Пайвандҳои дастрасӣ

Довуди Пажмон дар миёни панҷ беҳтарини "Ситораи афғон"


Дар марҳилаи 23-юми озмуни «Ситораи афғон» Довуди Пажмон, намояндаи Бадахшон суруди фолклории «Ошиқам»-ро тақдим намуд.

Довуди Пажмон, ки бо асбоби мусиқии маҳаллӣ бо номи "қашқарча" оҳанг иҷро мекунад, ҳамакнун ба марҳилаҳои ниҳоӣ гом мегузорад ва дар миёни панҷ тан аз беҳтаринҳо ҷой гирифтааст.

Дар марҳилаҳои қаблии ин озмун низ Довуди Пажмон баҳои арзандаи доваронро ба худ касб карда буд. Довуди Пажмон, ки оҳангҳои дилкаши маҳаллии тоҷикони Афғонистонро иҷро мекунад, аз умедҳои аслии ин озмун ба ҳисоб меравад.

Довуди Пажмон дар озмуни имсолаи «Ситораи афғон» дар марҳилаҳои қаблӣ бо сабки ба мардуми Бадахшон хос таронаҳо, аз ҷумла аз ашъори устод Рӯдакӣ ва Мавлонои Балхӣ тақдим карда буд.

Ҳамакнун ин озмун идома дорад ва то ин марҳала Довуди Пажмон аз тарафи доварони баҳои арзанда дарёфт карда ва ба даври баъдӣ роҳхат гирифтааст. Барандаҳои ин озмун аз тариқи орои мардум, ки тариқи паёмак ва ё СМС аз дохил ва хориҷи Афғонистон ирсол мешаванд, муайян карда мешаванд.

Озмуни «Ситораи афғон» бо ибтикори телевизион «Тулӯъ» сар аз соли 2005 баргузор мешавад ва ҳадафи он, кашф ва бозёфти ҷавонони боистеъдод дар Афғонистон мебошад.

СУРУДИ "ОШИҚАМ"-РО ИНҶО БУБИНЕД"
Cуруди фолклории "Ошиқам"

ИҶРОИ ДОВУД ДАР МАРҲИЛАИ 22-ЮМИ ОЗМУНИ "СИТОРАИ АФҒОН"

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG