Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони осебдидаи Бадахшон аз обшавии ба шиддати захираҳои барфу пиряхҳо дар ним моҳи охир ва боло шудани сатҳи оби рӯдхонаҳо, ки дар пай сели харобиовар дошт, қаблан ҳеч иттилое надоштаанд.

Шиддати обшавии пиряхҳои Федченко, Хирсон, Кашолях, Ғармо ва даҳҳо пиряхҳои хурду бузург, ки дар болооби рӯдхонаҳои Техарв, Рохарв, Шихарв ва Вравзи ноҳияи Ванҷ қарор доранд, дар ним моҳи ахир афзоиш ёфта, боиси якбора омадани селҳои харобиовар шудааст.

Аз ҷумла, пиряхи Федченко, ки бузургтарин пирях дар Осиёи Марказӣ буда, 77 километр дарозӣ дорад, ба таври маъмул 3,5 сантиметр дар як шабонарӯз об мешуд, аммо дар ним моҳи ахир обшавӣ дар ин пирях то 5 сантиметр ба назар расидааст. Дар Тоҷикистон ҳудуди 14 ҳазор пирях сабт шудааст ва дар баландиҳои аз 4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр захираҳои барфӣ мавҷуд аст.

Оҷонсии обу ҳавошиносии назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯяд, бинобар гарм омадани ҳаво обшавии пиряхҳо ва захираҳои барф суръати зиёд пайдо кард. Дар ҷаласаи 22 июли ҳукумати Тоҷикистон ҳам таъкид шудааст, ки чунин гарм шудани ҳарорати ҳаво ва боло рафтани оби дарёҳо дар кишвар бори охир соли 1944 сабт шуда буд.

Зоҳир Маҳмадҷонов, як сокини деҳаи Баррӯшони Бадахшон, ки шоми рӯзи душанбе қисме аз деҳи онҳоро низ сел задааст, мегӯяд, аз лағшиши пиряхҳо ва обшавии онҳо хабар доштанд, аммо тасаввур вуҷуд надошт, ки дар гармои тобистон обхезӣ шуда, садҳо сокин зиён бинад.

Ӯ гуфт, танҳо аз садои ваҳшатноки сел аз офати табиӣ огаҳӣ пайдо карда, бо фирор аз мавзеи хатарнок ҷон ба саломат бурдаанд. Маҳмадҷонов бо ёдоварӣ аз лаҳзаи вуруди сел ба деҳаашон гуфт: "Торик шуда буд ва мо интизор надоштем, ки сел меояд, зеро борон наборида буд. Садои сел хеле сахт аз болооб ба гӯш мерасид ва мо ин садоро шунида, аз хонаҳои худ ба ҷои бехавфтар фирор кардем."

Селҳои харобиовар дар Бадахшон дар гармои тобистон бесобиқа будааст ва ба қавли масъулони Оҷонсии обу ҳавошиносии назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, ин дар пайи болоравии сатҳи рӯдхонаҳо ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳомидҷон Расулзода, директори Оҷонсии обу ҳавошиносии назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон 21 июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, сатҳи оби аксари рӯдхонаҳои кишвар ба ҳисоби миёна бештар аз 100 кубометр дар як сония афзоиш ёфтааст. Ба унвони мисол ӯ гуфт, дар рӯдхонаи Ванҷоб ҳамасола тибқи меъёр 146 кубометр дар як сония об ҷорӣ мешуд, аммо дар даҳ рӯзи ахир сатҳи ҷоришавии об ба 263 кубометр сония расидааст, ки дар қиёс ба солҳои пеш 117 кубометр сония бештар будааст.

Ӯ гуфт: “Аз 84 дар сади захираҳои барфӣ дар Тоҷикистон дар ин гармо 16 дар садашон об шудааст ва болоравии сатҳи об дар тамоми рӯдхонаҳо мушоҳида мешавад. Кормандони мо дар маҳалҳо сокинонро аз ин огоҳ карда буданд ва худи сокинон ҳам болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳоро мушоҳида мекарданд. Тӯли 15 рӯзи охир баландшавии гармо мушоҳида шуд, ки ба чунин шакл ягон сол ба мушоҳида нашуда буд. Ин гармӣ як марҳилаи калонро дар бар гирифт, ки ба обшавии захираҳои барфӣ таъсир расонид.”

Бар асари обхезӣ дар чанд рӯзи ахир сокинони чандин деҳа дар Ванҷ, Шуғнон ва дигар навоҳии Бадахшон осеб дида, дар ноҳияи Рашт 1 нафар ва дар Ванҷ 6 тан дар пайи ин офати табии ҳалок гардиданд. Аммо Муассисаи давлатии обуҳавосанҷии Тоҷикистон мегӯяд, то аввали моҳи август хатари обхезӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Ҷамила Байдуллоева, як масъули Муассисаи давлатии обуҳавосанҷӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз 22 то 26-уми июл дар Бадахшон ҳарорати ҳаво аз 30 то 33 дараҷа боло меравад ва ин болоравии ҳарорати ҳаво эҳтимоли обхезиҳоро бештар мекунад: “Гармшавии якбораи ҳарорати ҳаво дар баландии 4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр дар назар аст, ки ин боз ҳам суръати обшавии барф ва пиряхҳоро бештар мекунад. Хавфи омадани сел то аввали моҳи август пешбинӣ карда мешавад. ”

Аз рӯзи 16 июл боз сел дар ноҳияҳои вилояти Бадахшон даҳҳо манзили сокинон ва роҳу хатҳои интиқоли нерӯи барқро вайрон карда, танҳо хисороташ дар ҷамоати деҳоти Сӯчон ба беш аз се миллион доллар баробар будааст. Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, 20 июл дар сӯҳбаташ бо намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ва корпусҳои дипломатӣ дар Душанбе хисороти то ин дами сел ба иқтисоди кишварро бештар аз 50 миллион доллар дониста, барои рафъи оқибатҳои сел аз онҳо ёрӣ хостааст.

Ӯ гуфтааст, "бар асари офатҳои табиии рӯзҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои Шуғнон, Ванҷу Дарвоз ва Рӯшони Бадахшон, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Айнӣ ва Панҷакенти вилояти Суғд, Панҷ, Ҳамадонӣ, Бохтар ва Ҷилликӯли вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои гурӯҳи минтақаи Рашт ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат шумораи зиёди манзилҳои истиқоматӣ, роҳу купрӯкҳо, хаттҳои интиқоли барқ ва дигар иншооти таъиноти гуногун хароб гардида, мушкилоти зиёде пешорӯ гузоштанд".

Ҳоло дар аксар навоҳии Бадахшони Тоҷикистон сел омадааст, аммо дар ин миён бештар сокинони ноҳияи Ванҷ ва Шуғнон зиён дидаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG