Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

​Як шаҳрванди Ҷопон барои акс ва наворбардории ғайриқонунӣ дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон боздошт шуда, ҳоло таҳқиқи қазияаш идома дорад.

Марзбонҳои Қирғизистон дар наздикии сарҳад бо Тоҷикистон як шаҳрванди Ҷопонро бо иттиҳоми аксу наворбардории ғайриқонунӣ боздошт кардаанд. Саҷира Чоқолаева -- сухангӯи нерӯҳои марзбонии Қирғизистон рӯзи 8 декабр дар ин бора ба Озодӣ хабар дода ва гуфт, ки ҳанӯз таҳқиқи қазия идома дорад.

Ӯ гуфт, 7 декабр марзбонони қитъаи марзии вилояти Ӯш як марди 34-солаи ҷопониро барои вайрон кардани муқаррароти марзи давлатии Қирғизистон боздошт кардаанд. Чоқолаева мегӯяд, “ба гуфтаи худи боздоштшуда ин шаҳрванди Ҷопон ба Қирғизистон барои саёҳат омадааст ва дар маҳалли Қаратеити ноҳияи Ҷон Алайи вилояти Ӯш ҳангоми наворбардорӣ боздошт шудааст. Вале вай барои вуруд ба минтақаи марзӣ ва барои наворбардорӣ дар хатти марз ҳуҷҷат надошт.”

Намояндаи Раёсати иттилооти Кумитаи давлатии марзбонии Қирғизистон мегӯяд, ки ин шаҳрванди Ҷопон аз қаламрави Қазоқистони ҳамсоя ба Қирғизистон гузаштааст. Марзбонони қирғиз ин шаҳрванди Ҷопонро баъд аз таҳияи асноди боздошт ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон супурдаанд, то ба таҳқиқи ҳувият ва ҳадафҳои наворбардорӣ дар марз машғул шаванд.

Ҳоло дар ин ниҳод расидагӣ идома дорад, вале дар бораи натиҷаҳои он аз сӯҳбат бо матбуот худдорӣ мекунанд. Чоқолаева мегӯяд, ки баъд аз хатми расидагӣ ҳадафи шаҳрванди хориҷӣ аз наворбардорӣ дар марз маълум хоҳад шуд.

Ба саволе дар ин бора, ки оё марзбонони Қирғизистон дар бораи ин наворбардорӣ дар марзи миёни Қирғизистону Тоҷикистон ба ҷониби Душанбе низ хабар додаанд ё не, Саҷира Чоқолаева гуфт, ки маъмулан байни марзбонони ду кишвари ҳамсоя додугирифти маълумоти марзӣ сурат мегирад. Бар асоси муқаррароти марзии Қирғизистон ҳар шаҳрванди хориҷӣ барои наворбардорӣ ё аксбардорӣ дар марз бояд санади расмӣ дошта бошад. Дар сурати ғайр, ба гуфтаи Саҷира Чоқолаева, нерӯҳои марзбонӣ ва амниятӣ вайро чун қонуншикан боздошт хоҳанд кард.

Ин нахустин боздошти шаҳрванди хориҷӣ ҳангоми наворбардоӣ дар марзи миёни Қирғизистону Тоҷикистон нест. 7 сентябри соли ҷорӣ низ марзбонҳои Қирғизистон аз боздошти як шаҳрванди Австрия хабар дода буданд, ки аз Тоҷикистон вориди қаламрави Қирғизистон шуда буд. Саҷира Чоқалаева мегӯяд, “ин шаҳрванди Австрия дар рустои марзии Саритоши ноҳияи Олойи вилояти Ӯш дар наздикии марз бо Тоҷикистон бо дастгоҳи бесарнишин ё аз замин ҳидоятшаванда минтақаҳои марзиро ғайриқонунӣ ба навор мегирифт. Вай ҳам мисли шаҳрванди Ҷопон барои наворбардорӣ ва вуруд ба минтақаи марзӣ санади зарурӣ надошт.”

Ноҳияи Олойи Қирғизистон бо вилояти Бадахшони Тоҷикистон ҳаммарз аст.

Марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон солҳои охир ба сабаби тӯл кашидани аломатгузорӣ дар марз ва дақиқ кардани хатти сарҳад марзӣ борҳо ба мавзӯи баҳси ҷонибҳо табдил ёфтааст. Ҳатто дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дақиқ дар рӯзҳое, ки шаҳрванди Австрия аз Тоҷикистон вориди қаламрави Қирғизистон шуда буд, нерӯҳои марзбонии Қирғизистон ба сабаби нооромиҳо дар Тоҷикистон ба ҳолати омодабош даромада буданд. Он рӯзҳо дар Тоҷикистон мубориза бо гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, генерали шӯришӣ, идома дошт.

Минтақаҳои марзии байни ноҳияҳои Бодканди Қирғизистон ва Исфараи Тоҷикистон то ҳол аз минтақаҳои доғи марзии миёни ду кишвар боқӣ мондааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG