Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини Рустами Эмомалӣ тарки вазифа кард


Азизбек Раҷабов
Азизбек Раҷабов

Азизбек Раҷабов, муовини раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, бо тасмими худ вазифаашро тарк кард.

Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Азизбек Раҷабов, муовини раҳбари ин ниҳод бинобар ба кори дигар гузаштан, аз мақомаш истеъфо додааст.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Фаридун Солиев, сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯзи 17-уми июл хабар дод. Вай гуфт, «Азизбек Раҷабов, ки дар ин вазифа дуним сол кор кардааст, бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш бо хоҳиши худ аз вазифаи муовини раиси ФФТ даст кашид. Роҳбарияти ФФТ ба Азизбек Раҷабов барои ҳамкории пурмаҳсул изҳори сипос намуда, ба ӯ дар кори наваш муваффақият хостааст.»

Ёдовар мешавем, ки аз ин пеш Валерий Турсунов, муовини аввали раиси ФФТ, ва Фирдавс Файзуллоев, дабири кулли ФФТ, аз вазифаашон истеъфо дода буданд.

Бояд тазаккур дод, Валерий Турсунов ва Азизбек Раҷабов 5-уми январи соли 2012 дар конфронси ҳисоботию интихоботии ФФТ бо пешниҳоди Рустами Эмомалӣ, фарзанди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки дар мақоми раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Сӯҳроб Қосимовро иваз карда буд, муовинони ӯ интихоб шуда буданд. Инчунин Фирдавс Файзуллоев бо пешниҳоди Рустами Эмомалӣ дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон таъин гардида буд.

XS
SM
MD
LG