Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари калонии Путин бо номи Мария Воронтсова зиндагӣ мекунад


Ӯ хатмкардаи факултаи тибби бунёдии Донишгоҳи давлатии Маскав буда, аз рӯи ихтисоси эндокринолог кор мекунад.

Духтари калонии Владимир Путин – Мария солҳои 2006-2011 дар факултаи тибби бунёдии Донишгоҳи давлатии Маскав таҳсил карда, рисолаи номзадиро аз рӯи ихтисоси эндокринология ҳимоя кардааст ва ҳоло бо таҳқиқоти масоили диабет ё бемории қанд машғул аст. Ӯ ҳамсари як шаҳрванди Ҳолланд бо номи Фаассен буда ва ба ин қарибӣ соҳиби духтарча шудааст, менависад нашрияи The New Times.

Ба иттилои нашрия, ӯ як муддат дар Маскав дар хонае воқеъ дар кӯчаи Новинский булвар дар ҳамсоягӣ бо сафорати Амрико зиндагӣ кардааст. Чор сол пеш гирди ин хонаро ходимони ниҳодҳои қудратӣ муҳосира карда, сокинони маҳаллиро танҳо бо иҷозатнома ба дохил роҳ медоданд. Сабабаш - сокини ҷавони ин хона, як духтари малламӯи "Ҷип"-савор будааст, ки дар иҳотаи муҳофизон ҳаракат мекунад. Ҳама ба ӯ боэҳтиром "Мария Владимировна" гуфта муроҷиат мекунанд ва баъзе ҳамсояҳо сӯҳбатҳои телефонии франсузии ӯро шунида, фикр кардаанд, ки ин зан фаронсавиасл аст.

Зимнан, дар ин манзил духтари Путин бо номи Воронсова зиндагӣ ва таҳсил мекард. Аз рӯи баъзе маълумот, ин зан пеш аз истифодаи номи Воронсова бо ҳуҷҷатҳои мухталиф аз чор фамилияи дигар ҳам истифода кардааст.

Маълум шудааст, ки баъди ҳимояи рисолаи илмиаш, Мария Путин ба маркази эндокринологии Маскав ба бахши аспирантура дохил шудааст. Раҳбари илмии Воронсова академик Иван Дедов буд, ки имрӯз ҳам дар ин марказ раҳбар мемонад. Вале баъд аз шурӯи таҳқиқоти илмии духтари Путин, писари Дедов – Дмитрий Дедов дар Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар ба намояндагӣ аз Русия додрас таъин шуд.

Худи Дедов президенти Академияи тиббии Русия таъин шуд ва ҳамон давра бо амри вазири вақти беҳдошти Русия Татяна Голикова, сохтмони Пажӯҳишгоҳи эндокринологияи кӯдакон дар назди маркази эндокринологӣ анҷом ёфт. Барои сохтмони ин пажӯҳишгоҳ 6,6 миллиард рубл сарф шудааст. Ҳамкории марказе, ки дар он духтари Путин кор мекунад, бо ширкати дорусозии Sanofi хеле тақвият ёфтааст ва ин ширкат дар миёни харидорони умдаи маводи дорувор барои касалхонаҳои Русия ҷойи аввалро ишғол мекунад.

Дар миёни саҳмдорони Sanofi - L'Oreal ва инчунин ширкати нафтии Total (9,6%) ном бурда мешаванд. Духтари калонии Путин ҳамсари соҳибкори ҳолландӣ Йоррит Йоост Фаассен буда, Мария фамилияи ӯро ба худ гирифтааст. Фаассен соли 2004 донишгоҳи Ҳолландро хатм карда дар соҳаи сохтмон рисолаи дипломӣ ҳимоя кардааст. Ӯ ба Маскав соли 2006 бо ҳадафи кор дар ширкати ОАО "Газпром" сафар кардааст. Вале корро дар ин ширкат ин мард соли 2007 дар мақоми раҳбари бахши рушди тиҷорат ба кор шурӯъ кард. Ҷои охирини кори ӯ – ширкати "МЭФ Аудит" мебошад. Ним сол пеш исми Фаассен аз сайт нопадид шуд ва ҳамон вақт Мария Путин ҳам манзилашро дар Новинский булвар тарк кардааст.

Феълан маълум аст, ки ӯ соҳиби як духтарча шуда, вале маҳалли зисти имрӯзааш маълум нест. Аз рӯи наворҳои видеоие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта шудаанд, духтари Путин инчунин номзади илмҳои тиббӣ шуда, дар клуби донишҷӯёни МГУ дарс медиҳад. Ба ҳангоми дарсҳо аксу наворбардорӣ манъ аст. Ҳамчунин маълум шудааст, ки ёру дӯстони ӯ машғулият ва миллатҳои мухталиф доранд. Бо вуҷуди таблиғоти зиддиғарбӣ, ӯ бештар аврупоигаро будааст.

Дар гузашта дар матбуот ҳуввияти духтари хурдии Путин ошкор шуда буд, ки бо номи Катерина Тихонова зиндагӣ мекунад. Ҳамчунин ҳафтаи гузашта маълум шуд, ки ҳамсари собиқи Путин – Людмила издивоҷ карда фамилияашро ба Очеретная табдил кардааст.

Вале худи президенти Русия ҳеч гоҳ эътироф накардааст, ки Воронтсова ё Тихонова духтарони ӯ мебошанд. Вай як дафъа гуфта буд, ки духтаронаш на дар хориҷа, балки дар дохили Русия таҳсил ва зиндагӣ мекунанд. Ӯ гуфт, ки бо духтаронаш ифтихор дорад, чунки кори ҷиддӣ мекунанд, вале ҳеч гоҳ ба сиёсат ё тиҷорат даст назадаанд.

XS
SM
MD
LG