Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 2 тоҷик дар марзи Туркия бо Сурия


Мақомоти вилояти Ғозиёнтеппаи Туркия гуфтанд, ду шаҳвранди Тоҷикистонро боздошт кардаанд, ки қасди сафар ба Сурия ва нияти пайвастан ба гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро доштаанд.

Мақомоти Туркия аз боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми сафарашон ба Сурия хабар доданд. Оҷонсии расмии "Анадолу"-и Туркия мегӯяд, ин шаҳрвандони Тоҷикистон қасд доштаанд, аз роҳи ғайриқонунӣ ба Сурия гузашта, ба гуруӯҳи "Давлати исломӣ" бипайванданд. Аз ин афрод ном бурда нашудааст ва маълум нест, онҳо аз кадом минтақаи Тоҷикистонанд.

Аммо "Анадолу" хабар додааст, дар баробари ин ду сокини Тоҷикистон, як шаҳрванди Узбакистон ва чор шаҳрванди Русия, ки низ қасди вуруд ба Сурия ва пайвастан ба гуруҳи "Давлати исломӣ"-ро доштаанд, боздошт гардидаанд. Ин ҳафт нафар рӯзи 3 апрел дар Ғозиёнтеппа, воқеъ дар ҷанубушарқи Туркия, ҳаммарз бо Сурия, дастгир шуда ва ҳоло мамнуъулхуруҷанд.

Аз ин пеш мақомоти вилояти Ғозиёнтеппа гуфта буданд, дар тӯли 4 соли охир аз талоши ба Сурия ворид шудани 269 нафар аз 27 кишвар ҷилавгирӣ карда, аз ин шумор 49 нафарро ихроҷ ва 45 тани дигарро зиндонӣ кардаанд. Аз ҷумла, 4 шаҳрванди Тоҷикистон ба узвият дар созмони террористӣ айбдор шуда, якеи дигар бо муҷозоти маъмурӣ "халос" хӯрдааст.

Хабаргузории расмии "Анадолу" 25 марти соли ҷорӣ аз қавли мақомоти ин вилояти Туркия хабар дод, ки аз ин 269 нафар 173 нафар шаҳрвандони худи Туркия, 27 тан аз Русия, 9 нафар аз Олмон, 6 тан аз Қазоқистон, 5 нафар аз Туркистони шарқӣ (вилояти Шинҷони Чин), 4 нафар аз Тоҷикистон, сенафарӣ - аз Узбакистон, Либия ва Тринидад ва Тобаго ва 17 кишвари дигар дунафариву якнафарӣ будаанд. Ин афрод ҳама ба узвият дар созмони террористӣ айбдор шудаанд.

Мақомоти ин вилояти Туркия ҳамчунин хабар додаанд, 202 нафари дигар аз 34 кишвар, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон, 5 нафар аз Узбакистон ва чорнафарӣ - аз Қазоқистону Қирғизистонро таҳти муҷозоти маъмурӣ қарор додаанд.

Туркия як масири асосии ба Сурияву Ироқ рафтани ҷангиён аз кишварҳои хориҷӣ ба шумор меравад. Рӯзи 25 март мақомоти Туркия хабар доданд, ки танҳо дар моҳи март аз рафтани ҳудуди 50 хориҷӣ, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷанги Сурияву Ироқ ҷилавгирӣ карда, аксари онҳоро ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ кардааст.

Шаҳнозаи Бозорзода, сокини 25-солаи ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ ва зодаи шаҳри Кӯлоб, дар моҳи гузашта дар роҳи сафари Сурия дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон пас оварда шуд. Шаҳноза, бино ба гузориши телевизиони давлатии Тоҷикистон, тавассути шабакаҳои “Одноклассники” ва “Вайбер” бо Сабзқадам ном ҷавони тоҷике, ки дар Сурия будааст, робита барқарор карда, таҳти таъсири сӯҳбатҳои ӯ аз таҳсил дар Донишгоҳи тиббӣ даст мекашад ва роҳи Ховари Миёнаро пеш мегирад, вале дар Туркия ӯро аз роҳ мегардонанд.

Туркия, ки бо кишварҳои зиёди дунё, аз ҷумла бо Тоҷикистон, режими раводид надорад, як масири умдаи ба Сурия рехтани сели довталабони “ҷиҳод” ба шумор меравад.Ин кишвар ба далели, ба гуфтаи мунтақидон, таваҷҷӯҳи нокофиаш ба равуои ҷангиён аз қаламраваш дар ин авохир таҳти фишори афзояндаи байналмилалӣ қарор дошт.

Моҳи сентябри соли гузашта дар фурудгоҳи Ӯш Комил Раҳматов, сокини 45-солаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд боздошти шуд, ки қасди иштирок дар ҷанг алайҳи Исроил ё яҳудиёнро дошт. Вай ҳоло дар боздоштгоҳ ба сар мебарад ва парвандааш таҳқиқ мешавад. Дар моҳи марти соли ҷорӣ низ мақомоти Қирғизистон аз боздошти боз се шаҳрванди Тоҷикистон дар роҳ ба сӯи Сурия хабар дода гуфтанд, онҳоро ба ҷониби Тоҷикистон таслим кардаанд. Аммо то кунун мақомоти Тоҷикистон дар ин бора иттилоъ надодаанд.

XS
SM
MD
LG