Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафир: Ҳамла ба консули Тоҷикистон ангезаи сиёсӣ надошт


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон мегӯяд, ҳамла ба дипломати тоҷик дар шимоли ин кишвари ҷангзада ангезаҳои сиёсӣ надорад, балки кори дасти гурӯҳҳои ҷиноятпеша аст.

Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон мегӯяд, ҳамлаи рӯзи 16 май ба консули Тоҷикистон дар Файзобод Рустам Маҳмудӣ ангезаҳои сиёсӣ надорад. Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Шарофиддин Имомов рӯзи 18 май ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқоти муқаддамотӣ ҳокист, ки ҳамла ба Рустам Маҳмудӣ дар минтақаи Хонобод, дар байни Толуқону Қундуз ғолибан кори дасти як гурӯҳи ҷиноии маҳаллӣ будааст. Ба гуфтаи сафир, аъзои ин гурӯҳ гоҳе авқот ба шоҳроҳи Толуқон – Қундуз баромада, аз мошинҳои раҳгузар “ҳақ” меситонанд.

Рӯзи ҷумъа консули Тоҷикистон дар Файзобод Рустам Маҳмудӣ, ки қасди сафар ба Душанберо дошт, дар минтақаи Хонобод иттифоқан мавриди ҳамлаи ин гурӯҳ қарор гирифтааст. Шарофиддин Имомов мегӯяд: “Мо гуфта наметавонем, ки ин ҳамла иқдоми ҳадафмандона ва донистаи Толибон ё ягон гурӯҳи дигар алайҳи намояндаи сиёсии Тоҷикистон буд. Зоҳиран ҳатто ҳамлагарон намедонистанд, ки дар дохили мошин дипломати тоҷик нишастааст. Рустам Маҳмудӣ низ аз тарафи худ рӯзи ҷумъа ба роҳ баромадааст бо ин фикр, ки рӯзи истироҳат асту роҳҳо каммошин аст ва шояд гурӯҳҳои ҷиноӣ низ ба ин далел “истироҳат” кунанд. Аз куҷо медонист ӯ, ки ҷинояткор рӯзи истироҳат надорад.”
Ҷузъиёти ҳамла ба консули Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:37 0:00
Линки мустақим


Сафири Тоҷикистон гуфт, бо ин вуҷуд онҳо қазияро то охир пайгирӣ хоҳанд кард ва аз вазорати умури дохилаи Афғонистон талаб кардаанд, ки ҷинояткоронро ҳатман таъқиб ва пайдо кунанд: “Ин гурӯҳҳои ҷинояткореанд, ки дар байни Толуқону Қундуз амал мекунанд. Вале онҳоро ҳатман пайдо мекунанд ва гурӯҳе ки алайҳи ин дипломати тоҷик даст бардоштааст, ба сазои худ хоҳад расид.”

Ба гуфтаи сафир, вақте Рустам Маҳмудӣ амри силоҳбадастон барои манъ кардани мошинашро иҷро накард, онҳо алайҳаш тир кушодаанд. Консули Тоҷикистон бо вуҷуди захм бардоштан аз ноҳияи дасту пояш, ҳаракатро идома дода, худро то нахустин посгоҳи нирӯҳои амниятӣ мерасонад.

Шарофиддин Имомов гуфт, Рустам Маҳмудиро аз ноҳияи дасташ алакай ҷарроҳӣ кардаанд ва онҳо ҳоло дар паи ба Тоҷикистон фиристодани ӯянд. Дар ҳамин ҳол, Абдулфайз Атоев, сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 18 май ба Озодӣ гуфт, дар бемористони Қундуз ба ҷарроҳии дувуми Рустам Маҳмудӣ омодагӣ мегиранд.

Э.Раҳмон ва Ҳ.Карзай
Э.Раҳмон ва Ҳ.Карзай
Шарофиддин Имомов мегӯяд, дафтарҳои консулгарии Тоҷикистон дар Файзободу Қундуз 4 сол пеш, бо дархости шахсии раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай боз шудаанд. Карзай дар як дидор аз ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон хостааст, то ба хотири осон кардани мушкили довталабони сафари Тоҷикистон дар шимоли Афғонистон бар иловаи Мазори Шариф дар Қундузу Файзобод низ консулхонаҳо боз кунанд.

Оқои Имомов, ҳамин тавр, сарусадоҳо дар бораи вуҷуди фасод дар раванди ироаи раводиди сафари Тоҷикистон ба шаҳрвандони Афғонистон ва дар ҳамин замина аз сӯи афроди норозӣ сурат гирифтани ҳамла ба ҷони консули тоҷик дар Файзободро рад мекунад: “Даъвои зиёд мекунанд, ки визаро гӯё мефурӯшанд. Ман ба ин даъвогарон гуфтам, ки аз ҷайбам ин 1000 доллареро, ки мегӯянд, медиҳам, канӣ виза бигиранд. Ягон асос надорад ин даъвоҳо.”

Дар ҳоли ҳозир, Тоҷикистон дар пойтахти Афғонистон сафоратхона дорад ва дар 4 шаҳри он кишвар – Кобул, Мазори Шариф, Қундуз ва Файзобод – консулгариҳои Тоҷикистон амал мекунанд.

Аз ин қабл, Саидсарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи пулиси амниятии вилояти Қундуз ба Радиои Озодӣ гуфт, силоҳбадастон дар пайи ҳамлаи ноком ба дипломати тоҷик аз маҳалли ҳодиса фирор кардаанд: “То ҳол ҳувияти ҳамлагарон мушаххас нашудааст ва маълум нест, ки ин ҳамла алайҳи консули Тоҷикистон дар кадом замина ва бо чӣ ҳадаф сурат гирифтааст.”

То ҳол ягон гурӯҳ масъулияти ҳамлаи рӯзи 16 май алайҳи консули Тоҷикистон дар Файзободи Афғонистонро бар ӯҳда нагирифтааст. Вале мақомоти амниятии Афғонистон низ эътироф мекунанд, ки дар ҳудуди улусволии Хонободи вилояти Қундуз гурӯҳҳои мусаллаҳи худсар ва ба истилоҳ “дуздони мусаллаҳ” ба сурати фаровон ҳузур доранд, ки ҳар сари чанд вақт аз заъфи нирӯҳои амниятии минтақа истифода бурда, шоҳроҳҳои асосиро ба макони ғоратгариашон табдил медиҳанд.

Аҷмал Ориён, хабарнигори Радиои Афғонистони Озод дар Қундуз мегӯяд, вазъи амниятӣ дар ин минтақа дар як моҳи охир рӯ ба вахомат овардааст. Ӯ мегӯяд, рӯзи 17 май як гурӯҳи ҷиноӣ як тоҷири маҳаллиро, бо вуҷуди аз пайвандони ӯ ситондани 100 000 доллар, ба ҳалокат расонд ва "ин амал боиси рӯзи 18 май ба майдони марказии Қундуз рехтани садҳо норозӣ ва матраҳ кардани истеъфои волӣ ва фармондеҳи нирӯҳои амниятии Қундуз аз сӯи ин эътирозгарон шуд." Аҷмал Ориён мегӯяд, ин нахустин мавриди чунин гаравгонгириҳои хунин нест: "Ҳамин тавр, 10 рӯз пеш як гурӯҳи ҷиноӣ дар Қундуз кӯдаки 11-солаеро гаравгон гирифта, аз волидони тоҷири ӯ низ 100 000 доллар талаб карда буд, вале азбаски онҳо ин миқдор пулро ҷамъ карда натавонистанд, кӯдакро бераҳмона куштанд."

Аммо ҳамлаи рӯзи 16 май ба консули Тоҷикистон дар Файзобод Рустам Маҳмудӣ нахустин мавриди ҳамлаи мусаллаҳона ба як дипломати тоҷик дар Афғонистони ҷангзада дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG