Пайвандҳои дастрасӣ

Табдили як калима сабаби ворид кардани тағйир дар 10 қонуни марбут ба амният ва дифои кишвар гардид.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи навбатии худ калимаи «яроқ»-ро дар матни 10 қонуни марбут ба масъалаҳои амниятӣ, низомӣ, интизомӣ ва ҷиноии кишвар бо калимаи "силоҳ" иваз кард. Бино бар ин 10 қонуни ворид кардани тағйир ба қонунҳои пешина аз тарафи аъзои Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расид. Гуфта мешавад, "силоҳ" дар қонунҳои «Дар бораи милитсия», "Дар бораи маҷлисҳо гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо", «Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ» ва ғайра ҷойи "яроқ"-ро гирифт.

Раиси Кумитаи амният ва дифои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон,Амирқул Азимов, рӯзи 20-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ислоҳот барои ба забони давлатӣ мутобиқ кардани матни қонунҳои кишвар сурат гирифтааст ва дар оянда низ идома хоҳад кард. Ҷаноби Азимов афзуд, ки вакилони маҷлис "бо такя ба осори классикони забон ва адабиёти тоҷик ҳамин калимаи тоҷикии «силоҳ»-ро интихоб кардаанд."

Аммо забоншиносон мегӯянд, ки вожаи «силоҳ» калимаи арабӣ буда, вожаҳои «мусаллаҳ», "таслиҳот" ва монанди инҳо аз решаи он берун омадаанд. Ин дар ҳолест, ки дар байни вакилон гуфта мешуд, калимаи «яроқ» туркӣ ва архаистӣ, яъне "куҳнашуда" аст.

Бо вуҷуди он ки калимаи «яроқ», ки дар ин 10 қонуни ислоҳшуда, даҳҳо бор вомехӯрд, эҳтимол дорад, дар қонунҳои дигар боқӣ монда бошад. Саргармии вакилон ба калимаивазкунӣ дар ҳоле ҷараён гирифт, ки журналистони порлумониро рӯзномаи иҷлосия бо эълони тағйиру дигаргуниҳо дар қонунҳои марбут ба масъалаҳои амниятӣ, низомӣ, интизомӣ ва ҷиноии кишвар ба худ кашида буд. Пеш аз оғози ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон онҳо ҳадсу тахмин мезаданд, ки махсусан тағйир дар қонуни «маҷлисҳо гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» ва он ҳам дар соли интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои муҳиме рабт хоҳад дошт.

Ислоҳи забони қонунҳо аз тарафи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар гузашта, аз он лиҳоз аҳамияти ҷиддӣ дошт, ки мазмуни амри қонунро дақиқтару рӯшантар мекард. Дар яке аз талошҳои "лингвистӣ"-и худ порлумони Тоҷикистон Қонуни забони давлатиро ба гунае ислоҳ карда буд, ки аз қавсайн вожаи "форсӣ"-ро дар паҳлуи тоҷикӣ хат зад ва мансубияти гӯиши тоҷикиро ба форсӣ ва таърихи он, ки илман исбот шудааст, рад карда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG