Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 10 ноябр кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон иди касбии милисаро таҷлил карданд.

Собиқадори милисаи тоҷик Алиакбар Абдуллоев, бо он ки чандин сол аст, дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият надорад, ҳанӯз ҳам 10 ноябр - иди касбии милисаро як ҷашни касбии худ мешиносанд ва дар ин рӯз ҳатман ҳамкорони собиқи худ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бо паёмакҳои телефонӣ табрик мекунад. Вай мегӯяд, замоне, ки ӯ корро дар сохторҳои милиса шурӯъ карда буд, Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Ҳарчанд он замон ҳам гоҳо аз кори милиса танқид мешуд, аксарият, аз ҷумла худи ходимони ҳифзи ҳуқуқ бовар доштанд, ки милиса “хидматгори халқ” аст.

Бисёри онҳо бо забони адабӣ гап намезананд, милиса бояд маърифати баланд дошта бошад ва барои дигарон як намуна бошад

Ҳоло, мегӯяд ӯ бо таассуф, дар сафи милиса афроде ҳам хастанд, ки номи ин ходими ҳифзи қонунро доғдор мекунанд. Ӯ ҷонибдори ислоҳоти куллӣ дар сохторҳои милиса ба манзури боло бурдани обрӯву эътибори ҳофизи қонун аст. Вай гуфт, гурӯҳи вижаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва зиёиён таъсис ёбад ва дар ҳамкорӣ бо ходимони милиса барои боло фарҳанги рафтори ходимони ҳифзи ҳуқуқ ба хотири эътимоди бештари ҷомеа ба милиса кор кунад.

“Ба онҳо бояд омӯхта шавад, ки чӣ хел одам бояд ба ҳамдигар муошират кунад. Рафтор, тарзи либоспӯшӣ, дар кӯча гаштан, бо телефон сӯҳбат кардан, тарзи даъвати одамон тамоми ин усулҳо бояд ба милисаҳо омӯхта шавад. Бисёр муҳим аст, ки корманадони милиса бо мардум наздик шавад, бояд вохӯрии онҳо бо мардуми оддӣ созмон дода шавад. Милиса бояд содиқона хизмат кунад.”

ВИДЕО: Алиакбар Абдуллоев дар бораи обрӯву эътибори милисаи тоҷик

Натиҷаҳои ками чор соли ислоҳоти сохторҳои милиса

Рӯзи милисаи тоҷик дар ҳоле таҷлил мешавад, ки 4 сол боз ислоҳоти ин сохтор ба тадриҷ ҷараён дорад. Тибқи барномаи ислоҳот, дар баробари табдили номи милиса ба пулис, як силсила ислоҳоти дигаре ҳам роҳандозӣ хоҳад шуд, ки ҳадафаш, ба гуфтаи мақомот, боло бурдани эътимоди мардум ба мақомоти умури дохила ва ба ҳомии воқеъии қонуну тартибот табдил додани онҳост. Аммо ба гуфтаи таҳлилгарон бо вуҷуди ин ҳама талошу танқидҳое, ки дар нисбати милисаҳо садо медиҳанд, дар ин самт тағйироти зиёде ба мушоҳида намерасад.

Хабари наҷоти ҷони як зани ноумедшуда аз зиндагӣ дар обҳои дарёи Сир аз ҷониби Фирӯз Раҳматов, сержанти хурди милисаи шаҳри Хуҷанд, вокуниши мусбати ҷомеаи Тоҷикистонро ба бор овард

Бархе пурсишҳои афкори умум нишон медиҳад, ки мизони адами эътимод ба ходими милиса дар Тоҷикистон баланд аст. Ходимони ҳифзи ҳуқуқро 40 дар сади ҷомеа олуда ба фасод мегӯянд ва аз ҳодисаҳои зиёди латукӯб баъди боздошти афроди гумонбар дар ҷиноят шикоят мекунанд. Ҳодисаи дағаливу таҳқири наврасони ширкатдори ҷашни ҳиндии Ҳолӣ аз ҷониби ходимони милисаи Душанбе дар соли ҷорӣ, яке аз пурбаҳстарин хабарҳои матбуотӣ шуд, ки баъди дахолати вазири умури дохила баррасӣ ва ҳал шуд. Ҳодисаи даст доштани милиса дар шиканҷаву зӯроварӣ низ яке аз мавзӯъҳои дардноки системаи ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аст ва бархе гузоришҳои фаъолони ҳуқуқи башар ин мушкилро “системавӣ ва ё давомнок” ҳам арзёбӣ кардаанд.

"Милиса бояд хушмуомила бошад"

Бархе мусоҳибони радиои Озодӣ рӯзи 10 ноябр аз шеваи пӯшиши сару либос ва рафтору гуфтори бархе аз милисаҳо бо шаҳрвандони оддӣ интиқод мекунанд. Ҷамол, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд: “Бисёриҳо мегӯянд, дар дасти милиса, ки афтидӣ бояд коре карда ӯро хурсанд карда аз дасташ халос шавӣ. Бисёри онҳо бо забони адабӣ гап намезананд, милиса бояд маърифати баланд дошта бошад ва барои дигарон як намуна бошад”.

Фирӯз Раҳматов

Фирӯз Раҳматов

Айни замон, ҷомеа ҳодисаҳои мусбат ва ё қаҳрамониҳои милисаҳоро ҳам нодида намегирад. Октябри соли 2015 хабари наҷоти ҷони як зани ноумедшуда аз зиндагӣ дар обҳои дарёи Сир аз ҷониби Фирӯз Раҳматов, сержанти хурди милисаи шаҳри Хуҷанд, ҳазорҳо вокуниши мусбати хонандаҳои сайти радиои Озодиро ба бор овард.

Вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода дар ростои ҷашни касбии милиса гуфт, ки эътимод ва бовари мардум ба милиса боло рафтааст ва ин ниҳод ҳам пайваста талош дорад, то сафи худро аз афроди зишту доғдоркунанда пок созад, то мардум бо кормандони ҳифҳзи ҳуқуқ ҳамкорӣ кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG