Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси кӯҳнаи об дар суҳбати Мирзиёев ва Назарбоев. САДО, ВИДЕО


Шавкат Мирзиёев бо Нурсултон Назарбоев
Шавкат Мирзиёев бо Нурсултон Назарбоев

Баҳси истифода аз захираҳои оби Осиёи Марказӣ яке аз мавзуъҳое буд, ки дар мулоқоти расмии раҳбарони Узбакистону Қазоқистон – Шавкат Мирзиёев ва Нурсултон Назарбоев – дар Остона матраҳ шуд. Ин нахустин сафари Мирзиёев ба Қазоқистон дар мақоми президенти Узбакистон аст.

Мирзиёев ва Назарбоев аз тақсими одилонаи оби минтақа гуфтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:32 0:00
Линки мустақим

Шавкат Мирзиёев ҳоло талош дорад, дар дохили Узбакистон ва минтақа ҷойгоҳеро, ки Ислом Каримов дошт, касб кунад. Шояд дар сиёсат каме фарқ кунад, аммо дар маҷмӯъ ӯ ҳамон сиёсати Каримовро пеш хоҳад бурд.

"Масъулияти бузурги" Узбакистону Қазоқистон

Дар мулоқоти рӯзи 23 март ду раҳбар масоили мухталифи мавриди ҳамкории ду ҷониб – аз ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ то сиёсӣ – баррасӣ шуд. Назарбоев дар мулоқоташ ба аҳамияти ҳамкориҳои ду кишвари, ба қавли ӯ, “бародар” таъкид кард. Мирзиёев ҳам гуфт, ки Қазоқистону Узбакистон барои ҳифзи субот дар Осиёи Марказӣ “масъулияти бузург ба дӯш доранд”.

Яке аз мавзуъҳои мавриди баррасии ду раҳбар – истифода аз захираҳои об ва ҳам вазъи баҳри Арал буд. Нурсултон Назарбоев ҳангоми сӯҳбат бо Мирзиёев таъкид кардааст, захираҳои об ва рӯдхонаҳое, ки аз миёни кишварҳо дар Осиёи Марказӣ убур мекунанд, моли ҳамаи кишварҳои минтақа маҳсуб меёбад ва онҳо бояд бидуни зиён ба кишварҳои поёноб мавриди истифода қарор бигиранд.

Назарбоев ва Мирзиёев дар бораи вазъи минтақа ва ҳамкориҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:50 0:00

Баҳси кӯҳна – бо раҳбари нав

Аслан баҳси истифодаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ нав нест, вале матраҳ шудани он бо раҳбари нави Узбакистон паёмҳои тоза аз мавзеъгирии кишварҳои ба истилоҳ поёноб дорад. Ин мавзӯъ зимни сафари Шавкат Мирзиёев ба Ишқобод низ садо дода буд ва ҳоло Нурсултон Назарбоев онро рӯшантар кард. Тоҷикистон ва Қирғизистон дорои аксари захираҳои оби Осиёи Марказӣ мебошанд, аммо дар гузашта сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ-барқӣ дар ин кишварҳо боис ба нигаронии Узбакистон ҳамчун кишвари поёноб шуда буд.

Қосими Бекмуҳаммад
Қосими Бекмуҳаммад

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, ба назар мерасад, ки Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон – се кишвари поёноби Осиёи Марказӣ дидгоҳҳои худ сари тақсими захираҳои оби минтақаро мутамарказтар месозанд.

Ӯ гуфт, “ин масъала нишон медиҳад, ки Мирзиёев баҳси истифода аз захираҳои об дар Осиёи Марказиро аз авлавиятҳои сиёсати худ интихоб кардааст. Аз он лиҳоз ки ҳам дар Ишқобод ва ҳам дар Остона вазъияти баҳри Арал ва захираҳои обу энержии Осиёи Марказӣ матраҳ шуд. Дар ин масъала шояд ин кишварҳо фишорҳои худ болои Душанбе ва Бишкекро бештар кунанд. Агар ин кишварҳо, воқеан, дар ғами наҷоти баҳри Арал бошанд, бояд аз ислоҳи худ оғоз кунанд.”

Дуо аз аз раҳбари дарозумри Осиёи Марказӣ

Шавкат Мирзиёев ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Шавкат Мирзиёев ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбакистон, бори дувум аст, ки ба хориҷ аз кишвараш сафари расмӣ анҷом медиҳад. Моҳи феврал ӯ меҳмони Ишқобод ва президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов буд. Таҳлилгарон мегӯянд, ин кишварҳое ҳастанд, ки замони раҳбарии Ислом Каримов ҳам дар равобити ду ҷониб мушкили ҷиддие вуҷуд надошт.

Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси масоили сиёсӣ дар Тоҷикистон, гуфт, Қазоқистон як кишвари калидии Осиёи Марказӣ аст ва сафари Мирзиёев низ ба ин кишвар ба истилоҳ “дуо гирифтан” аз як раҳбари дарозумр, мувофиқа кардани сиёсатҳои минтақавӣ бо ӯ ва ба ин васила ҷойгоҳи бештар пайдо кардан дар минтақаву Узбакистон аст.

"Барои ӯ муҳим аст, ки Назарбоев то куҷо дастгирӣ мекунад"

Ин коршиноси тоҷик гуфт, “Мирзиёев ҳоло талош дорад, дар дохили Узбакистон ва минтақа ҷойгоҳеро, ки Ислом Каримов дошт, касб кунад. Шояд дар сиёсат каме фарқ кунад, аммо дар маҷмӯъ ӯ ҳамон сиёсати Каримовро пеш хоҳад бурд. Барои ин, ҳоло бо як раҳбари қавӣ ва дарозумри дигари Осиёи Марказӣ гуфтугӯ кард, то мавқеи худ дар минтақаро низ барои оянда муайян кунад. Барои ӯ муҳим аст, ки дар ин роҳ то куҷо ӯро Назарбоев дастгирӣ мекунад.”

Рашид Ғанӣ Абдулло
Рашид Ғанӣ Абдулло

Ба қавли Рашид Ғанӣ Абдулло, Тоҷикистону Қирғизистон бояд ин мулоқотро пайгирӣ кунанд ва барои ояндаи худ аз онҳо хулосагирӣ намоянд. Ӯ афзуд, “ин мавзеъгириҳо кӯҳан аст ва аз замони Каримов боқӣ мондааст. Мо бояд гӯш кунем ва кори худамонро давом диҳем. Пайи нақшаҳои худ бошем ва онҳоро зудтар амалӣ кунем, то ҳарфамон дар минтақа таъсиргузор шавад.”

Ҳамааш аз Русия вобаста аст?

Аммо Қосими Бекмуҳаммад мегӯяд, мавзеъгирии се кишвари Осиёи Марказӣ дар ҳоле ҷомаи амал хоҳад пӯшид, ки онҳо пуштибонии Русияро дарёфт кунанд.

Шавкат Мирзиёев баъд аз марги Ислом Каримов охири соли 2016 президенти Узбакистон интихоб шуд ва сафари ӯ ба Қазоқистон дувумин сафари хориҷии ӯ дониста мешавад. Дар ҷараёни сафар ба Қазоқистон чанд созишномаи аз назари мақомоти ҳарду кишвар муҳим ба имзо расиданд. Аз ҷумла, созишнома оид ба густариши минбаъдаи шарикии стратегии ҳусни ҳамҷаворӣ ва таҳкими ҳамсоядории дӯстона миёни Қазоқистон ва Узбакистон, созишномаи ҳамкориҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ, Стратегияи ҳамкориҳои иқтисодӣ барои солҳои 2017-2019, Протокол дар бораи ворид кардани тағйирот ба Созишнома дар мавриди андозбандии дукарата, Протокол оид ба тағйир ва илова бар созишномаи байналмиллалии ҳаракати нақлёт, барномаи ҳамкори миёни Вазорати корҳои хориҷаи ду кишвар, Созишнома оид ба ҳамкориҳои ҳарбӣ миёни ду кишвар ба имзо мерасад.

Нурсултон Назарбоев ва Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон. Акс аз бойгонӣ
Нурсултон Назарбоев ва Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон. Акс аз бойгонӣ

Нурсултон Назарбоев гуфтааст, аз замони сари қудрат омадани Мирзиёев танҳо дар панҷ моҳи ахир гардиши мол миёни ду кишвар 30 дар сад боло рафтааст. Дар ин муддат чор Маркази тиҷоратӣ боз шудааст, ки молҳои ду кишварро ба мизоҷон ба фурӯш мегузорад. Ӯ ба ҳамтои худ барои бардоштани садд ё мониаҳо дар мавриди тиҷорат миёни ду кишвар изҳори сипос кардааст. Раиси ҷумҳури Қазоқистон, инчунин, афзудааст, миёни Тошканду Остона масъалаҳои ҳалношуда боқӣ намондааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ин ду кишвар на ихтилофи сиёсӣ, марзӣ ва иқтисодӣ миёни ҳам надоранд.

XS
SM
MD
LG