Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷилавгирӣ аз гусели 4 зани тоҷик ва кӯдаконашон ба "ҷиҳод"


Роҳи миёни Исфара ва Бодканд

Роҳи миёни Исфара ва Бодканд

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ду шаҳрванди Қирғизистон қасд доштаанд, ки чаҳор зани тоҷикро ҳамроҳ бо фарзандони хурдсолашон ба майдонҳои ҷанг дар Сурия "гусел" кунанд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ду шаҳрванди Қирғизистонро ба иттиҳоми ҷалби чаҳор зани тоҷик барои иштирок дар ҷангҳои Сурия боздошт кардаанд. Вазорати корҳои дохилӣ 9 октябр бо нашри изҳороти расмӣ гуфт, Ҷаҳонгир Курмишев ва Канибек Ниманов охирҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ дар марзи миёни Исфара ва Бодканд ба даст афтодаанд.

Ба иттилои ВКД, ин ду шаҳрванди Қирғизистон хатти сарҳади Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур карда, сокинони деҳаи Навбаҳори ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон - Шербекова Дилафрӯз Тошпулотовна (1991)-ро бо ҳамроҳии фарзандаш Шербекова Муслима Панҷиевна (2015) ва Шербекова Адолат Тағойқуловна (1964), Шербекова Олмахон Сафаралиевна (1988)-ро бо ҳамроҳии фарзандонаш Шербеков Абдулло Асатуллоевич (2011) ва Шербекова Хадича Асатуллоевна (2014) ва сокини Исфара Муминова Қумрӣ Аюбҷоновна (1995)-ро бо ҳамроҳии фарзандаш Муминов Ҳадятулло Азимович (2013) пешвоз гирифтаанд.

Шаҳрвандони боздоштшудаи Қирғизистон қасд доштаанд, ин сокинони Қубодиён ва Исфараро "ғайриқонунӣ аз хатти сарҳади Тоҷикистон гузаронда, ба шаҳри Бишкек дастрас намуда, бо тайёр намудани ҳуҷҷатҳои қалбакии тасдиқкунандаи шахсият ба воситаи ҳавопаймо аз фурудгоҳи Бишкек ба Туркия ва сипас дар оянда бо мақсади иштирок дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухӯрдҳои мусаллаҳона ва амалиёти ҷангӣ ба Сурия сафарбар намоянд."

Мақомот мегӯянд, дар ин робита парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Ин хабар дар ҳоле аз забони мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон садо медиҳад, ки рӯзи 6 октябр пайвандони Ҷаҳонгир Курмишев ба назди бинои ҳукумати вилояти Бодканди Қирғизистон ҷамъ омада, ҷустуҷӯву пайдо карданашро талаб карданд. Бародари Ҷаҳонгир Курмишев – Сироҷидин гуфтааст, ки як сокини Қадамҷои ҷануби Қирғизистон бо номи Канибек ба назди бародараш омада, хоҳиш карда буд, то шаҳрвандони тоҷикро то Ӯш ё Бишкек бубарад. “Бародарам розӣ шуд ва ҳамроҳи вай ба роҳ афтод,” -- нақл кардааст ӯ.

Бар пояи омори расмӣ, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар ҳудуди Ироқ ва Сурия меҷанганд, беш аз 500 нафар буда, мақомот мегӯянд, то имрӯз даҳҳо нафари онҳо кушта шудаанд. Ҳамчунин ҳудуди 36 тан аз шаҳрвандони тоҷик бо эҳсоси пушаймонӣ аз “Давлати исломӣ”аз Сурияву Ироқ ба ватан баргаштанд ва даҳҳо нафари дигар ҳангоми қасди сафар ба “ҷиҳод” дар хоки Тоҷикистону Туркия боздошт шуданд. Мақомоти Суғд мегӯянд, 110 нафаре, ки дар Сурия меҷанганд, сокини Суғд ва бештари онҳо, 62 нафар аз ноҳияи Исфара мебошанд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, аксари ин афрод ҳнгоми муҳоҷирати корӣ дар Русия бо роҳи Туркия ба Сурия рафтаанд. Ҳамзамон боздошти чандин шаҳрвандони тоҷик, ки бо роҳи Қирғизистон роҳ сӯи Сурияву Ироқу Фаластин доштанд, ҳокист, ки роҳи Исфараву Ӯшу Бишкек барои шаҳрвандони тоҷик як масири асосии хориҷ шудан аз Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Марзҳои байни ин ду кишвар барои убуру мурури шаҳрвандонашон боз аст ва таксиронҳои тоҷику қирғиз сокинонро аз Исфараву Бодканд бидуни мамониат то Ӯш ва Бишкек бурда меоранд. Ҳамчунин сафар ба кишварҳои дигар бо роҳи ҳавоии Қирғизистон арзонтар аст, аз ин рӯ бархе шаҳрвандони тоҷик ба кишварҳои Туркияву Русия аз майдонҳои ҳавоии Ӯшу Бишкек сафар мекунанд.

Моҳи сентябри соли гузаштаи 2014 пулиси қирғиз дар фурудгоҳи шаҳри Ӯш, ҷануби Қирғизистон, Комил Раҳматов -- сокини ноҳияи Спитмени Тоҷикистонро бар асоси маълумоти фаврии ҳамтоёни тоҷики худ дастгир кард, ки дар даст билети парвоз то Туркияро дошта, қасди "ҷиҳод" дар Фаластинро дошт. Вай ба пулиси қирғиз гуфтааст, ки гови худро фурӯхта, то Туркия билет гирифт. Қабл аз он Насиба Фаттоева, зане аз Исфара, ки мехост бо ду кӯдак ва саввумӣ дар батнаш ба назди шавҳараш, ки дар Сурия меҷангид равад, аз марзи Қирғизистон ақиб гардонда шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG