Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чор корманди УБНОН бо 56 кило ҳашиш ба чанг афтодаанд


Манобеи Озодӣ аз боздошти чор корманди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо ҳудуди 60 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш хабар доданд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон чор корманди бахши мубориза бо маводи мухаддири вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро бо иттиҳоми қочоқи ҳудуди 60 кило ҳашиш боздошт кардаанд. Як манбаи наздик ба Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон 22 феврал ба Озодӣ гуфт, ки ин чор нафар шаби шанбеи гузашта дар ноҳияи марзии Шӯрообод ба даст афтодаанд.

Ба иттилои ӯ, "ин чор нафар қасд доштаанд, ин миқдор маводи мухаддирро аз ноҳияи Шӯрообод ба пойтахт биоранд."

Ин манбаъ мегӯяд рӯзи якшанбе ҳангоми санҷидани маводи мухаддир дар лабораторияи Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир маълум шудааст, ки вазни дақиқи он 56 кило ва навъи ҳашиш будааст.

Феълан чаҳор корманди УБНОН дар боздоштгоҳ нигоҳдорӣ мешаванд ва Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи онҳо парванда боз намуда, ба тафтишот идома медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, генерал-майор Мустафо Рустамзода, сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабари боздошти 4 корманди ин раёсатро ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир рад кардааст.

Дар гузашта низ чандин тан аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт шуда буданд.

Шерхон Салимзода, раиси нави Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон рӯзи 5 феврали соли ҷорӣ зимни нишасти хабарии ниҳоди зертобеаш гуфт, ки соли 2015 даҳ тан аз кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои нашъаҷаллоб боздошт шудаанд. Ба гуфтаи вай, се нафари онҳо корманди Вазорати дифоъ ва 7 тани дигар кормандони Вазорати корҳои дохилӣ будаанд.

XS
SM
MD
LG