Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Узрхоҳии давлати Туркия ба эътирозҳо поён надод


Муовини нахуствазири Туркия Булент Аринч.

Муовини нахуствазири Туркия Булент Аринч.

Бо вуҷуди узрхоҳии ҳукумати Туркия аз эътирозгарон ба хотири рафтори хашини пулис, тазоҳурот ва даргириҳо дар ин кишвар идома дорад.

Эътирозҳои хушунатбори Туркия, ки панҷ рӯзи паёпай идома дорад, дар ҳоле нимаҳои шаби гузашта идома кард, ки чанд соат пеш аз он, муовини нахуствазири он кишвар Булент Аринч расман аз маҷруҳони хушунатҳои чанд рӯзи ахир узрхоҳӣ карда буд.

Бо ин ҳама хушунатҳо ва тазоҳурот поён нагирифт ва пулис бо гази ашковар ва мошинҳои обпош ба эътирозгарон дар Истанбул ҳамла кардааст. Рӯзномаи «Ҳуррият»-и Туркия менависад, бар хилофи рӯзҳои қабл, шаби гузашта ҷавонон ва донишҷӯён «ҳамроҳи падару модарон ва бузургтарҳо» дар майдони "Тақсим" ҷамъ шуда буданд. Бинобар ин гузориш, як консерт ҳам дар ин майдон баргузор шудааст.

Муовини сарвазири Туркия рӯзи гузашта аз онҳое узрхоҳӣ кард, ки ба гуфтаи ин мақоми давлат, «ба хотири ҳассосият ба мавзӯи муҳити зист дар ҷараёни хушунатҳо осеб диданд.»

Ин дар ҳоле аст, ки эътирозҳои рӯзҳои гузашта аз мавзӯи муҳити зист фаротар рафт ва давлати он кишварро ҳадаф қарор дода буд.Тазоҳуркунандагон ба масоиле монанди «диктаторӣ» ва «исломӣ кардани кишвар» низ эътироз доранд ва бархе аз онҳо аз давлат хостаанд истеъфо бидиҳад.

Давлати Туркия мегӯяд, 300 нафар дар эътирозҳо захмӣ ва ду тан низ кушта шудаанд, аммо бар асоси гузоришҳои Созмони мудофеи ҳуқуқи башар ва Иттиҳодия пизишкони Туркия, маҷруҳони эътирозҳо то кунун бештар аз се ҳазор нафар будааст.

Дар бархе аз кишварҳои аврупоӣ низ дар ҳимоят аз муътаризони Туркия тазоҳурот сурат гирифтааст. Ҳуланд, Сербистон ва Бритониё аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки тазоҳуроте дар ҳамбастагӣ бо эътирозгарони турк дар онҷо анҷом шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG