Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Юнон натавонист сари вақт қарзи Сандуқи байналмилалии пулро пардохт кунад.

Соати 12 шаби рӯзи сешанбе ба чоршанбе мӯҳлати пардохти ҳатмии қарзи Юнон дар ҳаҷми 1,55 миллиард евро сипарӣ шуд. Ин маблағ бояд ба Сандуқи байналмилалии пул, ҳамчун бахши навбатии қарзи дар соли 2010 бадастомада пардохт мешуд. Ин нахустин бор дар таърихи кори СБП аст, ки яке аз 34 кишвари пешрафтаи саноатии ҷаҳон натавонист қарзашро сари вақт пардохт кунад. То имрӯз ба чунин ҳол танҳо чанд кишвари дигар, аз ҷумла Судан, Замбия, Панама, Конго ва Куба мувоҷеҳ шудаанд. Ҳанӯз нисфирӯзии сешанбе ишорае мешуд, ки Юнон шояд аз ӯҳдаи пардохти ин қарз баромада метавонад.

Субҳи дирӯз маълум шуд, ки қарздиҳандагон ба Юнон пешниҳоди нав ва ниҳоие барои пардохти қарз кардаанд ва рӯзи сешанбе Брюссел аз Юнон мунтазири тасдиқи хаттии ин пешинҳод шуд. Баробар бо ин, рӯзи 5 июл як раъйпурсии ҳамагоние бояд дар Юнон таъин мешуд, ки ҳадафаш ҳам гирифтани посухи мусбати сокинон барои пардохти ин қарз мебошад. Аз рӯи маълумотҳо аз Атен, мақомоти баландпоя тамоми рӯз дар музокирот ва пайваста бо Брюссел дар тамос буданд. Вале дар ниҳоят, Юнон бо пешниҳоди наваш ба қарздиҳандаҳо муроҷиат кард. Ин пешниҳод – гирифтани боз як бастаи қарзҳо аз ҷониби Юнон буд, ки дар давоми панҷ соли охир бори сеюм садо додааст. Ин навбат Юнон аз Бунёди зиддибӯҳронии аврупоӣ, ки маблағгузори азими Юнон дар шароити имрӯза ба шумор меравад, дархости кӯмаки молӣ кард. Зимнан, Бунёди зиддибӯҳронии аврупоӣ 45 дар сади қарзи феълии давлатии Юнонро дар ҳаҷми 312 миллиард евро фароҳам овардааст.

Ин барнома ду солро дар бар гирифта, тағйирот ё реструктуризатсияи қарзи то имрӯз пайдошударо дар назар мегирад.

Қарор аст субҳи чоршанбе Гурӯҳи аврупоӣ ташкили ҷаласа карда, аз паи баррасии пешниҳоди Юнон шавад. Вале қабл аз он садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, ки пешниҳоди нави Юнон танҳо баъди баргузории раъйпурсӣ дар ин кишвар баррасӣ мешавад.

Вале қабл аз он, муовини нахуствазири Юнон Яннис Драгасакис дар муроҷиат ба Сандуқи байналмилалии пул тавассути телевизион гуфт, ки Атен аз ин ниҳод мехоҳад, ки мӯҳлати пардохти қарзро тамдид кунад ва аз Бонки марказии Аврупо хост, маҳдудияти қарздиҳии сареи бонкҳои юнониро аз ҷониби худ тавсеа диҳад.

Ба ин тартиб, нимашаби гузашта мӯҳлати амали барномаи кӯмаки молии Юнон дар ҳаҷми 130 миллиард евро, ки соли 2012 шурӯъ шуда буд, ба анҷом расид. Музокирот бо қарздиҳандаҳо шикаст хӯрд ва Юнон натавонист бахши охири ин барномаи кӯмаки молиро дар ҳаҷми 7,2 миллиард евро дарёфт кунад. Ҳамин масъала ҳам сабаби масдуд шудани дастрасӣ ба 16 миллиард еврои дигар шуд, ки дар сурати дарёфти мувофиқат, метавонист вориди Юнон шавад. Барои нахустин бор дра 5 соли охир ин кишвар бидуни қарзҳои зиддибӯҳронӣ мемонад.

Сергей Сенинский, Радиои Озодӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG