Пайвандҳои дастрасӣ

​Созмони "Лона", ки 5 сол қабл аз сӯи Озода Раҳмон - муовини аввали вазири умури хориҷӣ таъсис ёфта буд, рӯзи 25 апрел бо баргузории консерти хайрия ба кӯдакони мубталои саратон кумак хоҳад кард.

"Туӣ модар ба ҷону дил қаринам,

Азизи аввалину охиринам.

Дилам равшан шавад аз нури рӯят,

Гаҳе, ки рӯ ба рӯят менишинам."

Муаллифи ин мисраъҳо даҳ сол дорад, аммо дарде, ки солҳо боз ӯро азият медиҳад, ботинан ба як марди бузургсол табдил додааст. Абдумубин рӯи кати беморӣ рӯзи худро беҳуда пушти сар намекунад. Ҳангоми сӯҳбат бо мо дар шӯъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ бо як дам чанд шеъри худро дар васфи ватан, модар ва мактабу омӯзгоронаш, ки чандест, аз онҳо дур аст, қироат кард.

Пизишкон вуҷуди як навъи бемории саратонро дар бадани Абдумубин ҳанӯз соли 2012 муайян кардаанд, аммо волидонаш ба ин ташхис бовар намекунанд ва танҳо пас аз 3 сол, баъди шадид шудани беморӣ, ба табобат шурӯъ мекунанд. Ҳоло Абдумубин худро беҳтар эҳсос мекунад.

Омодагӣ барои кумак ба кӯдакони мубталои саратон

Омодагӣ барои кумак ба кӯдакони мубталои саратон

Ҳангоми сӯҳбат бо мо ҳам чеҳрааш пур аз табассум буд ва барои ширкат дар филме, ки аз ҳаёти ӯ ва ҳамтақдирони дигараш қисса мекунад, омодагӣ мегирифт.

Ин филм барои консерти хайриявие таҳия мешавад, ки ба хотири кумак ва табобати кӯдакони гирифтори бемории саратон рӯзи 25 апрел баргузор хоҳад шуд. Ҷӯрахон Бобохонов, раҳбари бунёди хайриявии “Лона” мегӯяд, бо ташкили ин консерт, онҳо мехоҳанд, таваҷҷӯҳи ҷомеа ва хайрхоҳонро ба зиндагии беморони хурдсоли саратон ҷалб кунанд.

“Аз рӯйи маълумоти мо сол то сол теъдоди кӯдакони мубталои саратон зиёд мешавад. 5 сол пеш вақте мо ба фаъолият шурӯъ кардем, дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ, ҳамагӣ 30-35 кӯдаки мубтало ба саратон ба қайд гирифта шуда буд, аммо дар соли 2014 теъдоди онҳо ба беш аз 700 нафар расид. Бо ташкили чунин як маҳфил мо хостем, аз волидон, аз ҷомеа даъват кунем, ки нисбати наздикони худ нисбати ҳамдигар меҳрубону ғамхор бошанд ва нисбати

Ҷӯрахон Бобохонов

Ҷӯрахон Бобохонов

сиҳатии фарзандону наздикони худ ботаваҷҷӯҳ бошаду сари вақт ба духтурон муроҷиат кунанд,”-афзуд ӯ.

Бунёди хайриявии “Лона” 5 соли қабл аз ҷониби Озода Раҳмон, муовини аввали вазири умури хориҷӣ ва духтари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои кумак ва табобати гирифторони хурдсоли саратон ва сӯхтагӣ таъсис ёфтааст. Ба гуфтаи кормандони бунёд, Озода Раҳмон дар пайи як боздид аз маркази кӯдакони бемориҳои саратон ва дидани шароиту ҳоли онҳо дар фикри таъсиси ин бунёд шуда, раҳбарии ин бунёдро ҳам бо пешниҳоди муассис, Ҷурахон Бобохонов - собиқ корманди вазорати умури хориҷӣ ба дӯш гирифтааст.

Ҷаноби Бобохонов мегӯяд, бунёди мазкур то ин дам барои табобат ба беш аз 1000 кӯдаки бемор доруву давоҳои бепул кумак кардааст. Ба гуфаи вай, дар баробари кумакҳои молии муассис, ширкатҳои хурду бузурги дигар ҳам бо онҳо дар ин самт ҳамкорӣ мекунанд: "Албатта, дар солҳои аввали фаъолият ҷалби афроду ширкатҳо барои кумак ба ин беморон мушкил буд, чун чандон бовар намекарданд ба чунин бунёдҳо, аммо хушбахтона дар ин солҳои ахир сафи мардуми

саховатманд ва боварӣ ба мо зиёд шуд, ва тавонистем бо бисёриҳо ҳамкориро ба роҳ монем."

Бархе волидайни кӯдакони гирифтори бемории саратон мегӯянд, ба танҳоӣ бинобар гарон будани арзиши доруворӣ наметавонанд, фарзандони худро табобат кунанд. Маҳбуба Шарипова, модари Шукронаи 8-сола, ки дар шӯъбаи кӯдаконаи маркази ҷумҳуриявии саратоншиносӣ табобат мегирад, мегӯяд, дорӯҳои кимиёвие, ки барои Шукрона муҳиманд, гаронарзишанд ва онҳо дар воқеъ ба доруҳои ройгон, ки умри гирифторони хурдсоли саратонро тӯлонитар мекунад, ниёз доранд.

“Дар як моҳ мо қариб 3000- 3500 сомонӣ сарф мекунем, мо ба кӯмаки ин доруҳо ниёз дорем, махсусан дар оилаи мо ба ғайр аз шавҳарам дигар касе кор намекунад ва ҳоло шавҳарам ҳам бемор аст,”-гуфт мусоҳиби мо.

Зумрат Мадаминова -- пизишки шӯъбаи кӯдакони Маркази ҷумҳуриявии саратоншиносӣ мегӯяд, дар ин шуъба мисли Шукрона кӯдакони аз 8-моҳа то 18-сола табобат мегиранд. Зумрат ҳам аз афзоиш гирифторони хурдсоли саратон ва сари вақт муроҷиат накардани волидон нигаронӣ мекунад.

Ба қавли Зумрат, аксаран волидон замоне ба пизишкон муроҷиат мекунанд, ки шонси табобати фарзандонашон дигар кам мондааст: “Агар

ҳар падару модар ҳангоми либоспӯшонӣ, ҳангоми шустушӯи кӯдак ба бадани фарзанди худ бодиққат таваҷҷӯҳ кунад, ҳар ҷое, ки варам пайдо шуд, бояд ба духтур муроҷиат кунанд ва аз пайи табобат шавад. 90 дарсади ин беморӣ табобат мешавад.”

Як ҳадаф аз ташкили консерти хайриявии дар баробари кумак ба гирифторони ин беморӣ, инчунин аз ҷониби бунёди “Лона” ҳам ба гуфтаи муассисонаш, ҷалби таваҷҷӯҳи волидон ба саломатии фарзандони худ аст.

Орзуи ягонаи волидайни кӯдакони гирифтори саратон шифо ёфтани фарзандонашон аст. Кӯдакони бемор низ ҳар яке ба шеваи худ орзу доранд, ки мешавад, онро бо идомаи шеъри Абумубин, наврасе, ки аз бемории худ огоҳ аст ва дар васфи модараш навиштааст, хулоса кард:

"Ҳама дардам шавад аз нав фаромӯш,

Ҳар он гаҳ, ки бибӯсӣ аз ҷабинам

Худо бахшад ба дарди ман давое,

Гули рӯйи туро бишкуфта бинам."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG