Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарнигори ТВ "Хатлон" - барандаи ҷоизаи Дави кайҳонӣ


Давлаталӣ Шамсов

Давлаталӣ Шамсов

Давлаталӣ Шамсов, хабарнигори ТВ «Хатлон», дар Дави байналмилалии кайҳонӣ дар шаҳри Королёвои вилояти Маскави Русия мақоми севумро касб кард.

Давлаталӣ Шамсов, хабарнигори Телевизиони «Хатлон», дар дави байналмилалии кайҳонӣ, ки дар шаҳри кайҳоннавардон - Королёвои вилояти Маскави Русия - баргузор шуд, мақоми севумро гирифт.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ беш аз 1600 даванда аз 156 шаҳру вилоятҳои Русия, инчунин кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат доштанд. Давлаталӣ Шамсов ин дафъа дар гурӯҳи давандаҳои синнашон аз 40 то 75-сола миёни 650 нафар севумин шуда ба марра расид.

Давлаталӣ Шамсов рӯзи 21-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ман ин дафъа дар давидан ба масофаи 20 километр ширкат кардам ва ин масофаро дар муддати 1 соату 26 дақиқаю 11 сония тай карда, бо медали биринҷӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз шудам. Инчунин дар конфронси ҳисоботию интихоботии Кумитаи байналмилалии дӯстдорони дав, ки баъди анҷоми ин мусобиқа доир шуд, ному насаби маро ба Китоби фахрии дӯстдорони дав дохил карданд. ”

Давлаталӣ Шамсови 63-сола, узви Созмони хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон, танҳо варзишгарест, ки чанд соли ахир Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ намояндагӣ мекунад ва ҳамеша бо ҷоиза сарфароз мешавад.

XS
SM
MD
LG