Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти нахустин гумонбар дар Бодканд


Рустои Қара-Булоқи вилояти Бодканди Қирғизистон.

Рустои Қара-Булоқи вилояти Бодканди Қирғизистон.

Дар Бодканд яке аз ду гумонбар ба қатли хонаводаи Эралиевҳоро боздошт кардаанд. Мақомот гуфтаанд, ду гумонбари ин ҳодиса аз наздикони оилаи Эралиевҳо будаанд.

Дар ин бора ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дар вилояти Бодканд хабар доданд. Ба гуфти манбаъ, ҳарду гумонбар, ки 20 ва 22-солаанд, аз хешовандони хонаводаи қатлшуда будаанд.

Ҳангоми боздошт аз якеи онҳо силоҳи оташфишон дарёфт шудааст. Гуфта мешавад, ин силоҳ барои қатли чор узви оилаи Эралиевҳо истифода шуда буд.

Дастгиршуда дар рафти бозпурсӣ гуфтааст, ки онҳо ба ин ҷиноят дар пайи муноқишаи хешутаборӣ даст задаанд. Айни ҳол, шахси дувуми гумонбар дар ин ҷиноят дар кофтукоби пулис қарор дорад.

Ба гуфти сухангӯи вазорати умури дохилаи Қирғизистон Эрнис Усмонбоева, сардори оила Тоҷибой Эралиеви 54-сола ҷон ба саломат бурдааст.

Ҳамсари 52-сола, писари 27-сола, келини 25-сола ва набераи яксолаи Тоҷибой Эралиев кушта шудаанд. Ғайр аз ин набераи сесолаи ин оила ҳам зинда мондааст, вале табибон вазъи саломатии Тоҷибой Эралиевро вазнин гуфтаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар рустои Қара-Булоқи вилояти Бодканди Қирғизистон шаби 5 ба 6-уми сентябр афроди мусаллаҳи ношинос ин хонаводаро тирборон карданд. Ин хонавода дар канори рустои Қара-Булоқ мезист, ки аз марзи Узбакистон 30 километр ва аз марзи Тоҷикистон 100 километр дур ҷойгир аст.

Хонае ки дар он оилаи Халлоқовҳо зиндагӣ мекарданд ва шаби 20-уми август мавриди тирборони шахсони номаълум қарор гирифтанд.

Хонае ки дар он оилаи Халлоқовҳо зиндагӣ мекарданд ва шаби 20-уми август мавриди тирборони шахсони номаълум қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, ки ин куштор ба куштори хонаводае дар деҳаи Чоркӯҳи Исфара шабоҳат дорад. Дар он ҳодиса ҳам чаҳор нафар аз аҳли хонаводае, ки дуртар аз дигар мезистанд ва аз тири туфанги шикорӣ кушта шуда буданд.

Ёдовар мешавем, моҳи гузашта бар асари ҳамлаи афроди ношинос ба хонаводае дар хоҷагии деҳқонии №5, ҷамоати деҳоти «Чоркӯҳ»-и ноҳияи Исфара Бобо Халлоқов, номи дигараш Абдуқаҳҳор, соли таваллудаш 1952, ҳамсараш Халлоқова Мӯҳтарама, соли таваллудаш 1953, духтараш Мамадҷонова Гулчеҳра, соли таваллудаш 1975, ки бо писараш, қурбонии чорум -Халлоқов Иноятулло, соли таваллудаш 2000 ба меҳмонӣ омада буд, ҳамагӣ сокини ҷамоати деҳоти «Чоркӯҳ» - и ноҳияи Исфара ба ҳалокат расиданд.

Ягона нафаре, ки бо чашмонаш афроди мусаллаҳро дидааст, фарзанди 17-солаи ин хонавода - Идрисбой Халлоқов - мебошад, ки дар ҳамлаи шаби 20 август ҷон ба саломат бурдааст.

Яке аз сокинони Чоркӯҳ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки келини Абдуқаҳҳор Ҳаллоқов низ дар ин ҳодиса пинҳон шуда, зинда мондааст, вале ӯ танҳо садои афроди мусаллаҳро шунидааст, ки ба забони русӣ ва қирғизӣ гап мезаданд, вале чеҳраи онҳо ё либоси онҳоро надидадаст. Ва ҳамчунин Иброҳими 10-сола низ аз ин ҳодиса зинда мондааст, ки вай ҳам бо чашмони худаш афроди ҳамлаварро надидааст.

Бо амри вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов, гурӯҳи махсуси фаврӣ - тафтишотӣ созмон дода шуда, барои муқаррар ва боздошт кардани ҷинояткорон корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ то ҳол идома доранд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон хабари боздошти яке аз қотилонро, ки чанд рӯз пеш нашр шуд, то ҳол расман таъйид накардаанд.

Бино ба натоиҷи ташхисоти аввалия, ҳамлагарон аҳли ин хонаводаро латукӯб накардаанд ва барои куштани онҳо аз каммони варзишии навъи ТОЗ – 12 – и истеҳсоли корхонаи силоҳи Тулаи Русия истифода кардаанд, ки аслан милтиқи шикорист. Дар бораи сабабҳои ин куштор мақомот то ба ҳол ягон фарзияи расмиро пешниҳод накардаанд.

XS
SM
MD
LG