Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қарзи Тоҷикистон имсол 37 миллион доллар коҳиш ёфтааст


Вазорати молияи Тоҷикистон

Вазорати молияи Тоҷикистон

Аммо ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар ҳамчунон беш аз 2 миллиард доллар боқӣ мемонад.

Дафтари матбуоти вазорати молия ба Радиои Озодӣ гуфт, "маблағи умумии қарзи беруна то 1 июли соли ҷорӣ 2 миллиарду 13,9 миллион долларро ташкил дод, ки он ба 25,3 дар сади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад."

Дар оғози сол ҳаҷми қарзҳои Душанбе 2 миллиарду 169 миллион доллар гуфта мешуд, ки баробари 28,5 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ буд. Ба иттилоъи ин манбаъ, аз ин маблағ қарзи бевоситаи давлатӣ, ки хизматрасониаш тавассути ҳукумати Тоҷикистон таъмин мегардад, ба 1 миллиарду 930 миллион доллар баробар буда, 22, 9 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Афзоиши қарзи берунии Тоҷикистон ҳамеша мояи нигаронии созмонҳои молии байналмилалӣ, ба хусус Сандуқи байналмилалии пул будааст.

Чун Ҷонатан Данн, раҳбари ҳайъати Сандуқи байналмилалии пул дар Душанбе гуфта буд, ки дар сурати бетағйир мондани нишондодҳои иқтисодӣ, Тоҷикистон метавонад ба буҳрони қарзӣ гирифтор шавад.

Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, саъй доранд, то қарзи хориҷӣ аз марзи 30 дарсади маҷмӯи маҳсмулоти дохилии кишвар нагузарад.

Сафаралӣ Гулов, раиси кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси Намояндагон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло қарзи хориҷии Тоҷикистон дар таносуб ба маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ зиёд нест. Чун ба таъкиди вай, қарзи берунии бархе аз кишварҳо ҳатто то 50 - 60 дарсади ММД мерасад, ки дар муқоиса ба Тоҷикистон ба маротиб бештар аст.

Ҳамзамон вазорати молия хабар медиҳад, ки дар соли ҷорӣ аз ҷониби ин вазорат 13 созишномаи грантиву қарзӣ барои иҷрои лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо созмонҳои молии байналмилалӣ ба имзо расидааст, ки аз ин танҳо маблағҳои грантӣ 472 миллион сомонӣ ё ҳудуди 100 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Аз ин маблағ 346 миллион сомонӣ барои бахши кишоварзӣ, 184 миллион сомонӣ - энергетика, 179 миллион сомонӣ - нақлиётӣ, 29 миллион - тандурустӣ, 24 миллион сомонӣ - хадамоти манзиливу комуналӣ ва 114 миллион сомонӣ барои мақомоти давлатӣ ҷудо шудааст.

Феълан дар Тоҷикистон 68 лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 2 миллиард доллари амрикоӣ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ мавриди иҷро қарор доштааст.

Аммо аз 2 миллиард доллар қарзи кишвар 971 миллионаш ё қариб нисфаш қарзи Чин аст. Зимни боздиди ахири раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Чин дар моҳи июн Пекин ба Душанбе ваъдаи боз беш аз 200 миллион доллар қарзу кумакҳои нав кард. Бо ин кумакҳо акнун беш аз нисфи қарзҳои хориҷии Тоҷикистон марбут ба Чин мешавад.

Ба бовари иқтисоддонҳо, қарзҳои Пекин бо вуҷуди кумаки муассираш дар сохтмони бахусус роҳҳои Тоҷикистон боз ҳам қарзҳои истеъморист ва дар сурати кадом кӯтоҳие дар пардохти ин қарзҳо Душанбе дар оянда маҷбур мешавад хостаҳои бештари Чинро қабул кунад

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG