Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Жерар Депарде шаҳрвандии Русияро дарёфт кард


Жерар Депарде (аз чап) ва Владимир Путин (аз рост)
Жерар Депарде (аз чап) ва Владимир Путин (аз рост)

Раисиҷумҳури Русия ҳунарманди машҳури фаронсавӣ Жерар Депардеро ба шаҳрвандии кишвараш қабул кардааст.

Тавре торнамо ё сайти расмии раисиҷумҳури Русия хабар медиҳад, Владимир Путин дархости Жерар Депарде Ксавиеро, барои гирифтани шаҳрвандии Русия қонеъ карда, ин ҳунарманди синамои ҷаҳониро, ки соли 1948 дар Фаронса таваллуд шудааст, ба шаҳрвандии Русия қабул намудааст.

Депарде моҳи гузашта, баъд аз боло рафтани андоз дар Фаронса, аз шаҳрвандии ин кишвар рӯй тофта, Белгияро кишвари иқомати худ ихтиёр карда буд. Ӯ дар суҳбат бо хабарнигорон изҳор дошта буд, ки шояд ба Русия равад, зеро аз президенти ин кишвар шиноснома туҳфа гирифтааст.

Путин рӯзи 20-уми декабри соли гузашта, зимни нишасти васеи хабарӣ изҳор дошт, ки агар Депарде хоҳиши зиндагӣ дар Русияро дорад, метавонад масъалаи шиносномаро аллакай ҳалшуда ҳисобад.

Жан-Марк Эйро, нахуствазири Фаронса, аз қарори Депарде, дар бораи тағйири ҷойи зист, ки ба далели болоравии андозҳо сурат гирифтааст, интиқод карда, онро амали нангин хондааст. Депарде мегӯяд, давоми 45 соли охир ӯ дар Фаронса ба сифати андоз 145 миллион евро ба давлат супоридааст ва боре аз ин вазифаи шаҳрвандиаш рӯй нагардондааст.

Аммо ташаббуси ахири Франсуа Олланд, раисиҷумҳури Фаронса, ки сар аз соли 2013 андоз аз даромадро барои сарватмандони ин кишвар дар ҳаҷми 75 дарсад муайян кардааст, норозигии Депардеро ба бор овардааст. Мақомоти Фаронса барои шахсоне, ки даромади солонаашон беш аз 1 миллион евроро ташкил медиҳад, ҳаҷми андоз аз даромадро 75 дарсад муайян карда, ба ҳамин минвол ният доранд, даромади давлатро дар солҳои 2012-2013, 13 миллиард афзоиш диҳанд.

Дар ҳамин ҳол Дмитрий Медведев, сарвазири Русия, аз Депарде даъват намудааст, ки ба Русия биёяд, зеро дар ин кишвар ҳаҷми андоз аз даромад 13 фоизро ташкил дода, болоравии он дар назар нест.
XS
SM
MD
LG