Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch аз боздошти, ба қавли масъулонаш, мармузи Ҷаннат Ҳамзаева – ҳамсари Собир Валиев – шадидан изҳори нигаронӣ карда, аз мақомоти Қирғизистон хост, ки ӯро раҳо кунанд. Стив Свердлов, пажӯҳишгари умури Осиёи Марказӣ дар Дидбони ҳуқуқи башар, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоле ки алайҳи ҳамсари Собир Валиев ҳеҷ иттиҳом баён нашудааст, ӯ дар давоми як рӯзи гузашта натанҳо натавонист бо хонаводааш дидор кунад, балки аз мулоқот бо вакили дифояш низ маҳрум мондааст.

"Ин хавф вуҷуд дорад, ки боздошти Ҷаннат Ҳамзаева ба фаъолиятҳои сиёсии Собир Валиев рабт дошта бошад. Валиев яке аз фаъолони “Гурӯҳи 24” аст, ки дар Тоҷикистон ислоҳотро мехоҳад. Умед дорам, ки Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ба ҳуқуқи Ҷаннат эҳтиром мегузорад ва мо низ фаъолона ин қазияро пайгирӣ хоҳем кард”, - афзуд Свердлов.

Ҷаннат Ҳамзаева

Ҷаннат Ҳамзаева

Ин пажӯҳишгари созмони Дидбони ҳуқуқи башар аз эҳтимол дур надонист, ки боздошти ҳамсари мухолифи ҳукумати Тоҷикистон бо дархости ин кишвар сурат гирифтааст, аммо гуфт, "ҳанӯз дар ин замина далели кофӣ дар даст надорем".

"Тагурӯ карданду рафтанд"

Хонаводаи Ҷаннат Ҳамзаева, ҳамсари Собир Валиев – фаъоли созмони "Гурӯҳи 24" – мегӯянд, ки ба онҳо ва вакили дифоъ иҷоза дода нашудааст, бо ӯ дидор кунанд. Ҷаннат Ҳамзаева шаби 1 ба 2 октябр, баъди парвозаш аз Истанбул ба Бишкек, аз тарафи нерӯҳои амниятии Қирғизистон дар фурудгоҳи Манас боздошт шуд. Мақомоти амниятӣ то ҳол аз шарҳи ин хабар худдорӣ мекунанд.

Модараш дар пойтахти Қирғизистон зиндагӣ мекунанд ва бемор ҳастанд. Ҳамсарам барои нигоҳубини модараш ба онҷо рафт.

​Собир Валиев 2 октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки нерӯҳои амниятӣ рӯзи якшанбе хонаи хушдоманаш Лилиана Кимро дар Бишкек кофтукоб карда, ба хабарнигорон иҷоза надодаанд, то ин саҳнаро ба навор гиранд. Ба қавли ӯ, дар ҷараёни кофтукоби хона Ҷаннат Ҳамзаева низ иштирок карда ва баъди анҷомаш нерӯҳои амниятӣ ӯро бо худ бурдаанд.

Лилиана Ким, модари Ҷаннат Ҳамзаева

Лилиана Ким, модари Ҷаннат Ҳамзаева

Лилиана Кими 58-сола ва маъюби гуруҳи дувум дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ки аз чунин бархӯрди мақомоти амниятии кишвар сахт нигарон аст. "Тамоми умр дар ҳамин ҷо зиндагӣ карда, фарзандонро ба дунё овардам ва кор кардам. Ин амали онҳо паст задани шаъну эътибори ман буд. Онҳо се нафар буданд ва ҳеҷ санадеро нагузоштанд. Фақат баъди тагурӯ кардани хона имзои маро гирифтанду рафтанд. Духтарамро боздошт кардаанд, дар ҳоле ки ӯ ҳеҷ гуноҳ надорад. Ӯ ягон кори бад накардааст."

Гулнора Айталиева, модархонди Ҷаннат Ҳамзаева, ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот дархости онҳоро дар бораи он ки духтарашон ба шарти берун нарафтан озод шавад, рад намудаанд. "Онҳо гуфтанд, ки имрӯз истироҳат аст ва соати 9-и рӯзи 3 октябр биёед", - афзуд Айталиева.

Хонаи Гулнора Айталиева, баъди кофтукоби нерӯҳои амниятии Қирғизистон

Хонаи Гулнора Айталиева, баъди кофтукоби нерӯҳои амниятии Қирғизистон

​Ҳоло қазияи боздошти Ҷаннат Ҳамзаеваро созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар дар Қирғизистон ва вакили дифояш пайгирӣ доранд. Онҳо тахмин мезананд, ки дастгир шудани ӯ шояд ба фаъолиятҳои сиёсии Собир Валиев рабт дошта бошад. Собир Валиев ахиран дар ҳамоиши Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Варшава иштирок карда буд.

Худи Валиев мегӯяд, ҳамсараш шаҳрванди Қирғизистон буда, аслан ба корҳои сиёсӣ дахолат надошт. Ӯ гуфт, Ҷаннат Ҳамзаева танҳо барои нигоҳубини модараш ба Бишкек рафта буд. "Модараш дар пойтахти Қирғизистон зиндагӣ мекунанд ва бемор ҳастанд. Ҳамсарам барои нигоҳубини модараш ба онҷо рафт. Аммо субҳ, вақте тамос гирифтам, гуфтанд, ки то ҳол ба хона наомадааст. Хавотир шуда, ба шиносҳо занг задам. Ба ман хабар доданд, ки ӯ боздошт шудаст", - гуфт Собир Валиев.

Собир Валиев

Собир Валиев

Собир Валиеви 28-сола як соли қабл ба ҳайси яке аз фаъолони созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24" муаррифӣ шуда, дар моҳи августи соли 2015 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Кишинёв боздошт шуд. Ӯ тақрибан як моҳро дар боздоштгоҳи пойтахти Молдова паси сар кард ва баъдан бо қарори Додгоҳи ин кишвар озод гардид. Собир Валиев дар чанд гирдиҳамоии тарафдорони ин созмон дар Истанбул ва кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла нишасти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Варшава иштирок ва суханронӣ кардааст.

"Гурӯҳи 24" як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон аст, ки бо қарори Додгоҳи олии ин кишвар аз 9 октябри соли 2014 фаъолияташ мамнӯъ ва бо ҳукми дигари ҳамин додгоҳ аз моҳи декабр созмони экстремистӣ эълон шудааст. Ин созмонро соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов таъсис додааст, ки моҳи марти соли гузашта дар Истанбул кушта шуд.

Хонаи Гулнора Айталиева, модари Ҷаннат Ҳамзаева

Хонаи Гулнора Айталиева, модари Ҷаннат Ҳамзаева

Дар тобистон ва тирамоҳи соли 2014 “Гурӯҳи 24” ва созмонҳои шарикаш дар шаҳрҳои Русия як силсила гирдиҳамоиҳои муҳоҷирони тоҷик алайҳи ҳукумати кунунии Тоҷикистонро ташкил дода, аз мардум хостанд, то рӯзи 10 октябр дар як эътироз дар майдони марказии Душанбе ҷамъ шаванд. Ин гирдиҳамоӣ дар ниҳоят доир нашуд, вале ба таъқиби фаъолон ва тарафдорони “Гурӯҳи 24” оғоз гузошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG