Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршиносони СММ: Хиёнат ба ҳамсар набояд ҷиноят бошад


Гурӯҳи коршиносони Созмони Милал дар масъалаи ҳуқуқи занон хостаанд, муҷозот барои хиёнат ба ҳамсар бекор шавад.

Гурӯҳи коршиносони Созмони Милал дар умури табъйизи занон аз ҳукуматҳо талаб кардаанд, ки муҷозот барои хиёнат ба ҳамсарро аз қонунҳои кишварашон лағв (бекор) намоянд.

Ба қавли аъзои гурӯҳ, дар бисёре аз кишварҳо хиёнат (зино) ҳамчун ҷиноят эътироф шуда, нафари гумонбар ҷарима, доркашӣ, ҳабс ё сангзанӣ мешавад. Нигаронии аъзои гурӯҳ аз он аст, ки ҳарчанд ҳам мард ва ҳам зан ба ҳамсари худ хиёнат мекунанд, вале мардон бисёр вақт аз "об хушк баромада"-ву "чормағз дар сари занон мешиканад".

Коршиносони Созмони Милал эълом доштаанд, набояд хиёнат ҳамчун ҷиноят эътироф ва шахс барои хиёнат ҷарима, сангзанӣ, ҳабс ва ё ба дор кашида шавад.

Дар изҳороти худ коршиносони Созмони Милал таъкид кардаанд, то кунун бархе аз кишварҳо чунин банди қонунҳоеро, ки ҳуқуқи занонро нақз мекунад, ислоҳ намудаанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи онҳо, соли соли 2007 Додгоҳи Қонуни асосии Уганда муҷозот барои хиёнат ба ҳамсарро манъ кардааст.

Дар кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Эрону Афғонистони наздик ба Тоҷикистон, барои хиёнат ба ҳамсар ва ё зино муҷозоти сангин пешбинӣ шудааст. Вале ҳуқуқдон Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, дар Тоҷикистон хиёнат ба ҳамсар на ҷавобгарии ҷиноӣ дорад ва на маъмурӣ. Вай мегӯяд, агар дар Тоҷикистон чунин иттифоқе пеш ояд, ҳамсарон миёни якдигар бояд масъаларо ҳал намоянд ё ин ки барои ҷудошавӣ ба додгоҳ ариза нависанд.

Беш аз навад дарсади сокинони мусалмони Тоҷикистон пайрави Исломанд ва онҳо хиёнат ба ҳамсарро "амали ғайришаръӣ" меҳисобанд. Рӯҳониёни тоҷик ҳам мегӯянд, борҳо сари ин мавзӯъ дар амри маъруфҳои худ таъкид карда, ба масъала рӯшанӣ андохтаанд. Дар ҳоле ки ба қавли онҳо, аксар хонаводаҳои ҷавон дар пайи хиёнати ҳамсарон ва ё рашк аз ҳам пошида, кӯдакон ятиму бепарастор ва пайвандҳо аз ҳам гусаста шудаанд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG