Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси абад ба қотили сарроф ва ҳамсари ӯ


Фахриддин Мирбобоев дар қатли як сарроф ва ҳамсари ӯ муҷрим шинохта шуда ва ба ҳабси абад маҳкум гардид. Додгоҳи вилояти Суғд Фахриддин Мирбобоев, сокини 32-солаи шаҳри Истаравшанро дар қатли корманди нуқтаи мубодилаи асъор Шӯҳрат Ҷалолов ва ҳамсари ӯ муҷрим шинохта, ба ҳабси абад маҳкум кард. Додгоҳи Суғд мегӯяд, Фахриддин Мирбобоев якҷоя бо Мирзо Олимов, ки ӯ ҳам корманди нуқтаи мубодилаи асъор буд, Шӯҳрат Ҷалолову ҳамсарашро бо зарби корд ба қатл расонда ва аз манзили онҳо 28 ҳазор сомониро рабудаанд. Аммо баъдан Мирзо Олимов, ки дар ин дуздӣ даст дошт, худкушӣ кардааст. Ҳамла ба кормандони нуқтаи мубодилаи асъор ё саррофон дар Тоҷикистон бори аввал нест. Танҳо дар моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд ду сарроф ба қатл расонда шуданд.
XS
SM
MD
LG