Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шанси бозгашт. Русия ба муҳоҷирони ихроҷшуда иҷозаи вуруд медиҳад


Мақомоти Тоҷикистон ва Русия ҳолатҳои имкони бозгашти бархе муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик ба Русияро мавриди омӯзиш қарор додаанд.

Нишасти гурӯҳи кории муштараки Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистону Русия, панҷ ҳолати пас аз ихроҷи шаҳрвандоне, ки дубора ҳаққи вурудро надоранд, мавриди омӯзиш қарор додааст, ки ба доираи алоҳидаи сокинони Тоҷикистон имкон медиҳад дубора вориди қаламрави Русия шаванд.

Дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 5 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар авохири моҳи август дар Маскав нишасти гурӯҳи кории муштараки Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва Хадамоти федеролии Русия баргузор шуд, ки дар он 5 ҳолати дубора ба Русия баргаштани доираи алоҳидаи шаҳрвандони Тоҷикистонро пешбинӣ шудааст.

Тавре Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, дар навбати аввал афроди баландихтисос, ҳамсару фарзандон, набераҳо, падару модари муҳоҷир иҷозаи дубораи вуруд ба хоки Русияро дарёфт хоҳад кард.

Ҳамчунин Гурӯҳи кории муштарак масъалаи иҷозаи дубораи вуруд ба доираи дигари шаҳрвандони Тоҷикистонро баррасӣ дорад, ки ба ин гурӯҳ донишҷӯёни омӯзишгоҳҳои махсус, донишҷуёни донишгоҳҳои олӣ, аспирантҳои марказҳои таҳқиқотии Русия ва нафароне, ки барои табобат ба марказҳои тиббӣ ва беморхонаҳои Русия меоянд, дохил мешаванд.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ин иқдом дар заминаи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон сурат мегирад.

Ин дар ҳолест, ки Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 4 сентябр руйхати нави афроди мамнӯъшудагон ба қаламрави Русияро интишор дод. Маълумоти нави мамнӯъшудагон бар асоси ҳолати то 7 июли соли 2014 дар Хадамоти муҳоҷират мавҷуд мебошад ва зиёда аз 200 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар рўйхати нави мамнӯъшудагон қарор доранд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG