Пайвандҳои дастрасӣ

Даргузашти як маҳбуси бемори қанд дар як маҳбаси Душанбе мавзӯи дар чӣ шароите табобат шудани зиндониёни мариз дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистонро дигарбора дар миён гузоштааст.

Наздикони як маҳбуси фавтида дар зиндони рақами 3/4, воқеъ дар маҳаллаи “Якуми Совет”-и шаҳри Душанбе шикоят доранд, ки масъулони зиндон барои табобати наздикашон шароити беҳтар фароҳам наовардаанд.

Рустам Абророви 53-сола, сокини шаҳри Кӯлоб ду сол пеш дар ҳоле бо иттиҳоми қаллобӣ зиндонӣ шуд, ки бинобар хуруҷи бемории қанд як пояшро пизишкон тоза бурида буданд.

Ҷамила Абророва, хоҳарбузурги Рустам Аброров рӯзи 8 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, гирифторони бемории қанд бояд пайваста зери назари пизишкон бошанд, вале ӯ ҳангоми дидорбиниҳо эҳсос кардааст, ки ба сиҳатии бародараш дар зиндон таваҷҷӯҳ намешавад. Ин маҳбуси беморро, ки алакай як пой надошт, дар ҳоле дар беморхонаи зиндон бистарӣ карданд, ки пои дигараш ҳам комилан пӯсида буд: “Медонистам, ки вазъаш хуб нест, ҳарчанд худаш қоил намешуд. Ӯ даҳ сол боз аз ин беморӣ ранҷ мекашид. Оиладору соҳиби 4 фарзанд буд. Мо худамон ҳама доруву дармонашро мебурдем. Аммо саломатиаш бадтар мешуд, як пояшро буриданд, пойи дувумаш бемор шуд, аммо фақат ҳамин даҳ рӯз пеш ӯро ба беморхона овардаанд. Вақте ҷасадашро шустем, пояш умуман пӯсида, гӯштҳои пояш рехта буд.”

Хоҳарбузурги ин маҳбуси дар зиндон фавтида мегӯяд, агар бародараш саривақт ба табобат фаро гирифта мешуд, шояд умри бештар медид. Наздикони Рустам Аброров мегӯянд, дар чунин ҳолат бояд ӯро барои табобати ҷиддӣ аз зиндон ҷавоб медоданд, аммо масъулон ба муроҷиати онҳо ҷиҳати дар берун аз зиндон табобат кардани ин маҳбус ҳамеша ҷавоби рад медоданд.

Аммо масъулони зиндон аз чунин муроҷиатҳо аз ҷониби наздикони ин зиндонӣ изҳори бехабарӣ мекунанд.

Як масъули раёсати тиббии идораи зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар муассисаҳои тиббии маҳбасхонаҳо шароити хубе барои табобати бемориҳои сил, қанд, фишори хун, қалб ва дигар маризиҳо фароҳам оварда шудааст, ки ба гуфтаи ӯ, мисли шароити дигар беморхонаҳои кишвар аст. Ба гуфтаи ӯ, шароити беморхонаи маҳбасро коршинсони дохиливу хориҷӣ ҳам баҳои баланд додаанд.

Ҳамсӯҳбати мо афзуд, маҳбусон танҳо дар сурате метавонанд ба беморхонаҳои беруна интиқол ёбанд, ки агар дар дохил имкони табобати бемориашон вуҷуд надошта бошад: “Барномаи миллии мубориза бо сил ва дигар барномаҳое, ки дар берун амалӣ мешаванд, дар дохил ҳам ҳастанд. Аммо мувофиқи моддаи 105 Кодекси иҷрои ҷазо маҳбус ҳуқуқ дорад муттахасисонро аз берун барои табобат ҷалб кунад. Албатта, ҳастанд ҳолатҳое, ки вақте имконоти мо барои табобати кадом як бемор маҳдуд аст, ӯро ба берун бурда табобат кунем. Вале чунин ҳолату муроҷиатҳо хеле каманд.”

Аммо ин масъул мегӯяд, давоми чанд соли ахир ниёз ба табобат дар берун барои ягон маҳбус пайдо нашудааст ва охирин ҳолате, ки маҳбуси беморрро дар берун табобат кардаанд, 2 сол пеш буд.

Садриддин Шарифов, сардори маҳбасхонаи рақами як мегӯяд, интиқоли беморон барои табобат дар озодӣ ва дар дохили зиндон бар асоси тавсияи пизишкон сурат мегирад: “Мутахассисони омада мебинанд ва агар бемор воқеан ба табобат ниёз дошта бошад, дар муассисаи табобатӣ дар шаҳри Ваҳдат табобат мешавад. Ҳар як муассисаи ислоҳӣ ва тафтишотӣ дар дохили худ қисми тиббӣ дорад, агар имкони табобати он касал дар ин муассиса набошад, онҳоро ба муассисаҳои табобатии махсус бурда, табобат мекунанд. ”

Раиси идораи зиндонҳо Иззатуллоҳ Шарипов. Акс аз соли 2011

Раиси идораи зиндонҳо Иззатуллоҳ Шарипов. Акс аз соли 2011

Масъулони идораи зиндонхо аз пешниҳоди омори дақиқе дар бораи мавридҳои ҳалокати маҳбусон дар зиндонҳо худдорӣ мекунанд.Аммо тибқи иттилои расмӣ, дар зиндонҳои Тоҷикистон дар нимсолаи соли ҷорӣ 746 маҳбуси мубталои бемории сил ва гирифторони бемории кушандаи ВИЧ/СПИД сабт шудаанд. Аммо созмонҳои байналмилалӣ теъдоди маҳбусони бемории сил ва СПИД дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистонро аз 2 ҳазор зиёд мехонанд. Ҳамин травр, шумори бузерге аз маҳбусон аз маризии силу қанд ва фишори хун ранҷ мекашанд. Масъулони вазорати тандурустӣ ва маҳбасхонаҳо мегӯянд, маҳбусон бо қадри имконбо маводи дорувории ройгон таъмин буда, пайваста зери назорати табибон қарор доранд.

Аммо Гулчеҳра Холматова, ҳуқуқшиноси тоҷик, ки дар доираи лоиҳаи вижае бо маҳбусон ва наздикони онҳо ҳамкорӣ кардааст, мегӯяд, воқеан, бештар наздикони маҳбусон аз сиҳатии онҳо ва дуруст табобат нашуданашон шкиоят мекунанд. Хонум Холматова гуфт: “Шикоят мекарданд, ки тамоман табобат намекунанд, таваҷҷӯҳ нест. Наздикони маҳбусон ба сарраёсат ва дигар масъулин муроҷиат мекарданд, аммо дархостҳояшон рӯякӣ санҷида мешуд ва барояшон ягон доруву дармоне менавиштанду бо ҳамин тамом, онҳо фаромӯш мешуданд. Агар ин доруҳо ба бемор кӯмак накунаду барои вай аз нав ташхис ва табобат ё ҷарроҳӣ лозим шавад, дигар касе ба кӯмакаш намерасид.”

Ин ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, маҳбусони бемор бояд дар шароити хос нигаҳдорӣ шуда, зери назорати қатъӣ табибон қарор дошта бошанд. Аммо тибқи қонун, ба қавли ӯ, танҳо дар сурати истисноӣ ва вазнин будани ҳолати бемор, наздикони маҳбус метавонанд бо муроҷиат ба раҳбарони маҳбасхонаҳо, барои дар шароити беҳтар табобат кардани ӯ иҷоза бигиранд. Банди қонуне, ки ба гуфтаи ҳуқуқшиносон, дар чанд соли ахир ба коми фаромӯшӣ рафтааст ва амалан ягон маҳбуси бемор дар озодӣ табобат намегирад.

Дар маҳбасҳои Тоҷикистон, бино ба иттилои расмӣ, наздик ба 10 ҳазор маҳбус нигоҳдорӣ мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки то панҷ сол пеш иҷозаи табобат дар озодӣ ба осонӣ ба маҳбусон дода мешуд, аммо ҳоло маҳбусони бемор мисли Рустам Аброров то охирин рӯзи зиндагии худ дар маҳбас мемонанд. Рустам Аброров ба 5 соли ҳабс маҳкум шуда, вақте даргузашт, ки танҳо ду сол аз ҳукмашро адо карда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG