Пайвандҳои дастрасӣ

"Шал, кет!" Талаби истеъфои Назарбоев дар кӯчаҳои Алма-Ато (ВИДЕО)


Эътироз дар Алма-Ато

Эътироз дар Алма-Ато

Дар Алма-Ато даҳҳо нафар бо талаби истеъфои раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба майдон рехтанд. Пулис дастикам 6 нафарро дастгир кардааст.

Рӯзи 15 феврал бар хилофи ҳушдори мақомот ва ҳатто додситонӣ дар бораи ғайриқонунӣ будани тазоҳурот садҳо нафар ба кӯчаҳои Алма-Ато рехта, алайҳи раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоев шиор заданд ки : «Шал, кет!» («Мӯсафед, бирав!») Бахши қазоқии Радиои Озодӣ дар бораи боздошти дастикам 6 фаъол дар ҷараёни ин эътирозҳо хабар медиҳад.

Эътирозгарон мегӯянд, уфти якбораи қурби пули миллӣ, ки рӯзи 11 феврал бо қарори Бонки милии Қазоқистон 19 дарсади қурбашро гум кард, мардумро дар як ҳолати ночорӣ қарор медиҳад. Онҳо ҳукуматро ба нотавонӣ ва ноӯҳдабароӣ айбдор карда, мегуфтанд, ки раисиҷумҳур Назарбоев бояд шахсан масъулияти нокомиҳои сиёсати иқтисодии ҳукуматашро ба дӯш гирифта, истеъфо диҳад.



​Бо ин ҳол, дар Қазоқистон дастрасӣ ба сомонаи интернетие, ки аз рӯзи 11 феврал ба ин тараф зери як петитсия бо талаби импичмент ё изҳори нобоварӣ ба раиси ин ҷумҳурӣ Нурсултон Назарбоев имзо ҷамъ меовард, баста шудааст.

Тайи ҳамагӣ 3 рӯз зери талаби изҳори нобоварӣ ба Назарбоев дар сомонаи Avaaz.org беш аз 2000 нафар имзо гузоштаанд. Ин сомона, ки худро “бузургтарин созмон ҷиҳати ташкили маъракаҳои интернетӣ бо ҳадафи тағйири ҷаҳон” унвон мекунад, аз ҷумла ба ҷамъоварии имзоҳо зери петитсияҳои мухталиф машғул аст. Рӯзи 16 феврал дар ин сомона ҷамъоварии имзоҳо бо талаби истеъфои раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович, қатъи куштани ҳайвоноти кӯчагӣ дар Бошқирдистон ва ҳатто зери номаи муштараки мухолифинони табдили номи Қазоқистон ба Қазоқ Элӣ ҳанӯз идома дошт, вале маъракаи имзоҷамъкунӣ бо талаби импичменти Назарбоев ҳатто дар хориҷ аз Қазоқистон ҳам дастнорас боқӣ монда буд.

Петитсия бо талаби истеъфои Назарбоев дар www.avaaz.org.

Петитсия бо талаби истеъфои Назарбоев дар www.avaaz.org.

Дар петитсияе ки дар 3 рӯз дар ин сомона беш аз 2000 имзо ҷамъ кард, Нурсултон Назарбоевро “масъули барномаҳои ноком дар назди мардум ва кишвар” номида, истеъфои ӯву ҳукуматаш талаб мешуд. “Мардуми Қазоқистон ҳарчӣ бештар ба умқи қашшоқӣ фурӯ меравад... Ягон мушкил дар Қазоқистон бидуни пора ҳалл намешавад. маошу нафақаҳо хеле ночизанд,” – омадааст дар ин петитсия, ки муаллифонаш то ҳол худро ошкор накардаанд. Назарбоевро ҳамчунин дар тирборони эътирозгарон дар Жанаозен ва “ҷиноят”-ҳои дигар айбдор карда, дар поёни номаи аз ӯ хостаанд, ки: “Ҷаноби Президент, шояд даврае фаро расидааст, ки Қазоқистон ба як давлати дар ҳақиқат демокративу ҳуқуқбунёд табдил ёбад, ба давлате ки президенташ тавре ҳам ки мебояд, барои даврае ба раёсат интихоб шавад, нак ин ки мисли як хилофат умрбод ҳукм биронад.”

Талаби изҳори нобоварӣ ба Назарбоев рӯзи 11 феврал, дуруст дар рӯзе матраҳ шуд, ки танга – пули миллии Қазоқистон – дучори девалватсия(беқурбшавӣ) гардид. Баъди эълони Бонки миллии Қазоқистон дар бораи якбора 19 дарсад девалватсия кардани қурби танга, нархи маҳсулот дар дӯкону бозорҳои ин кишвар якбора ва башиддат боло рафт. Ҳукумат ваъда дод, ки болоравии нархҳоро зери назорат хоҳад гирифт, вале мардуми норозӣ дар шаҳрҳои Қазоқистон, аз ҷумла дар Алма-Ато ба нишони эътироз ба кӯчаҳо рехтанд.

Худи Нурсултон Назарбоев шоми ҷумъа дар ҷаласаи вижаи ҳукумат вазиронашро ба нотавонӣ ва ноӯҳдабароӣ дар идораи умури давлатӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ айбдор кард ва ҳушдор дод, ки дар ғайри сурати ислоҳи вазъ, ҳукуматро ба истеъфо мефиристад.

Девалватсияи тангаи қазоқӣ алакай ба қурби сомонӣ дар Тоҷикистон таъсир гузоштааст. Дар рӯзҳои охир қурби сомонӣ дар саррофиҳои Душанбе ҳарчанд расман 4,95 сомонӣ нишон дода мешавад, вале дар амал ягон сарроф ба қимати пойинтар аз 5 сомонӣ долларро ба пули тоҷикӣ иваз намекунад.

Н.Назарбоев

Н.Назарбоев

Нурсултон Назарбоев 74 сол дошта, аз соли 1989, инак 25 сол боз бар Қазоқистон, аз нигҳои шумораи аҳолӣ дувум вале аз нигоҳи масоҳат ва захоири маодин ва нафту газ бузургтарин кишвари Осиёи Марказӣ, раҳбарӣ мекунад. Замони кунунии раёсати ӯ дар соли 2016 ба поён мерасад. Вале Назарбоев, ки дар соли 2010 аз тариқи қонун лақаби расмии Элбошӣ, яъне Доҳии миллатро гирифтааст, тайи 25 соли раёсаташ чандин бор тавассути тағйири Қонуни асосӣ ва қонунҳои дигари Қазоқистон заминаро барои тамдиди замони раҳбарии худ фароҳам овардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG