Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳоии Каромат Шарифов баъди 7 соати боздошташ дар Маскав


Каромат Шарифов, раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯяд, боздошти ӯ ба қазияи пурсарусадои бозори "Садовод" дар Маскав рабт дошта, зоҳиран ҳанӯз ба анҷоми худ нарасидааст.

Каромат Шарифов -- раиси Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия шоми шанбе, баъди ҳафт соати боздошташ аз сӯи маъмурони СОБР дар пойтахти ин кишвар, раҳо шуд. Ӯ дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, боздошту бозпурсияш ба қазияи, ба қавли ӯ, дурударози бозори "Садовод" рабт дошт ва зоҳиран ҳанӯз ба поёни худ нарасидааст.

"Ҳоло озод шудем ва ба хона ба назди фарзандон меравам. Боздошти имрӯза фармоишӣ буд ва инҳо мехоҳанд, касе ба ҳимояти тоҷикон нахезад,"-афзуд Шарифов

Қаблан наздикони Каромат Шарифов ва раҳбарони баъзе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон гуфта буданд, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия соати 12 ба вақти Маскав аз сӯи маъмурони пулис боздошт шуда, дар шуъбаи умури дохилии Жулебино нигаҳдорӣ мешавад. Иззат Амон - раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия гуфт, боздошти Шарифов рӯзи 11 апрел баъд аз кофтукоби манзили ӯ сурат гирифтааст.

Оқои Амон дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "соати 12, вақте даруни метро будам, Каромат Шарифов занг зад ва гуфт, маро бурда истодаанд. Дертар занг задам, ки телефонро ҷиянаш бардошт ва гуфт, ӯро чанд маъмури пулис бо худ бурдаанд."

Ба қавли раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия, маъмурони пулиси Жулебино баъд аз баҳси зиёд бо ӯ тасдиқ кардаанд, ки Каромат Шарифов дар шӯъбаи онҳост, аммо гуфтаанд, ҷузъиёти боздоштро ба далели ифшо нашудани сирри тафтишот гуфта наметавонанд. "Сардори шуъба гуфт, Шарифов ҳимоятгар дорад ва ба ягон вакили дигар эҳтиёҷ нест. Дар мавриди он ки чӣ асос барои овардани ӯ ба шуъбаи дохилӣ доштанд, сардор гуфт, чизе гуфта наметавонад, чун сирри тафтишот аст,"-афзуд Иззат Амон.

Зимнан, навбатдори шӯъбаи пулиси Жулебино дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки хабари боздошти Каромат Шарифовро тасдиқ ё инкор карда наметавонад, зеро "дар ин бора бори аввал мешунавад". Боздошти Каромат Шарифов дар ҳоле иттифоқ уфтодааст, ки ӯ ҳафтаи гузашта бо як сафар ба Тоҷикистон омада, аз маҳалли Яккабеди ноҳияи Файзобод, ки даҳ сокинаш зери ярч монда буданд, низ боздид намудааст. Худи ӯ шоми 10 апрел дар саҳифаи Фейсбукаш аз баргузории ҷаласаи ҷунбиши таҳти итоати ӯ дар рӯзи шанбеи 11 апрел хабар дода буд.

Моҳи октябри соли гузашта шӯъбаи мубориза бо ифротгароии раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта ё «шӯъбаи 6-ум»-и пулиси пойтахти Русия дафтари кор, манзил ва бӯстонсарои Каромат Шарифовро дар чорчӯби як парвандаи “ғасби рейдерӣ” кофтукоб ва худи ӯро бозпурсӣ карда буд. Оқои Шарифов гуфта буд, ӯро рӯзи 29 октябр дар пулиси Маскав бо намояндагони бозори «Садовод», ки ба даст доштан дар «ғасби рейдерӣ» айбдор мекунанд, рӯбарӯ кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин парванда бар асоси шикояти раҳбари хадамоти амнияти бозори "Садовод" Николай Портних боз шудааст, вале дар ҳоли ҳозир ҳамаи онҳо дар ин қазия ҳамчун шоҳид мегузаранд.

Ин қазия ба занозании шоми 6 сентябри 2014 байни таксиронҳои тоҷик ва ронандагони ширкати маҳаллии “Сити-сервис” дар як истгоҳи назди бозори “Садовод”, воқеъ дар минтақаи Люблино - Котелники, дар километри 14-уми МКАД, шоҳроҳи асосии атрофи шаҳри пойтахти Русия, бармегардад. Гуфта мешавад, маъмурияти бозори “Садовод” бо “Сити – сервис” қарордод баста, ҳаққи кашондани мусофирон дар ҷодаҳои атрофи бозорро ба ронандагони ширкати “Жёлтое такси” супурд, ки боиси норозигии таксиронҳои тоҷик шуд. Шоми 6 сентябр баҳси як ронандаи тоҷик бо як таксисти маҳаллӣ дар назди бозор мунҷар ба занозание шуд, ки дар ҷараёни он, бино ба хабарҳо, ба камияш 6 нафар ҷароҳат бардошта, даҳҳо нафар, бо шумули шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шуданд.

Каромат Шарифов шоми 6 сентябр дар иҳотаи гурӯҳе аз хабарнигорони рус ба бозори “Садовод” омада, бо масъулон ва муҳофизони бозор кашмакаш кард. Ҷараёни ин бигӯмагӯҳо аз сӯи Ҷунбиши муҳоҷирони Каромат Шарифов дар навори видеоие дар Ютюб бо номи "Таджик не может вечно быть рабом" ("Тоҷик як умр ғулом буда наметавонад") нашр шудааст.

Каромат Шарифов, ки аз номи муҳоҷирони тоҷик дар барномаҳои мухталифи телевизионҳову радиоҳо ва расонаҳои дигари Русия баромад мекунад, бо пешниҳодҳои зиддунақизаш дар масъалаи ҳимоят аз мардикорони тоҷик маъруф аст. Ӯ ҳамин тавр, маъмурияти бозори “Садовод” ва бозорҳои дигари Маскавро айбдор мекунад, ки бо истифода аз “ҳоҷӣ-бригадир”-ҳои тоҷик мардикорони тоҷикро дар корҳои сиёҳ ҳамчун “ғулом” истифода мебаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG