Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти гумонбарони қатли тилофурӯш, ҳамсар ва се фарзандаш


Гумонбарон дар хонаи Бобоевҳо. Акс аз хабаргузории "Авеста"

Гумонбарон дар хонаи Бобоевҳо. Акс аз хабаргузории "Авеста"

Баъд аз ду соли куштори пурсарусадои Аҳмадхӯҷа Бобоев, ҳамсар ва духтару писаронаш дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мақомоти Раёсати корҳои дохилии Суғд аз боздошти гумонбарон хабар доданд.

Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд аз боздошти афроди гумонбар дар қатли пурсарусадои соҳибкор Аҳмадхӯҷа Бобоев, ҳамсараш - Ҳаётхон Бобоева ва фарзандонашон - Рухшона, Сӯҳроб ва Санҷарбек дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар дод.

Генерал Шариф Назарзода -- сардори Раёсати корҳои дохилии Суғд рӯзи 9 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки то замони анҷоми тафтиш аз гумонбарон ном нахоҳанд бурд, вале ҳамзамон афзуд, "ҳоло таҳқиқот ҷараён дорад ва боздоштшудаҳо алакай нишондод доданд." Назарзода гуфт, тафсилоти боздошти гумонбарони қатли оилаи Бобоевҳо, ки баъди бештар аз ду соли ҳодиса сурат гирифтааст, рӯзҳои наздик расман эълон мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, манобеи мо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мегӯянд, ки маъмурони пулис рӯзи 8 август гумонбарон дар қатли оилаи Бобоевҳоро ба хонаи онҳо бурдаанд. Манзили Бобоевҳо аз замони ҳодисаи кушторашон қуфл буд. Ба қавли манбаъ, гӯиё боздоштшудаҳо сокинони шаҳри Хуҷанд ва падару писар будаанд. Иттилое, ки ҳоло мақомот на тасдиқ мекунанд, на радд.

Рӯзи 2 июни соли 2013 афроди ношиноси мусаллаҳ аз болои девор ба хонаи Аҳмадхӯҷа Бобоев, воқеъ дар канори шаҳраки Бобоҷон Ғафуров, ки ҳамроҳи ҳамсараш ба фурӯши ҷавоҳирот машғул буд, ворид шуда, бо истифода аз "Калашников" ӯву ҳамсар ва фарзандонашро ба қатл расонданд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баъд аз як рӯзи ин ҳодиса бо нашри иттилоияи расмӣ гуфт, "...шахсони номаълум бо яроқи оташфишон мусаллаҳ гашта, бо мақсади роҳзанӣ ба хонаи истиқоматии шаҳрванд Бобоев Аҳмадхӯҷа Норхӯҷаевич (1973), соҳибкор, ворид шуда, ӯ ва ҳамсараш Бобоева Ҳаётхон Шукуровна, (1974), фарзандони ноболиғаш Бобоева Рухшона Аҳмадхӯҷаевна (1997), хонандаи синфи 9-уми гимназияи №1, Бобоев Сӯҳробҷон Аҳмадхӯҷаевич (1998), хонандаи синфи 8-уми гимназияи №1-ро бо истифода аз яроқи оташфишони тамғаи АКМ-5,45-мм ба қатл мерасонанд. Баъдан фарзанди дигараш Бобоев Санҷарбек Аҳмадхӯҷаевич (2007)-ро ба ҳаммомхонаи ҳавлии истиқоматиаш маҳкам намуда, дари сандуқи оҳанини дар хонаи истиқоматӣ ҷойгиршударо мешикананд ва тахминан ба маблағи 30 000 доллар ҷавоҳироти тилоиро тасарруф мекунанд."

Ба қавли мақомот, қотилони хонаводаи Бобоевҳо бо ҳадафи рӯпӯш кардани корашон хонаро оташ мезананд, ки баъдан Санҷарбек заҳролуд шуда, дар ҳаммомхона ба ҳалокат расидааст. Додситонии вилояти Суғд дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз карда, як гурӯҳи махсуси тафтишоти фаврӣ машғули таҳқиқи ҳодиса буданд.

Мақомоти интизомӣ эълон карданд, барои касоне, ки қотилонро ошкор мекунанд, ва ё барои кушодани ин ҷиноят мусоидат менамоянд, 30 000 доллар мукофот хоҳанд дод. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ охири моҳи июни 2013 ҳангоми мулоқоташ бо раҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд дар Хуҷанд аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хоста буд, тамоми нерӯву имконоти худро ба кор баранд ва қотилони оилаи Бобоевҳоро ошкор ва дастгир кунанд.

Ин куштори пурсарусадои хонаводаи Бобоевҳо аксариятро такон дод, вале боздошти омилонаш бештар аз уд сол давом кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG