Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати ИМА аз ҷудоихоҳону Русия ба риояи оташбас дар Украина


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз Русия даъват кард, ки низоми оташбасро дар шарқи Украина риоя кунад. Дар изҳороти Департаменти давлатии ИМА омадааст, ки ҷудоихоҳони мавриди ҳимояти Кремл дар Донбасс бо дастгирии низомиёни рус ба нозирони байналмилалӣ ҳамла мекунанд.

Сухан дар бораи тирборони ҳайати хоси нозирони САҲА (Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо) ва тасарруфи дастгоҳҳои бесарнишин аз тарафи ҷудоихоҳон меравад, ки рӯзи ҷумъаи гузашта иттифоқ афтод.

Департаменти давлатии ИМА ҳамчунин аз ҷудоихоҳон даъват кард, то ҳамла ба зербиноҳои маданӣ, аз ҷумла Истгоҳи полоиши оби Донетскро қатъ карда, бар пояи қарордоди Минск тамоми техникаҳои вазнини ҳарбияшонро берун баранд.

Ҳафтаи гузашта вазъ дар Донбасс бад шуда, 24 феврал Истгоҳи полоишии он аз кор бозмонд, ки дар натиҷа ҳазорҳо одам бе об монданд. Ҷудоихоҳон гуфтанд, истгоҳро ҷангиёни гурӯҳҳои тундрави украин ғасб кардаанд. Киев Ҷумҳурии худхондаи Донетскро ба тирборон айбдор мекунад. Ҳар ду тараф мегӯянд, низоми оташбасро вайрон накардаанд.

XS
SM
MD
LG