Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар як садамаи пурқурбонӣ дар шаҳри Хуҷанд ду нафар, бо шумули як кӯдаки дусола ҳалок ва се тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Дар маркази Хуҷанд як автомобили “БМВ” аз роҳ берун шуда, 5 пиёдагардро пахш кардааст. Дар ин садама ду нафар ҳалок ва сеи дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ин садамаи маргбор рӯзи 4-уми май, соатҳои 5-и бегоҳ дар роҳи марказии Хуҷанд, дар чорроҳаи маҳаллаи Гулбаҳор, назди Донишкадаи иқтисод ва савдо рух додааст. Аз маркази иттилооти раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Фирӯз Ҷалолов, ронандаи 35-сола паси фармони автомобили “БМВ” “аз ӯҳдаи идораи автомобил набаромада, бо суръати баланд ба канори роҳи самти муқобили ҳаракат баромад ва пиёдагардони канори роҳро зери чарх гирифт.”

Ба гуфтаи ин манбаъ, як духтарчаи 2-сола бо номи Шаҳрибону Шокирова ва Зоид Тӯхтаеви ҳудуди 50-сола -- корманди нозироти андози Хуҷанд, дар ҷои садама ҷон бохта, 3 нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол дода шудаанд. Захмишудагон Меҳрангез Ҳайдарова ва Шӯҳрат Шокаримов, падару модари Шаҳрибонуи 2-сола ва Муҳаммадамин Раҳматов, сокини 67 -солаи шаҳри Хуҷанд буда, дар ҳоли ҳозир дар шуъбаи эҳёи бемористони шаҳри Хуҷанд таҳти муроқибати табибон қарор доранд.

Як шоҳиди ҳодиса, ки худро Хайрулло муаррифӣ кард, мегӯяд, “автомобили БМВ бо суръати хеле баланд ҳаракат мекард ва ба канори роҳ ҷаҳида, пиёдагардонро зери чарх гирифт ва ба девори бинои канори роҳ бархӯрд.”

Рӯзи 5-уми май, ки ба ҷои ҳодиса рафтам, ҷойи бархӯрди мошин ба бино каме хароб шуда, он ҷо шикастапораҳои қисми пеши мошин ба чашм мерасиданд.

Соҳиби дӯкони канори ҷои садама, як марди миёнсол, ки худро нахост муаррифӣ кунад, мегӯяд, садои баланди ба девор бархӯрдани мошинро шунид ва берун омада, БМВ – и пачақшуда ва зери он мондагонро дид. “Баъд одамони бисёр, кормандони милиса ва мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” ҳозир шуда, ҳамаи касони садамадидаро бурданд. Баъд шунидем, ки кӯдаки 2 -солаю як ҷавон б ҳалокат расидаанд,” – афзуд вай.

Бино ба иттилои расмӣ, ронандаи “БМВ” Фирӯз Ҷалолови 35-сола ва корманди ширкати дару тирезаҳои пластиксозии “Шонлайн” дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Ба гуфтаи ин манбаъ, вай ва ду ҳамроҳаш, як зану марди дигар низ бо ҷароҳатҳои мухтлиф дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Равшан Шокаримов, бародари Шӯҳрат Шокаримов, ки ҳамроҳи чанд хеш наздиконаш дар назди бахши “Эҳё”-и беморхонаи шаҳри Хуҷанд қарор дошт, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъди як шабонарӯзи садама ҳанӯз янгааш – Меҳрангез Ҳайдарова ва Муҳаммадамин Раҳматови 67 -сола ба ҳуш наомадаанд ва табибон ҳоли онҳоро хеле вахим арзёбӣ мекунанд. “Ҳолати акоям - Шӯҳрат Шокаримов беҳтар аст, вале он кас ҳам дар ҳолати “шок” қарор доранд,” - афзуд вай.

Ба гуфтаи наздикони афроди дар ин садама маҷрӯҳгашта, субҳи панҷшанбе ронандаи “БМВ” наздашон омада, аз ҳодиса изҳори таассуфи амиқ ва ба хонаводаҳое, ки талафот додаанд, изҳори тасаллият кардааст.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи манобеъ аз пулиси Хуҷанд, дар ҳоли ҳозир пулис ба таҳқиқи ин ҳодиса машғул аст.

Рӯзи 5-уми май дар чорроҳаҳо, ҷойҳои одамгузар ва назди мактабҳо назар ба рӯзҳои дигар бештар пулисҳои раҳбон ба чашм мерасиданд. Онҳо аз ҳаракати нақлиёт ва риояти бехатарии пиёдгардон назорат мекарданд.

Мақомоти Суғд аз афзудани садамаҳои нақлиётӣ бо оқибатҳои маргбор др солҳои охир изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба гуфтаи мақомот, дар соли гузаштаи 2015 дар 108 садамаи нақлиётӣ дар шимоли Тоҷикистон 136 нафар ба ҳалокат расиданд. Мақомоти масъул риоят накардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат, дар ҳолати мастӣ ва бо суръати баланд рондани нақлиётро аз сабабҳои умдаи зиёд рух додани садамаҳои нақлиётӣ дар ҷодаҳои Суғд меноманд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG