Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳизби демократ бори севум узви Шӯрои ҷамъиятӣ шуд


Саидҷаъфар Исмонов

Саидҷаъфар Исмонов

Ҳизби демократи Тоҷикистон ба раҳбарии Саидҷаъфар Исмонов бори севум узви Шӯрои ҷамъиятӣ шуд. Ин масъала субҳи 26 май дар нишасти навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ баррасӣ гардид.

Ҳизби демократи Тоҷикистон рӯзи 26 май ба раҳбарии Саидҷаъфар Исмонов бори дигар узви Шӯрои ҷамъиятӣ гардид. Ин ҳизб баъди интихоботи парлумонии соли 2010, ба раҳбарии Масъуд Собиров, ба нишони эътироз ба тақаллубкориҳо дар ин интихобот Шӯрои ҷамъиятиро тарк карда буд.

Нуралӣ Саидов -- котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мавзӯи пайвастани демократҳо ба ин шӯро дар паҳлӯи тарҳи қонун дар бораи муҳоҷират баррасӣ шуд. Як рӯз пештар ​Саидҷаъфар Исмонов, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили парлумон, низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ба ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ даъват шудааст ва қарор аст, масъалаи дубора касби узвияти ҳизб дар ин Шӯро матраҳ ва баррасӣ шавад.”

Ба қавли ӯ, ҳизби демократи Тоҷикистон ҳанӯз моҳи феврали соли 2013 барои барқарор кардани узвияташ дар Шӯрои ҷамъиятӣ дархост фиристода будааст. Вай сабаби дубора барқарор шудан дар Шӯрои ҷамъиятиро ба мутаҳҳид шудан бо дигар ҳизбу ҳаракатҳои кишвар унвон кард.

Ҳизби демократи Тоҷикистон бори аввал моҳи майи соли 2005 фаъолияташро дар Шӯрои ҷамъиятӣ боздошта буд. Тасмими Ҳизби демократи Тоҷикистон барои қатъи узвият дар Шӯрои ҷамъиятӣ он замон дар эътироз ба боздошти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раҳбари собиқи ҳизб ва тақаллубкориҳо дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2005 гирифта шуда буд.

Аммо баробари ба раёсати Ҳизби демократ расидани Масъуд Собиров, ин ҳизб дар охирҳои соли 2006 бори дигар масъалаи пайвастан ба Шӯрои ҷамъиятиро матраҳ кард ва пазируфта шуд. Аммо ин узвияташ ҳам дер напоид ва танҳо дар пайи интихоботи парлумонии соли 2010 бо нишони эътироз ба тақаллубкориҳо аз Шӯрои ҷамъиятӣ берун рафт.

Ҳоло Ҳизби демократи Тоҷикистон ба раҳбарии Саидҷаъфар Исмонов барои бори саввум қасди пайвастан ба Шӯрои ҷамъиятиро мекунад. Исмонов дар моҳи декабри соли 2012 дар анҷумани баҳамоии демократҳо раҳбар интихоб гардид ва Вазорати адлияи Тоҷикистон 31 январи соли 2013 ӯро ба унвони раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон эътироф кард.

Ҳизби демократи Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи ноябри соли 2013 иштирок ва раҳбараш Саидҷаъфар Исмонов яке аз довталабони курсии президентӣ буд. Аммо ӯ бо дарёфти як дарсад аз раъйи сокинон натавонист пирӯзӣ ба даст биоварад. Дар интихоботи парлумонии 1 марти соли ҷорӣ агарчӣ ҳизби демократ аз рӯйхати ҳизбӣ меъёри муқарраршудаи панҷ дарсадиро убур накард, аммо худи Саидҷаъфар Исмонов ҳамчун номзади ҳизб дар ҳавзаи интихоботи Фархор пирӯзӣ ба даст овард ва ҳизбашро вориди парлумон кард.

Талоши Ҳизби демократи Тоҷикистон барои дубора барқарор шудан дар ҳайати Шӯрои ҷамъиятӣ дар ҳолест, ки ахиран ҳизби сабти номнашудаи “Ваҳдат” ба ин ҳизб пайваст. Феълан, Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби демократ ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон узвияти Шӯрои ҷамъиятиро надоранд. Ҳизби состиал-демократ танҳо ҳизби сиёсиест, ки ҳеч гоҳ узви Шӯрои ҷамъиятӣ набудааст.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон баъд аз эълони натиҷаҳои интихоботи парлумонии соли 2005 изҳор кард, ки аз Шӯрои ҷамъиятӣ берун меравад, вале то кунун узвияташ дар ин шӯроро ҳифз кардааст. Шӯрои ҷамъиятӣ созмони иҷтимоиест, ки соли 1994 таъсис ёфта, дар он беш аз 70 созмони сиёсиву иҷтимоиву фарҳангӣ, аз ҷумла аҳзоби сиёсии расмии кишвар шомил ҳастанд.

Раиси Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, президент Эмомалӣ Раҳмон аст. Ин ягона ниҳоде арзёбӣ мешавад, ки дар доираи он тамоми аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ гирди ҳам омада, доир ба масоили ҷомеа ибрози назар мекарданд. Аммо тайи чанд соли ахир бо берун шудани бархе аз аҳзоби бонуфузи кишвар аз ҳайати он, Шӯрои ҷамъиятиро як ниҳоди камтаъсир дар ҳаёти ҷомеа медонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG