Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми қатли 529 ихвонӣ дар Миср


Пайвандони маҳкумин дар назди додгоҳ
Пайвандони маҳкумин дар назди додгоҳ

Додгоҳи Миср 579 тан аз тарафдорони раисиҷумҳури барканоршудаи ин кишвар Муҳаммад Мурсӣ ва ҳизби Ихвонулмуслиминро ба қатл маҳкум кард.

Вакили мудофеъ Аҳмад Шариф гуфт, додгоҳ ин гурӯҳи бузургро дар ҷароими мухталифе, бо шумули ҳамла ба маъмурони пулис ва қатли афсари пулис дар ҷараёни эътирозҳои хушунатомези моҳи августи соли 2013 муҷрим шинохт. Аз ҷумъи онҳое ки ба додгоҳ эҳзор шуданд, ба гуфтаи ин вакили мудофеъ, танҳо 16 нафар сафед шудаанд.

Эълони ҳукми ин 545 узви Ихвонулмуслимин чандин бор ба таъхир гузошта шуд. Вакилони мудофеъ мегуфтанд, барои ҳимояти комил аз муваккилони худ дар додгоҳ фурсати кофӣ надоштанд. Тақрибан 150 нафар аз тарафдорони Мурсӣ дар ғуюбашон муҳокима ва маҳкум ба қатл шуданд.

Ҳукми эъдоми ин 529 нафар ҳукми ниҳоӣ нест ва маҳкумон ҳаққ доранд ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят баранд. Вале эълони якбора 529 ҳукми қатл дар қиболи парвандаҳои марбут ба эътирозҳои сиёсӣ ва он ҳам аз сӯи додгоҳи музофотие дар шаҳри Матойи вилояти Минё дар ҷануби Миср бисёриҳоро дар ҳоли шок андохт.

Тариқ Фоуда, раҳбари анҷумани вакилони мудофеъ дар шаҳри Минё дар ҷануби Миср аз кмбуди “адолат” дар додгоҳ интиқод кард: “Ба бовари мо, адолати додгоҳӣ, ки дар қонуни ҷиноӣ замонат дода шудааст, дар ин қазия аслан вуҷуд надошт. Мо ҳама аз ҷиноятҳое, ки Ихвонулмуслимин содир кардааст, хабар дорем, вале мо бояд аз ҳукми қонун дар Миср ва тантанаи адолат барои ҳамагон дифоъ кунем.”

Ҳасиба Ҳаҷ Сарровӣ, муовини мудири созмони Афви байналмилалӣ дар умури Ховари Миёна ва Африқои шимолӣ гуфт, низоми додгоҳии Миср аз сӯи мақомоти ин кишвар бо ҳадафи саркӯби мухолифин истифода мешавад. Ҳасиба Сарровӣ гуфт, “ҳукми қатл ҳамчун василае барои тарсондани мухолифин кор бурда шудааст.”

Ӯ меафзояд: “Ончӣ қобили таъкид аст, ин аст, ки вақте 529 тарафдори раисиҷумҳури барканоршуда Мурсӣ маҳкум ба қатл шуданд, аз сӯи дигар, ягон афсари амниятӣ барои куштори садҳо эътирозгар др августи соли 2013 ба масъулият кашонда нашуд. Аз ин рӯ, он чӣ ки мо инҷо ва ҳамин тавр дар кишварҳои дигар мебинем, ин аст ки ҳукми қатл ҳамчун василае барои тарсондан ва саркӯби мухолифин истифода мешавад.”

Намояндаи Афви байналмилалӣ гуфт, судури якбораи чандсад ҳукми қатл дар Миср ҳамагӣ чанд моҳ қабл аз интихоботи порлумониву раёсатҷумҳурӣ иттифоқ уфтода, “ба ҳар нафаре, ки ба эътироз дар Миср ҷуръат кунад, паёми хеле мудҳиш мефиристад.”

Бо ин ҳол, рӯзи сешанбе, 25 март як додгоҳи Миср ба муҳокимаи боз як гурӯҳи иборат 700 нафар аз тарафдорони раисиҷумҳури барканоршудаи ин кишвар Муҳаммад Мурсӣ ва ҳизби Ихвонулмуслимин оғоз мекунад.

Мақомоти Миср баъди барканории Муҳаммад Мурсӣ дар тобистони соли 2012 ҳизби Ихвонулумуслиминро созмони террористӣ хонда, фаъолияташро манъ карданд.

Мурсӣ дар моҳи июни соли 2012, се моҳ баъд аз барканории Ҳуснӣ Муборак, ки аз соли 1981 бо панҷаҳои оҳанинаш бар Миср ҳукумат меронд, дар нахустин интихоботи алтернативӣ дар таърихи ин кишвари арабии Африқои шимолӣ ба қудрат расид.
Муҳаммад Мурсӣ
Муҳаммад Мурсӣ
Аммо ҳамагӣ чанд моҳ баъд эътирозҳо алайҳи давлати ӯ ва ҳузури афзояндаи тарафдорони Ихвонулумуслимин дар ҳаёти сиёсии Миср оғоз ёфт. Дар оғози моҳи июли соли 2013 низомиҳои Миср, ки дар умури давлатии ин кишвар аҳамеша нақши муҳим доштанд, бо ҳимоят аз эътирозгарон Мурсиро аз мақом барканор карда, ба ҳабс кашиданд. Ба дунболи Мурсӣ, ҳазорон нафар аз тарафдорони ӯву ҳизби Ихвонулумуслимин равонаи зиндон шуданд.

Дар ҳоли ҳозир муҳокимаи парвандаи Мурсӣ низ идома дорад. Ӯро аз ҷумла ба куштори эътирозгарон ва ҳам ба фирор аз зиндон дар рӯзҳои эътирозҳои зидди режими Ҳуснӣ Муборак дар оғози соли 2011 айбдор мекунанд. Худи ӯ мурофиаашро “мазҳака” хондааст.
XS
SM
MD
LG