Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири дифоъ: "Пас аз амалиёт дар Хоруғ ягон ҷиноят содир нашудаст"


Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон

Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон

Роҳбарони баландпояи мақомоти қудратии Тоҷикистон айни ҳол дар вилояти Бадахшон қарор доранд.

Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо вазири умури дохилӣ ва додситони кулли кишвар дар Хоруғ қарор дорад, бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон мулоқот кард. Ӯ рӯзи 18-уми декабр дар бинои комиссариати ҳарбии шаҳри Хоруғ бо намояндагони "Гурӯҳи 20", Ассосиатсияи созмонҳои ҷамъиятии "Маслиҳат" ва раисони маҳаллаҳои шаҳр гуфтугӯ анҷом дод.

Дар ҳошияи ин мулоқот, хабарнигори Радиои Озодӣ бо Шералӣ Хайруллоев суҳбати кӯтоҳе анҷом дод ва нахуст аз ӯ мақсади сафарашро ба Бадахшон пурсид.

Шералӣ Хайруллоев: "Омаданам ба Бадахшон ба омодагиҳо ба зимистон рабт дорад. Сар аз фардо, ҳолати қисмҳои ҳарбиро дар Бадахшон аз назар мегузаронам. Аммо агар дар доираи ин сафар бо ин бародарон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ вонамехӯрдам, аз рӯйи одамгарӣ намебуд. Он гоҳ мегуфтанд, вақте лозим будем, ин одам ҳар рӯз моро фарёд мекард, аммо имрӯз, ки вазъият тинҷ шудааст, мо нодаркор шудем. Омаду як саломуалейк ҳам накард. Ин қадрдонии ман аз хизматҳояшон ҳаст ва агар саволҳо дошта бошанд, ҷавоб медиҳам. Инҳо шахсоне ҳастанд, ки дар рӯзҳои вазнин барои шаҳри Хоруғ бо мақомот ҳамкорӣ карданд. Ба он ситоде, ки роҳбарӣ мекардам, рафтуомад доштанд. Хизмати зиёд карданд, то вазъият орому муътадил шавад. Яроқро аз дасти бачаҳое, ки нафаҳмида онро гирифта буданд, оварда ба мақомот супурданд."

"Озодӣ": Оё гуфтан мумкин аст, ки вазъият дар Хоруғ куллан ба эътидол омадаст?

Шералӣ Хайруллоев: "Аз он рӯзҳое, ки мо корҳоро тамом кардем, то ҳозир дар шаҳри Хоруғ ягон ҷиноят содир нашудааст. Фаҳмиши мардум тамоман дигар шудааст. Аллакай бо ҳамон бачаҳое, ки мегуфтанд, ҷинояткору ҷиноятпеша ҳастанд, вохӯрдам. Онҳо ҳам изҳори миннатдорӣ мекунанд, ки мо тавонистем онҳоро аз роҳи бад гардондем. Аз он розиянд, ки дар маҳбас нестанд, бовар карда, яроқҳояшонро супориданд ва ҳозир дар озодӣ ҳастанду ҳар кадом аз пайи зиндагии худашон қарор доранд."

Дар баробари ин, вазири дифои Тоҷикистон илова кард, ки ҳамроҳи вазири умури дохилӣ ва додситони кулли Тоҷикистон, аз сабаби бад будани ҳаво бо роҳи заминӣ худро ба Хоруғ расондаанд. Вазири дифоъ гуфт, додситони кул ва вазири умури дохилӣ дар ҷаласаҳои ҷамъбастии фаъолияти ниҳодҳои зертобеашон дар вилоят ширкат меварзанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG