Пайвандҳои дастрасӣ

Агар Искандаркӯл як роҳи хуб ҳам медошт...


Искандаркӯл(акс аз бойгонӣ)

Искандаркӯл(акс аз бойгонӣ)

Як духтари тоҷик, ки барои нахустин бор ба сайёҳат баромадааст, мегӯяд, Тоҷикистони дигареро барои худ кашф кард - Тоҷикистоне хеле диданӣ, вале нообод.

Фарзонаи Мирзо, ки аз мавзеъи Қаратоғ ва Искандаркӯл дидан кардааст, мегӯяд, Тоҷикистон воқеан ҷойҳои дидание дорад, ки на танҳо сайёҳони хориҷӣ , балки сокинони худи Тоҷикистон низ дар бораашон чандон маълумоти хуб надоранд.



Ба қавли Фарзона, дар Қаратоғ ва Искандаркӯл босайёҳони зиёди англису фаронсавӣ рӯ ба рӯ шудан мумкин аст, аммо сайёҳони тоҷик дар ин гӯшаҳо тақрибан ба «тухми анқо» мемонад. Фарзона гуфт, Искандаркӯл қиссаҳои ҷолибу манзараҳои диданӣ зиёд дорад, вале як роҳи хуб - не: “Вақте мо роҳи Искандаркӯлро тай мекардем, табъам хира гашт. Зеро роҳҳо хело нообод буданд. Ҳеҷ гумон намекардам, маконе, ки ҳамеша хориҷиҳо аз он дидан мекунанд, чунин як роҳ дошта бошад.”

Ба бовари Фарзона, агар роҳҳои Искандаркӯл тармим нашаванд, сайёҳи хориҷие, ки як бор асояшро дар ин роҳ гум мекунад, гумон аст, ки бори дувум пой ба ин тараф гузорад.

Масъулини бахши сайёҳату ҷаҳонгардии Тоҷикистон низ эътироф мекунанд, ки Искандаркӯл, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, дар баробари Гармчашма дар Бадахшон ва ва Чилучорчашма дар Шаҳритус аз ҷумлаи диданитарин маконҳои табии кишвар ба шумор мераванд.

Фаррух Изатуллоев, сардори раёсати туризми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ туризмро яке аз бахшҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон унвон кард. Аммо оқои Изатуллоев бештар дар бораи аз соли 2007 узви Созмони ҷаҳонии туризм шудани Тоҷикистону муаррифии мавзӯъҳои сайёҳиаш, аз ҷумла тавассути тавзеъи варақаҳои таблиғотӣ тавассути сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ сӯҳбат мекунад.

Ӯ мегӯяд, ба ҳамин далел, шумори сайёҳони хориҷие, ки аз Тоҷикистон дидан мекунанд, сол то сол меафзояд ва дар нимаи аввали соли равон, барои мисол, ба 150 000 нафар расидааст: «Бештари сайёҳони хориҷӣ аз кишварҳои Аврупо, Амрико,Чин ва Ҷопон мебошанд. Рӯз аз рӯз туризм дар Тоҷикистон рушд карда истодааст.» Фаррух Изатуллоев афзуд, бештари сайёҳон аз минтақаҳои Бадахшон ва Зарафшон дидан мекунанд ва аз ин рӯ, аксари ширкатҳои сайёҳӣ дар ҳамин минтақаҳо фаъолият доранд.


Саразм

Саразм

Давлатхӯҷа Маҳмудов, ки сайёҳони фаронсавиро роҳбаладӣ мекунад, гуфт, туристон бештар аз кишварҳои Аврупо ва бавижа аз Фаронса ба дидани Тоҷикистон меоянд. Ба қавли Маҳмудов, онҳо асосан аз мавзеъҳои Саразм, Искандаркӯл ва Ҳафткӯл дидан мекунанд.

Сайёҳоне, ки ҷаноби Маҳмудов роҳбаладӣ кардааст, аз Самарқанд ва Бухоро ба Тоҷикистон омада буданд: «Ҳафткӯл ҳафт хел ранг дорад, ки хеле ҷолиб аст. Маҳз ҳамин чиз диққати сайёҳонро бештар ҷалб кардааст. Бинобар ин ҳоло танҳо дар Панҷакент 8 ширкати туристӣ амал мекунад.»

Дар маҷмӯъ, дар ҳоли ҳозир, дар Тоҷикистон беш аз 100 созмону ширкати сайёҳӣ амал мекунанд, ки бештарашон ба таъмини шароити ҷаҳонгардони хориҷӣ дар ҷараёни боздид аз ин кишвар машғуланд.

Гуфта мешавад, мавзеъҳои дидании таърихиву табиӣ ва меҳмоннавозии мардуми оддӣ ду омили асосиест, ки сайёҳони хориҷиро ба Тоҷикистон ҷазб мекунад. Вале ба бовари бисёриҳо, дар баробари ин роҳҳои хароб, камбуди зербино, бахусус набуди ошхонаҳову меҳмонхонаҳои муҷаҳҳаз ва бо нархи дастрас дар роҳҳои асосии сайёҳатӣ ва ҳамин тавр, масоиле, чун фасоду девонсолорӣ, ки ҳар мақоми хурду бузург ҳатман мехоҳад ҳаққи худро аз сайёҳи бечораи, ба бовари ӯ, ҳатман миллионер бирӯёнад, аз мушкилотест, ки сайёҳати бисёре аз ҷаҳонгардони хориҷӣ дар Тоҷикистонро пур аз дарди сар мегардонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG