Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Алимардонов наомад, президентро интизорем"


Дар интизори муовини аввали нахуствазир.

Дар интизори муовини аввали нахуствазир.

Занони фархорӣ мегӯянд, Муродалӣ Алимардонов, муовини сарвазири кишвар, ки ваъдаи тақсими замин барои бунёди манзили зистро карда буд, зоҳиран онҳоро фиреб додааст.

Ҳоло онҳо бар ин боваранд, ки мушкилашонро танҳо президенти кишвар метавонад ҳал кунад ва талош доранд, ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузури ӯ роҳ ёфта, арзи дилашонро бирасонанд. Ин дар ҳолест, ки қарор буд, рӯзи 18-уми октябр бо ҳузури Муродалӣ Алимардонов ин занон заминҳои худро бигиранд, аммо интизории онҳо то бегоҳ бенатиҷа анҷом ёфт.

Ин занҳо, ки шумораашон ба 154 нафар мерасад, солҳост талош доранд, то соҳиби замине шаванд, ки онро ҳанӯз соли 2007 бо қарори раиси собиқи ноҳия дастрас карда буданд. Аммо пас аз оне, ки раиси собиқи ҷамоати «Ватан»-ро бо ҷурми порагирӣ дастгир карданд, ин сокинон аз ҳаққи истифодаи заминҳо маҳрум шуданд ва мақомот тақсими замин ба сокинонро ғайриқонунӣ эълон кард.

Тағайгул Алиева, як тан аз ин занҳо мегӯяд, зоҳиран ваъдаҳои мақомот, ки барояшон замин медиҳанд, ба хотири ором кардани онҳост, ки ба президенти кишвар шикоят накунанд. Аммо ин хонум мегӯяд: «Мо дидем, ки «Ҷаноби Олӣ» садҳо мушкилро ҳал кард. Аз ваъдабозиҳо безор шудаем. Ҳар рӯз ваъда медиҳанд, вале ҳеҷ нест, ки ин мушкили мо ҳал шавад. Ягона умедамон ҳамин аст, ки сухани «Ҷаноби Олӣ» дармонбахши дили мо мешавад.»

Ин занҳо мегӯянд, онҳо дар гирифтани замин барои бунёди манзили зист ҳаққ доранд. Маҳингул Шарипова, зани дигар мегӯяд, ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимиро рӯи даст доранд ва оне, ки ҳоло ҳуҷҷатҳои марбут ба заминашонро ғайриқонунӣ медонанд, бояд афроди масъул ҷавобгар бошад, на ин ки сокинони оддӣ.


Хонум Шарипова гуфт: «Ваъда доданд, ки аз заминҳои захиравӣ медиҳанд, вале онро ҳам надоданд. Чанд бор ба Душанбе назди Алимардонов рафтем. Ваъда кард, ки меояд ва мушкилро ҳал мекунад, вале наомад. Мо бояд ба пеши «Ҷаноби Олӣ» равем. Дигар умедамон аз Алимардонову дигарон кандааст. Ҳарчанд, ҳоло мегӯянд, ки шумо ҳаққ надоред, ки пеши президент бароед.»

Бо чунин шикоят ва дар интизори Муродалӣ Алимардонов, занҳои фархорӣ назди ҳукумати ноҳияи Фархор ҷамъ шуданд. Қурбонбой Каримов, раиси ноҳияи Фархор дар саҳни ҳукумати ноҳия бо онҳо вохӯрд, аммо дар як сӯҳбати кӯтоҳ гуфт, бояд занҳо сабр кунанд ва мушкилашон ба хубӣ ҳал хоҳад шуд. Раиси ноҳия дигар бо сабаби тангии вақт шарҳ надод, ки чаро Алимардонов ба Фархор наомад.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 17-уми октябр раиси ноҳия ваъда дода буд, ки ба 154 сокинони ҷамоати «Ватан» ва «Сафармад» ба миқдори 6 ҳектор замин бо ҳузури Муродалӣ Алимардонов дода хоҳад шуд. Аммо имрӯз, 18-уми октябр Муродалӣ Алимардонов ба Фархор наомад ва намояндагони ҳукумати маҳаллӣ низ аз шарҳи бештари мавзӯъ худдорӣ карданд.

Дар ноҳияи Фархор ҳоло барои пешвози Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар омодагӣ мегиранд. Қарор аст, президенти кишвар охири моҳи октябр ба минтақаи Кӯлоб сафар кунад. Занҳои фархорӣ тасмим доранд, дар мулоқот бо президент ширкат кунанд ва арзашонро бирасонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG