Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шералӣ Хайруллоев ба Калининград меравад


Шералӣ Хайруллоев
Шералӣ Хайруллоев

Ӯзбакистон низ қасди ширкат дар нишасти Шӯрои вазирони дифои кишварҳои ИДМ-ро дорад.

Вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев дар нишасти навбатии Шӯрои вазирони дифои кишварҳои ИДМ, ки 5 июл дар Калининград баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Тавре маркази матуботи Вазорати дифои Тоҷикистон хабар медиҳад, дар барномаи ин нишаст баррасии беш аз бист масъала, аз ҷумла ҳамкориҳои бисёрҷониба дар назар гирифта шудааст.

Вазирони дифоъ баргузории машқҳои низомиро, ки аз 5 то 16 июл дар қаламрави Қазоқистон дар назар гирифта шудааст, тасдиқ намуда, ҳамчунин ҳамкориҳои худро дар бахши низомӣ барои соли 2013 барномарезӣ мекунанд.

Ширкатдорон вазъи бехатарии парвозҳои низомиро дар соли 2011 натиҷагирӣ карда, масъалаҳои татбиқи қарори Шӯрои вазирони дифои давлатҳои ИДМ дар мавриди муҷҷаҳаз сохтани қисмҳои низомӣ бо таҷҳизоти муосирро низ баррасӣ хоҳанд кард.

Ҳамчунин тибқи иттилои хабаргузориҳо, Ӯзбакистон ҳам дар нишасти вазирони дифои кишварҳои ИДМ ширкат кардан мехоҳад.

Тибқи иттилои оҷонсиҳои русӣ, Узбакистонро муовини вазири дифоъ Рустам Ниёзов намояндагӣ хоҳад кард.

Тавре охирҳои моҳи июн хабар дода шуд, Ӯзбакистон тасмим гирифт, фаъолияти худро дар ҳайати Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ боздорад.

Дар ин замина 20 июни солӣ ҷорӣ изҳороти расмии Ӯзбакистон ба унвонии котиботи СПАД ирсол шудааст.

То ҳол Тошканд аз тавзеҳи расмии сабабҳои ин иқдом худдорӣ кардааст.

Паймони амнияти дастаҷамъии 15 майи соли 1992 баста шуда, вазифаи муҳими он ҳимояи марзиву иқтисодии қаламрави кишварҳои узви паймон аз ҳамагуна ҳамлаҳои берунаи хориҷӣ, мубориза бо тероризм ва офатҳои табиӣ аст.

Ӯзбакистон бори аввал соли 1999 узвияти худро дар Паймони амнияти дастаҷамъӣ боздошта буд ва аммо соли 2006, дар паи интиқодҳои Ғарб аз рӯйдодҳои хунини Андиҷон, Тошканд дубора узвияти худро дар СПАД барқарор кард.

Ҳаминтавр дар СПАД баъд аз баромадани Ӯзбакистон аз ҳайати он, Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Русия, Қазоқистон ва Тоҷикистон боқӣ хоҳанд монд.
XS
SM
MD
LG