Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешниҳоди ҳукумат. 16 ноябр – Рӯзи президент дар Тоҷикистон


Шӯрои Маҷлиси Намояндагон – палатаи поёнии парлумон пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон дар бораи таҷлил аз "Рӯзи президент" дар кишварро баррасӣ карда ва аз он ҳимоят намудааст.

Шӯрои Маҷлиси Намояндагон - палатаи поёнии парлумон - рӯзи 11 апрел пешниҳоди ҳукумат дар бораи таҷлил аз "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар кишварро баррасӣ карда ва аз ин тарҳ ҳимоят намудааст. Қарор аст, ин мавзӯъ дар ҷаласаи рӯзи чоршанбеи парлумон барои қабул ба овоздиҳии вакилон гузошта шавад.

Дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон мегӯяд, ки ин тағйирот ба моддаи 2-и қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" буда, дар он таъкид шудааст, 16 ноябр ҳамчун "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" эълон ва ҳамасола таҷлил гардад. Ба қавли манбаъ, "лоиҳаи қонуни мазкур бо дарназардошти саҳми арзандаи Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст."

Ин пешниҳод дар ҳолест, ки Қазоқистон тайи панҷ сол боз Рӯзи Президенти Нахустинро таҷлил мекунад. Ин рӯз дар соли 2011 ба ифтихори Нурсултон Назарбоев ва пирӯзии ӯ дар интихоботи 1 декабри соли 1991 таъсис дода шудааст.

Моҳи декабри соли гузашта ду палатаи парлумони Тоҷикистон қонун "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат"-ро тасвиб карда ва онро раисиҷумҳур рӯзи 25 декабр имзо гузошт. Истифодаи ибораи "Пешвои миллат" дар оғози соли гузашта аз забони сокинон зимни вохӯриҳо бо Эмомалӣ Раҳмон садо дод. Баъдан парлумони Тоҷикистон ин ибораро қонунӣ ба мақом табдил дод.

Ин қонун аз муқаддима ва 16 модда иборат аст ва вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, салоҳият, дахлнопазирӣ, бунёди осорхона, бойгонӣ, китобхона, амният ва кафолатҳои иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро муқаррар мекунад.

Бар асоси моддаи 4-уми ин қонун ордени “Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон” ва ҷоизаи давлатии “Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон” низ таъсис дода мешавад.

Аммо мунтақидон мегӯянд, ин унвон як намунаи дигари шахспарастист, ки дар Тоҷикистон авҷ мегирад. Бахусус аз он нуктаи қонун интиқод мешавад, ки ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон иҷоза медиҳад, пас аз қатъи ваколаташ аз бонуфузтарин мақоми кишвар бимонад ва дар мушаххас кардани сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар нақши умда бозӣ кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG