Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи 23 март ба вилояти Суғд сафар кардааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷиистон ҳадаф аз сафари Эмомалӣ Раҳмонро "иштирок дар идомаи тантанаҳои ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ" дар ин вилоят гуфтааст.

Тантанаҳо ба муносибати ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон ҳамоно идома доранд. Маросимҳои аслии Наврӯз рӯзи 21 март бо ширкати ҳазорон нафар дар шаҳрҳои Турсунзода ва Душанбе баргузор шуданд. Тоҷикистон ба ин муносибат 4 рӯз таътил эълон кардааст.

XS
SM
MD
LG