Пайвандҳои дастрасӣ

Эълони айб алайҳи раҳбари як бахши Дастгоҳи президент


Қадамҷон Сафизода

Қадамҷон Сафизода

Додситонӣ мегӯяд, ки алайҳи мудири Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи президент "барои соҳикбории ғайриқонунӣ" парванда боз кардааст.

Додситонии шаҳри Душанбе алайҳи Қадамҷон Сафизода, мудири Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, бар асоси моддаи 259 (қисми 2)-и Кодекси ҷиноӣ айб эълон кардааст. Ин моддаи қонуни ҷиноӣ "соҳибкории ғайриқонунӣ аз ҷониби гурӯҳи муташаккил"-ро дар назар дорад ва дар сурати исботаш ҷарима то 900 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё аз се то панҷ сол ҷазоро пешбинӣ мекунад. Талаби "пора" ва дигар гумонҳо алайҳи ӯ собит нашудаанд.

Боздошти Қадамҷон Сафизодаи 34-сола рӯзи 3 апрели соли ҷорӣ аз сӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сурат гирифта, аммо танҳо 18 апрел ин хабар тасдиқи худро пайдо кард. Ӯ ҳоло дар Боздоштгоҳи рақами яки Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.

Алакай рӯзи 4 апрел амри раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон нашр шуд, ки дар он омадааст: "Сафизода Қадамҷон Исмат аз вазифаи мудири Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад." Дар ин амр сабабҳои барканории ин мансабдор гуфта нашудааст.

Қадамҷон Сафизода

Қадамҷон Сафизода

Қаблан манобеи Озодӣ гуфта буданд, ки Қадамҷон Сафизода, мудири Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дар "истифодаи нодурусти маблағҳо" гумонбар дониста мешавад. Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ ба Озодӣ гуфт, ки парвандаи Сафизода аз ҷониби муфаттишони Вазорати корҳои дохилӣ якҷоя бо муфаттишони додситонӣ тафтиш мешавад.

Ин манбаъ афзуд, пас аз боздошт тафтишҳои аввалия собит кардааст, Сафизода маблағҳои Маркази зери раҳбариашро нодуруст ва ғайримақсаднок истифода кардааст.

Аммо наздикони Қадамҷон Сафизода боздошти ӯро “ҳайратовар” медонанд ва мегӯянд, ки баъд аз боздошташ то ҳанӯз бо ӯ вонахӯрдаанд. ​Исмат Сафиев, падари Қадамҷон Сафизода, рӯзи 18 апрел дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, эҳтимол писараш дар пайи кадом нофаҳмие боздошт шудааст ва умед дорад, ки озод хоҳад шуд.

Ӯ гуфт, "мо аз боздошташ як рӯз пас хабар ёфтем. На телефонаш кор мекард, на худаш аз ягон ҷой тамос мегирифт. Хавотир шудем, ки ин бача куҷо шудааст. Бовар надорам, ки писарам кадом кори баде карда бошад. Ӯ ҳамеша мегуфт, ки президент ҳангоми таъин ба ин вазифа аз ӯ дархост кардааст, то ҳалол кор кунад. Талош мекард, то ба боварии сарвари давлат сазовор бошад."

Қадамҷон Сафизода дар 23-солагӣ ба Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ба кор рафта, алакай дар 26-солагиаш вазифаи муовини раиси ин ниҳодро бар ӯҳда дошт. Замони муовинӣ ӯ бо матбуот сӯҳбат карда, дар чорабиниҳои созмонҳои ҷамъиятӣ низ аз номи ин ниҳод иштирок ва суханронӣ мекард.

14 январи соли 2012 Қадамҷон Сафизода дар ҳоле ки ҳамагӣ 30 сол дошт, ба унвони мудири Маркази иттилоотию техникии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таъин шуд. Маркази иттилоотию техникии Дастгоҳи президент аз муҳимтарин ниҳодҳои ин идора ҳисоб мешавад.

Қадамҷон Сафизода хатмкардаи факулати ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон буда, номзади илмҳои техникист. Оиладор ва соҳиби се фарзанд аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG