳи шаҳр маро нозири роҳ манъ кард. Аммо ман чун қонун инро иҷозат намедиҳад, аз мошин нафаромадам ва чун ӯ худ назди ман омад, сабаби манъ карданро пурсидам. Вай гуфт, ки гӯё ман бо як мошини дигар сабқат карда бошам. Дар ҳоле ки вақте барои қоидавайронкунии ман санад тартиб медоданд, ҳатто аз он ронанда дарак ҳам набуд, танҳо рақамҳои телефон ва номаш навишта шуда буд. Ман ба он ронанда занг задам ва ӯ гуфт, ҳеҷ баёнот надодааст, аммо чун ба назди нозири роҳ нафаромадаам, боиси ғазаби ӯ шудаам. Ҳарчанд ман ягон қоидаи ҳаракати роҳро вайрон накарда, то ҳатто тасмаи бехтариро баста будам. Танҳо ба хотири гӯё беҳурматӣ нисбат ба ин нозир ҳуҷҷатҳоямро гирифтанд ва акнун ман бояд беш аз 400 сомонӣ ҷарима супорам, аммо ман ин маблағро надорам.”


Сино Нозилов

Сино Нозилов

Сино мегӯяд, ҳамагӣ 1 моҳи пеш барои бозпас гирифтани ҳуҷҷатҳои ронандагияш 200 сомонӣ пардохта буд ва ҳоло умедвор аст, ки ин дафъа метавонад аз тариқи баҳси додгоҳӣ ҳуҷҷатҳояшро ба даст орад.

Ҳарчанд дар ин авохир теъдоди зиёди ронандагон аз фаъолияти ба истилоҳ «бераҳмона»-и кормандони БДА шикоят мекунанд, аммо зоҳиран Сино аз камтарин нафаронест, ки чунин тасмими ҷиддиро дар қиболи амалкарди номуносиби нозирони пулиси роҳ гирифтааст.

Бежан Замирови 28-сола, сокини дигари шаҳри Душанбе низ ки мегӯяд, наздики 10 сол таҷрибаи ронандагӣ дорад, борҳо дар амалҳои ғайриқонунӣ ва тамаъҷӯии кормандони ГАИ - ро таҳаммул кардааст. Ба гуфтаи Бежан, ҳарчанд ӯ низ аз бедодгариҳои кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ба ҷон омадааст, аммо ба фарқ аз Сино аз баҳс кардан бо кормандони ГАИ парҳез мекунад.

Бежан мегӯяд, «ҳолатҳое, зиёде мешавад, ки беҳуда дар роҳ манъ мекунанд ва ба ҳар баҳона маблағ меситонанд. Барои мисол, агар мошин дар миёни чорраҳа ва ранги чароғак зард бошад, мошинро бо иддаои он ки ранги сурхро гузаштӣ, манъ ва ҷарима мекунанд. Бо ман чандин бор чунин ҳолатҳо шудааст ва аз 70 то 100 сомонӣ ҷарима гуфтанд.»

Бежан меафзояд, қаблан ӯ ҳатто чандин бор барои исботи бегуноҳии худ хостааст бо нозирони пулиси роҳ баҳс кунад, ки дар натиҷа ба ғазаби онҳо гирифтор шудааст. Аз ин хотир, мегӯяд вай, ҳоло кӯшиш мекунад, бе баҳс ва бо додани «кисапулӣ» мушкилро дар ҷойяш ҳал кунад.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, мегӯяд, чунин бедодгариҳои кормандони БДА боиси афзудани шикоятҳои ронандагон аз тариқи телефони боварӣ ва сомонаи расмии вазорат шудааст. Ва ахиран Рамазон Раҳимов, вазири дохила, ин масъаларо дар ҷаласаи фаврӣ бо раҳбарияти раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ ба баррасӣ гирифт.


Рамазон Раҳимов

Рамазон Раҳимов

Маҳмадулло Асадуллоев гуфт, «масалан, шаҳрвандон муроҷиат мекунанд, ки онҳоро беасос ҳуҷҷатгузорӣ кардаанд.Ва ҳамаи ин шикоятҳо аз ҷониби вазири корҳои дохилии кишвар ба раёсати амнияти дохилии ниҳод, ки масъули ҳамин бахш аст,вазифагузорӣ карда мешавад,ки санҷида шаванд.Чанд нафар ба ҷавогарии интизомӣ кашида шуданд, баъзеяшонро аз вазифа озод карданд. Вале бо вуҷуди ҳамаи ин ҳам фаъолияти БДА яке аз бахшҳое ҳаст, ки нисбати онҳо аз ҳама бештар шикояти мардум ба вазорат ворид мешавад ва чорабиние, ки аз сӯи вазир гузаронида шуд, махсус барои бартараф намудани ҳамин камбудиҳо буд.»

Сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон афзуд, Рамазон Раҳимов барои гузаронидани ротатсия ва бартараф намудани камбудҳои ҷойдошта ба кормандони БДА-и шаҳри Душанбе се моҳ мӯҳлат муайян карда, ҳушдор додааст, ки дар сурати ислоҳ нашудан нисбати масъулон чораҳои қатъӣ, аз ҷазои интизомӣ то озод намудан аз мақом андешида мешавад.

Аммо гуфта мешавад, бо он ки то имрӯз низ ҳамин бахш пайваста аз ҷониби мақомоти вазорати дохилии кишвар зери танқид ва назорат қарор дорад ва ҳатто баъзе аз иқдомҳо низ дар ин росто аз ҷумла кам кардани теъдоди нозирони пулис дар роҳҳои марказӣ рӯи даст гирифта шудааст, вале мушкил ҳанӯз ҳам ҳал нашудааст.

Таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, тақрибан дар аксари кишварҳои пасошӯравӣ кормандони БДА аз ҷумлаи бахшҳои фасодзада ном бурда мешаванд. Ва кишварҳои мухталиф дар ин замина барои бартараф кардани ҳамин мушкил аз иқдомҳои мухталиф кор гирифтанд. Коршиносон аз ҷумла таҷрибаи Гурҷистонро мисол меоранд, ки президенташ Михаил Саакашвилӣ тавонист бо ҷалби мутахассисони нав ва кам кардани нозирони роҳу баланд бурдани маоши онҳо ҷилави фасодро дар ин бахш бигирад.

Бо ин ҳол, мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон чанде пеш бо ширкати чиноии Huawei созишномаи «Шаҳри бехатар»-ро имзо карданд, ки насби камераҳои назоратӣ дар пойтахти Тоҷикистон дар назар дорад. Як ҳадафи ин барнома ошкор кардани ҷиноятҳои коррупсионии кормандони БДА ҳам гуфта мешавад. Қарор аст, рӯзҳои наздик насби ин камераҳо дар пойтахт оғоз шавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG