Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти раиси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров


Бинои Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Бинои Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Хуршед Cангинзода, раиси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, аз сӯи мақомоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон боздошт шудааст. Як манбаи наздик ба тафтиши ин қазия гуфт, Хуршед Сангинзода ҳангоми гирифтани ду ҳазор доллар ва додани ришват ба миқдори 50 ҳазор доллар боздошт шуда, Додгоҳи олӣ барои ҳабси пешакии вай иҷоза додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, боздошти раиси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамроҳи ронандааш - Баҳодур сурат гирифтааст. Мусоҳиби мо афзуд, “вай бо ваъдаи сабук кардани ҳукми додгоҳ аз як сокин 2 ҳазор доллар талаб кардааст. Вале он сокин ба мақомоти Оҷонсии зидди коррупсия муроҷиат кардаааст. Вақте сирри пора талаб кардани раиси додгоҳи Бобоҷон Ғафуров ошкор мешавад, вай барои рупӯш кардани ин кирдораш ба мақомоти Оҷонсии зиддифасод 50 ҳазор доллари «пора» пешниҳод мекунад.”

Ҳамин тавр, раиси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми додани 50 ҳазор доллар "пора" ба муовини сардори Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд шаби 3 ба 4 август аз ҷониби кормандони ин ниҳод дастгир шудааст.

“Дар ҳоли ҳозир алайҳи Сангинзода бар асоси ду банди Кодекси ҷиноӣ - “додан ва гирифтани пора” парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар замони тафтиш ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст,» – афзуд ҳамин манбаъ.

Хуршед Сангинзода моҳи майи соли гузашта аз вазифаи раиси Додгоҳи ноҳияи Шаҳристон озод ва раиси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъин шуда буд.

Раиси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нахустин корманди ин ниҳод аст, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ бо иттиҳоми гирифтани «пора» дастгир шудааст. Додгоҳи вилояти Суғд мегӯяд, аз моҳи январ то июли соли ҷорӣ танҳо як корманди додгоҳ дар ин минтақа ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда, вале ҷинояти содирнамудаи вай ба фаъолияти кориаш рабт надоштааст.

Бино ба маълумоти ироакарди Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд, дар нимсолаи аввали соли равон кормандони ин ниҳод 225 мансабдоронро дар иртибот ба содир шудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионӣ дошта аз ҷониби онҳо дастгир кардааст. Ҳамин манбаъ мегӯяд, ин афрод наздики 38.6 миллион сомонӣ зарар ворид намуданд ва то кунун 36 миллион ё беш аз 93 дарсади он рӯёнида шуд.

Миёни афроди боздоштгардида барои содири ҷиноятҳои дорои хусусияти корркпсионӣ аз суи мақомоти Оҷонсии зиддифасод аз ҳама бештар, 17 корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, 16 корманди мақомоти бонкӣ, 9 корманди бахши кишоварзӣ ва 7-нафарӣ - кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маориф ва тандурустӣ мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG